17-уми моҳи мубораки Рамазон: Ҷанги Бадр

92

Дар рӯзи 17 Рамазони соли дуввуми ҳиҷрӣ ҷанги Бадр иттифоқ афтод. Дар ин ҷанг теъдоди мусулмонон 313 нафар ва мушрикин 920 нафар буданд.[1]

Корвони Қурайш ки ҳамаи занон ва мардони Қурайш дар он саҳм доштанд бо сарпарастии Абусуфиён ба шом рафта буд. Расули Худо(с) аз рафтани ин корвон хабар дошт ва мехост дар бозгашт сари роҳи онро бигирад аз инрӯ вақте хабари наздик шудани корвонро барояш оварданд эълми ҳаракат кард. Абусуфиёнҳам, ки эҳсоси хатар карда буд то наздикии чоҳҳои Бадр омад ва вақте аз ҳаракат ва қасди Расули Худо(с) огоҳ шуд Замзам ибни Амари ғаффориро ба Макка фиристод то барои наҷоти Корвон аз Қурайш кумак бигирад. Қурайш баъд аз шунидани хабари Замзам дучори тарс ва ихтилоф шуданд вале Абӯҷаҳл бар ҳамаи онҳо пирӯз шуд. Ва Қурайш маҷбур шуд барои дифоъ аз амволи худ омодаи ҳаракат шаванд, зеро ҳамлаи муслимин бар корвон ду пааём ва зарар барои Қурайш дошт: 1. Инки молеро, ки ҳамаи Қурайш дар он саҳм доштанд мегирифтанд. 2. Инки ҳайбат ва азамати Қуайшро дар миёни қабоил мешикастанд. И лашкар Қурайш бо қариби 950 ҷангҷуи муҷаҳҳаз ба имконоти ҷангӣ кафзанон ва шодикунон ба роҳ афтод. Абӯҷаҳл бо хиёли пирӯзии комилл ва ғурур мегуфт: оё Муҳаммад гумон мекунад ончи дар Нахла аз корвони мо бурда инбор ҳам хоҳад бурд.

Расули Худо(с) ҳам вақте фаҳмид корвон наздик шудааст дар 12 моҳи Рамазон аз Мадина берун омад ва дар маҳалаи суқё ба сомондеҳии лашкар пардохт ва касонеро, ки синашон муносиби ҷанг набуд ба Мадина баргардонд. Сипоҳи Ислом бо камтарини имконот ҳаракат кард. Ба тавре, ки ҳар се нафар бар як шутур савор буданд ва ҳатто худи Расули Худо(с), Ҳазрати Алӣ ва зайдибни Ҳориса дар як шутур савор будан ва фақат ду асп доштанд, ки якеро Миқдод ва дигареро Марсад ибни Марсади ғанавӣ савор буданд.

Дар 14 моҳи Рамазон Расули Худо(с) ба мантақаи Аррақуззабия расид, ки фақат 1 километр бо истироҳатгоҳи корвони Қурайш фосила дошт. Абусуфиён, ки эҳсоси хатар мекард аз ҳузури мусалмонон бохабар шуд ба хотири ин зуд корвонро аз мантақаи Бадр ба суи соҳили дарё бурд ва аз мусалмонон дур шуд ва корвонро аз чанги мусалмонон раҳонид. Ба Қурайш паём дод ки корвон наҷот ёфтааст ва дигар ниёзе ба ҷанг нест аз инрӯ баргардед. Абӯҷаҳл, ҳозир нашуд баргардад. Ва саъй кард, ки лашкари қурайшро водор ба идомаи ҳаракат куанд ва исрор мекард, ки лашкари Қурайш ба мантақаи Бадр биравад зеро дар замони ҷоҳилият Арабҳо дар он ҷо ҷамъ мешуданд ва бозоре дар он барпо мекарданд. Абӯҷаҳл гуфт дар Бадр меистем ва шутур мекушем ва ба дигарон ғизо медиҳем ва шароб менушем. Онвақт ҳамаи араб аз мо метарсанд. Бо вуҷуди исрори ӯ бархе баргаштанд.

Расули Худо(с) рӯзаашро ифтор кард аммо иддае қабул накарданд то онки мунодии он ҳазрат фарёд зад: эй гунаҳкорон! ифтор кунед, зеро пеш аз ин ҳам аз онон хоста шуда буд, ки ифтор кунанд вале накарданд.

Сипоҳи Ислом дар ҳоле, ки ба суи Бадр ҳаракат мекард хабардор шуд, ки Қурайш ба суи Бадр дар ҳоли ҳаракат аст. Ин ахбор вазъиятро дигаргун кард зеро мусалмонон худро барои ҳамла ба корвон омода карда буданд инак бояд бо лашкаре, ки теъдоди он се баробари худашон ва муҷаҳҳаз бо тамоми имконот буданд биҷанганд. Аз инру Расули Худо(с) аз асҳоби худ пурсид: оё барои ин мубориза ҳозиранд ё на? Миқдод ибни Амр бархост ва гуфт: барои анҷоми фармони илоҳӣ ҳаракат бикун мо ҳамроҳи ту ҳастем ва монанди Бани Исроил ба ту намегӯем, ки ту ва худоят биравед биҷангед мо ҳаминҷо менишинем балки мегӯем ту ва Худоят биравед ҷанг кунед мо низ шуморо ҳамроҳи хоҳем кард.

