13-уми моҳи мубораки Рамазон: Нузули Инҷил

88

Мутобиқ бо гуфтаи Қуръон[1] ва ривоёт Инҷил номи китоби Ҳазрати Исо(а) аст, ки дар шаби 13 моҳи мубораки Рамадзон бар ҳазрати Исо(а) нозил шаудааст.[2] Имрӯза он Инҷиле, ки барои ҳазрати Исо(а) нозил шудабуд дар дастрас. Чун инҷили он Ҳазрат ба воситаи масеҳиён таҳриф(дигаргун) гардида, ва дар натиҷа ба 17 адад расидааст, муҳимтарини онҳоро ном мебарем: Инҷили Матто, Инҷили Марқус, Инҷили Луқо ва Инҷили Юҳанно.[3]

Инҷили Матто

Ин инҷил шаҷараномаи, таваллуди муъҷизаомез ва даврони кудакии ҳазрати Исо(а), даъват ва насиҳатҳо ва суханони ӯ, сафараш ба Урушалим ва таолими Исо(а)-ро дар чанд бахш овардааст.[4] Бар асоси ривояти суннатии масеҳияти ин китоб тавассути яке аз даваздаҳ ҳавории Исо(а) навишташудааст.

Инҷили Матто Исои Масеҳро дар мақоми муъаллими бузург овардааст, чаро ки ӯ бо иқтидор, шариатро тафсир мекунад ва дар бораи подшоҳии Худо таълим медиҳад.

Инҷили Марқус

Аз назари ҳаҷм кутоҳтарин инҷил аст. Сабабаш ин аст ки таолими Масеҳро камтар аз дигар инҷилҳо нақл кардаас. Таваҷҷуҳи Марқус бештар ба корҳо ва муъҷиза ҳои Исо(а) будааст. Марқус бо овардани муъҷизаҳо Исои масеҳро писари Худо муаррифӣ кардааст.

Инҷили Луқо

Танҳо инҷиле аст, ки мухотаби муаян дорад, яъне (олиҷаноб Тиофилус). Бештари муҳаққиқон бар ин боваранд Тиофилус яке аз мақомоти баландпояи Румӣ будааст. Мақсади Луқо аз навиштани ин китоб ин буд, ки Тиофилус ва иҳтимолан соири дустони имондораш, дар таолиме, ки пештар ёфтабуданд, устувор гарданд.

Инҷили Юҳанно

Ин иҷил аз назари сохтор ва муҳтаво бо се инҷили (Матто, Марқус, ва Луқо) фарқ дорад. Дар ин инҷил ба руйдодҳо ва таолиме аз зиндагии Исо(а) ишора шудааст, ки дар се инҷили дигар наёмадааст.

Юҳанно мақсади худро аз навиштани ин китоб чунин баён кардааст: «Аммо инҳо навишта шуд то имон оваред, ки Исо ҳамон Масеҳ писари Худо аст, ва то бо ин имон, дар номи ӯ ҳаёт дошта бошед». Дар ин инҷил бар худо будани Ҳазрати Исо(а) таъкид шудааст. Инчунин дар ин инҷил муъҷизаҳои Исо(а) бён гардидаанд.

Инҷили Барнобо

Барнобо кист?

Дар китобҳои муқаддас омадааст: номи ӯ Барнобо, Жузуф бин Лавӣ бин Иброҳим аст. Вай киштзорашро фурухта онро харҷи шогирдони Масеҳ кард. Барнобо барои таблиғи Масеҳият бисёр кушиш кард. Торихнависон мегуянд, ӯ дар соли 61 милодӣ дар Қибрис даргузашт. Бутпарастон ӯро сангсор карданд ва писари хоҳараш Марқус инҷили ӯро ба хок супурд.

Инҷили Барнобо то соли 325  милодӣ, дар калисоҳои Искандария хонда мешуд.

