15-уми моҳи мубораки Рамазон: Вилодати Имом Ҳасан(р)

163

Нахустин меваи пайванди мубораки Имом Алӣ(к) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) духтари гиромии Расули Худо(с) Имом Ҳасан(а) дар 15 Рамазони соли севвуми ҳ.қ. дар шаҳри Мадинаи Мунаввара дида ба ҷаҳон гушуд. Машҳӯртарин кунияи эшон Абумуҳаммад ва лақабҳои эшон Муҷтабо ва Сибтиакбар аст.

Ҳангоме ки баъд аз таваллуд ӯро ба назди Паёмбари Акрам(с) оварданд, Расули Худо(с) дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш иқома гуфтанд ва ба илҳомоти ғайбӣ номи ӯро Ҳасан  гузоштанд, ки дар он рӯз дар миёни Араб маъруф набуд.

Имом Ҳасан(а) аз ҳамаи ҷиҳат ҳасан аст ва гӯӣ ҳусну ҷамол ва камол дар ӯ комил шудааст, зеро ҷадде чун Расули Худо(с) ва афзали анбиё, ҷаддае чун Хадичаи Ғарро, падаре чун Алии Муртазо афзали авсиё, модаре чун Фотимаи Заҳро сарвари занони ду олам, бародаре чун Ҳусайн мисбоҳи ҳудо ва сафинаи наҷот, хоҳаре чун Зайнаби Кубро, аламдори Карбало ва паёмовари Ошӯро дорад.

Вай аз тарафи Расули Худо(с) ба унвони сарвари ҷавонони биҳишт, имоми воҷибулитоат (чӣ дар ҳоли қиём ва чӣ дар ҳоли қууд) ва касе ки ризояташ боиси ризояти Паёмбар(с) аст, муаррифӣ шудааст.

Ҳамчунин аз касонест, ки ояти Татҳир, Мубоҳила, Вилоят ҳадиси Кисо, ҳадиси Сақалайн, итрати Паёмбар(с), ва… дар ҳаққашон нозил шудааст ва ё Паёмбар(с) баён фармудаанд. Фазоили ҳазрат чунон зиёд аст, ки дар ин мухтасар маҷоли овардани он нест.

Ин имоми ҳумом ҳангоми реҳлати Паёмбар(с) фақат 7 сол дошт.

Мудати 30 соли умри худро дар канори падар гузаронд. Дар ин даврон дар канори падар ва ёру ёвари ӯ буд. (Махсусан дар даврони хилофати падараш, ки нооромиҳо ва ҷангҳои Ҷамал, Сиффайн, ва Наҳравон пеш омад Имом Ҳасан(а), ки фарзанди диловар буд парчамдор ва қаҳрамоне дар рикоби падар буд.

Пас аз шаҳодати падараш Алӣ(к) он ҳазрат бар болои минбар рафт ва хутбае хонд ва дар он аз масъала интиқоли хилофат ва имомат аз падараш ба худаш сухан гуфт ва коргузорони хешро барои идораи умури хилофат муаррифӣ кард.

Ва саранҷом он ҳазрат имом Ҳасан(а) дар соли 50 ҳ.қ. дар сини 47 солагӣ аз тарафи ҳамсараш, ки фиреби ваъдаи мунофиқонро хурда буд масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Ҷасади ӯро тибқи васияташ мехостанд ба даври қабри ҷаддаш Расули Худо(с) тавоф диҳанд аммо иддае аз ин кор ҷулугирӣ карданд ва нагузоштанд ва мувофиқи фармоиши он ҳазрат ба бародараш Имом Ҳусайн(а) намуда буд, ки мабодо дар ҳангоми дафни ман даргирӣ рух диҳад он ҳазрат дар канори модар бузургаш Фотима бинти Асад дар қабристони Бақеъ ба хок супурдашуд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.