Расули Худо(с) боз аз асҳоб изҳори назар хост ва дар воқеъ мехост Ансорро бифаҳмонад зеро онон дар Ақабаи дуввум аҳд ва паймон баста буданд ки танҳо дар хонаи хеш ӯро ёрӣ ва ҳимоят мекунанд.

Саъдибни Маоз ин матлабро фаҳмид ва гуфт: гӯё мақсудат мо ҳастем. Ман аз суи Ансор посух медиҳам гуё ту ба фармони худованд аз хонаат берун омадӣ мо ба ту имон овардем ва тасдиқат кардем ва шаҳодат додем ки оёти Қуръон дуруст аст бо ту паймон бастаем, ки аз ту итоат кунем ва фармони туро гуш кенем. Эй Расули Худо(с)! Ҳаракат кун агар миёни дарё бугзарӣ ва дар он фуру равӣ мо ҳам ҳамроҳи ту ҳастем ва ҳимояти ҷонӣ ва молии худро эълом кард ва гуфт: касоне ки дар Мадина монданд фикр намекарданд  ки ҷанге рух диҳад ва гарна дар он ширкат мекарданд. Баъд аз ин суханон Расули Худо(с) дастури ҳаракат дод ва фармуд: Худованд ваъдаи нусрат бар яке аз ин ду гуруҳ кофирон ё лашкари Қурайшро ба вай додааст. Расули Худо(с) шаби ҷумъа 17 моҳи Рамазон ба мантақаи Бадр расид бо вуҷуди инки фосилаи миёни лашкари Қурайш ва сипоҳи Ислом чанд тепае беш набуд аз ҳузури ҳамдигар ба ин наздикӣ хабар надоштанд. Ҳазратӣ Алӣ(к) ва Зубайр ва Саъдибни аби ваққос барои таҳияи об ба наздикии чоҳ рафтанд ва ду сақои Қурайширо асир карданд ва як нафари дигарашон гурехт ва лашкари мушрикини Қурайшро аз ҳузури сипоҳи Ислом бо хабар кард. Расули Худо(с) аз он ду сақо иттилооте дарёфт карданд. Сипоҳи Ислом наздики чоҳ таваққуф кард ва бано ба гуфтаи Ҳазрати Алӣ(к) ҳамаи мусалмонон ба хоб рафтанд ғайр аз расули Худо(с) ки то субҳ зери дарахте ба намоз машғул буд.

Бо таҳрик ва исрор Абуҷаҳл лашкари Қурайш омодаи мубориза шуд. Аввалин ҳамларо Омири Ҳазрамӣ бар зидди муслимин шуруъ кард ва Маҳҷаъро ба шаҳодат расонд. Ҳарду лашкар рӯдар рӯӣ ҳам қарор гирифтанд ва омодаи набард шуданд. Аз лашкари Қурайш Шайбатибни Рабиа ва Утбатибни Рабиа ва фарзандаш Валидибни Утба ба майдон омаданд ва мубориз хостанд. Се нафар аз асҳоб ба майдон рафтанд вале се мушрики Қурайш гуфтанд: ҳамтоёни мо биёянд. Ин дафъа аз бани Ҳошим Ҳамзатибни Абдулмутталиб ва Алиибни Абитолиб(к) ва  Убайдатибни Ҳорис ба майдон рафтанд. Ҳазрари Ҳамза ва Алӣ(к) Утба ва Валидро куштанд Шайба бо зарбае пои Убайдаро ҷудо кард онгоҳ ҳазрати Ҳамза ва Алӣ(А) ба ӯ кумак карданд то Шайба ҳам кушта шуд ин ҳодиса зарбаи сахте ба Қурайш зад вале Абӯҷаҳл барои дилдории лашкар Қурайш гуфт: набоят аз кушташудани онҳо битарсем зеро онон дар ҷанг саросема шуданд ва шиор доданд, ки ҳамоно бути Уззо барои мост ва барои шумо Уззо нест.

Мусулмонон дар  ҷавоб гуфтанд: Худо мавлои мост ва шумо ҳеҷ мавлое надоред. Ҷанги  умумӣ шурӯъ  шуд. Дар ин ҷанг илова бар руҳияи он ва истиқомат ва таваккули мусулмонон ҳазорон малоика, ки кумакҳои ғайбии Худованд буданд ба ёрии муслимин расиданд.

Ҷанг дар ним рӯз бо кушташудани Абӯҷаҳл ва сарони ширк ки маҷмуан ҳафтод нафар ва асиршудани ҳафтод нафар ба поён расид ва бақияи лашкари Қурайш ба Макка гурехтанд дар ҳоле, ки чордаҳ нафар аз муслимин ба шаҳодат расиданд. Ин  ҷанг бо пирузии мусалмонон поён ёфт ва дар рузи 22 Рамазон Расули Худо(с) ҳамроҳи сипоҳи Ислом ба Мадина баргаштанд.

Дар ин ҷанг муслимин ғанимати зиёде ба даст оварданд, ки Расули Худо(с) онҳоро дар байни мусалмонон тақсим намуд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.