Поп дар соли 383 милодӣ, нусхаҳое аз инҷили Барноборо дар китобхонаи шахсии хеш гузошт, ки қарнҳо онҷо монд. Дар поёни қарни 16 Фаромино роҳиби Италияӣ ба нусхаи он дар Ватикан дастёфт ва онро пинҳон карда дар натиҷа мусалмон шуд ва дигар номе аз ин нусха бурда нашуд.

Нусхаҳое аз он дар даст аст, ки дар соли 1709 милодӣ кашф гардид ки дар соли 1338 милодӣ, ин нусха ба Виян мунтақил шуд. Ин нусха дар 225 сафҳа, дар ду ҷилд ва ба забонҳои Итолиёӣ навиша шудааст ва як қарн пеш ба Арабӣ, сипас ба забони Форсӣ тарҷума шуд.

Аз онҷо, ки аксари матолиби ин инҷилҳо ба дасти башар навишта шудааст байни онҳо ихтилофҳои фаровоне дар бораи Корҳои Ҳазрати Исо(а), замони вилодат ва рисолати он Ҳазрат вуҷуд дорад.

Фарқи байни инҷили Барнобо ва дигар инҷилҳо

  1. Улуҳияти Исо(а) ва писари Худо будани ӯ инкор шудааст.
  2. Иброҳими Халил, Исмоилро ба қасди қурбонӣ ба қурбонгоҳ бурд, на Исҳоқро.
  3. Масеҳи мавъуд, яшуъ ё Исо нест, балки, Муҳаммад(с) аст.
  4. Исо(а) кушта нашуд, балки Яҳудои Исхрютӣ кушта шуд.

Дар инҷили Барнобо, борҳо ба омадани Паёмбари Ислом(с) ишора шуда ваа борҳо дар бораи иттифоқоти оянда, чун зуҳури мунҷии олами башарият ҳазрати Маҳдӣ(ъ) сухан гуфташудааст. Ин инҷил бо инки пеш аз зуҳури Паёмбари Акрам(с) навишта шудааст, аммо дар бахшҳои мухталиф аз забони ҳазрати Исо(а) ба омадани Паёмбари Ислом(с) ваъда дода шудааст.

Дар фасли 43 он омадааст: «Бароятон мегуям ки Паёмбарони дигар, нишонаи раҳмати Худо танҳо барои як миллат будаанд ва аз ҳамин назар паёмашон барои мардуме буд, ки ба суи онҳо фиристода шуда буданд, аммо вақте Расулуллоҳ меояд, Худованд барои миллатҳое, ки ақоиди ӯро мепазиранд, раҳӣ ва раҳматро ба армағон меоварад. Ӯ барои муқобила бо ситамгарон ба қудрат амал мекунад ва парастиши бутҳоро аз миён бармедорад то шайтонро нафрин кунад».

Дар фасли 41, ҳикояти баромадани Ҳазрати Одам аз Ҷаннат ҷунин баён шудааст: «Худованд худро аз назар пинҳон дошт ва фариштаи Микоил онҳоро аз биҳишт берун ронд. Ҳангоме, ки Одам бар мегашт, мутаваҷҷеҳ шуд болои дарвозаи Биҳишт навишта шудааст: Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадун расулуллоҳ.»[5]

Мутолиаи ин баъзе аз инҷилҳо ва Инҷили Барнобо дар соли 366 милодӣ аз тарафи поп Демосус ва дар соли 383 аз тарафи  Калисои ғарб ва дар соли 465 аз тарафи Энуснет ва дар соли 492 аз тарафи поп Гилосиюс манъ ва ҳаром шуд.

[1] . Оли Имрон, ояти 3

[2] Ассунанул кубро, ҷ9, Ҳадиси18649, Тафсири табарӣ, ҷ2, саҳ145.

[3] . www.logatnaameh.com.

[4] . fa.wikipedia.orj.

[5] . htt://www.intizarmag.ir/bernaba.pdf

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.