Ташвиқу танбеҳ дар таълиму тарбият

134

Равиши ташвиқ ва танбеҳ, роҳи муносиб дар барангехтани инсон ба сӯи хайру салоҳ ва боздоштани одамӣ аз шарру фасод аст.  Ва чунон чи ин равиш ба дурустӣ ва бар асоси одоби он ба кор гирифта шавад, нақши муассир ва муфид дар тарбияту созандагии шахсияти инсон дорад.
Ташвиқ
Ҳамаи инсонҳо ҳатто бузургсолон то охири умр ниёз  ба ташвиқ доранд. Ташвиқ, сабаби рағбату дилгармӣ ва нишоту ҳаракат мешавад ва инсонро ба ҷиддият водор мекунад. Инсоне, ки мавриди ташвиқ қарор мегирад, эҳсоси оромиш, ризояти хотир ва эътимод ба нафс мекунад, чун инсон фитратан толиби камоли мутлақ ва инзиҷор(дурӣ) аз нақс аст, ки  майл ба камолоту некӣ ва ташвиқу қадрдонӣ дорад. Ва агар нисбат  ба талоши  ӯ дар ба дастовардани камолот  беэътиноӣ шавад сабаби кам шудани ангеза ва дилсардиаш мегардад. Ҳазрати Алӣ(а) дар ин бора ба Молики Аштар чунин сафориш мекунад:
وَ واصِل فِی حُسنِ الثَّناءِ عَلیهِم وَ تَعدیدِ ما أبلَی ذَوُو البَلاءِ مِنهُم. فَانَّ کَثرَة الذِّکرِ الحُسنِ افعالِهِم تهزُّ الشُّجاعَ و تُحرِّضُ النَّاکِلَ ان شاءالله
“Ҳамеша аз онон (кӯдакон) ситоиш кун ва корҳои муҳимме, ки анҷом додаанд бигӯ, зеро ёдоварии корҳои арзишманди онон, шуҷоонро боангеза мекунад ва тарсуҳоро ба талош  ва кӯшиш вомедорад”.

дашвиқи муаллим
Дар ин ҷо лозим аст як нуктаро ёдоварӣ кунам ва он ин ки: гарчӣ ташвиқ, як василаи муассир дар тарбият аст, лекин бехатар ҳам нест. Хатари он дар ин аст, ки ба сурати ришва дарояд ва аъмоли кӯдак ба подош вобаста шавад. Имкон дорад кӯдак пуртаваққӯъ парвариш ёбад ва дар ҳамаҷо интизори подош дошта бошад. Чунин фарде, вақте ки бузург шуд, дар баробари ҳар амале таваққӯи подоши амалӣ ё маънавӣ дошта бошад, ҳатто дар баробари анҷоми вазоифи қонунӣ ё иҷтимоӣ ё  шаръии худ таваққӯи подош хоҳад дошт. Дар сурате, ки ҷомеа чунин шаҳрвандеро дӯст намедорад.
Барои ин ки ташвиқ, безиён ва бехатар бошад ва беҳтар натиҷа бидиҳад риояти нуктаҳои зер зарурист:
1-    Бояд ахлоқ ё рафтори неки кӯдак мавриди ситоиш қарор гирад, на худи ӯ. Бояд кӯдак бифаҳмад, ки кори  ӯ арзиш дорад, на шахси ӯ ва агар ҳам ӯ мавриди ташвиқ қарор гирифтааст ба хотири рафтори хуби  ӯ будааст.
2-    Ташвиқ бояд ба андоза бошад ва ҳаргиз аз ҳад таҷовуз накунад, зеро дар ин сурат сабаби ғурур ва табоҳии шахс мешвад.
3-    Ташвиқ бояд гоҳ-гоҳ ва дар баробари корҳои хеле хуб бошад, на ба сурати доим ва барои ҳар кор, зеро агар чунин шуд арзиш ва таъсири тарбиятии худро аз даст хоҳад дод.
4-    Ташвиқ набояд  худ ба сурати ҳадаф дарояд ва тамоми зеҳну фикри кӯдакро ба худ машғул созад, ки дар ин сурат нақши боздоранда пайдо мекунад, зеро боиси фаромӯш шудани ҳадафи аслӣ аз он кор мешавад.
5-    Вақте кӯдакро таърифу таҳсин мекунем, набояд ӯро бо бачаҳои дигар муқоиса ва интиқод намоем, масалан хуб нест, ки падар ба фарзандаш бигӯяд, офарин бар тӯ, ки хуб дарс мехонӣ ва монанди “Карим” танбал нестӣ, зеро дар ин сурат, кӯдаки дигар таҳқир ва мазаммат шуда ва худи ин амал бадомӯзӣ дорад.

Танбеҳ
Яке аз равишҳое, ки дар тарбият аз он истифода мешавад, танбеҳ аст. Танбеҳ дар луғат ба маънои огоҳӣ додан ва бедор кардан аст. Ва дар истилоҳ, иборат аст аз муҷозоти инсоне, ки кори нописандеро анҷом додааст ба манзури тарк намудан ва пешгирӣ аз такрор мебошад.
Танбеҳ ҳамгом бо ташвиқ аз замонҳои қадим дар байни волидайн ва мураббиёни кӯдакон ва дар байни ҳамаи масъулон ва ниҳодҳои тарбиятӣ маъмул буда ва дар ин замон низ кам ё зиёд маъмул аст. Лекин  равиши мазкур(танбеҳи баданӣ) дар замони охир ба василаи донишмандони  таълиму тарбият ва равоншиносони ҷадид шадидан мавриди нақду манъ қарор гирифтааст. Мо ин мавзӯъро дар зимни чанд унвон мавриди баррасӣ ва тадқиқ қарор медиҳем.

танбиҳ
Анвои  танбеҳ
Танбеҳотро ба ду навъ метавон тақсим кард
1-    Танбеҳоти баданӣ: Танбеҳоти баданӣ иборат аст аз корҳои дардовар ва душвор, ки ба таври мустақим рӯи бадани инсон асар мегузорад, монанди лату куб ва шиканҷаҳои ҷисмонӣ.
2-    Танбеҳоти ғайрибаданӣ: Танбеҳоти ғайрибаданӣ иборат аст аз аъмоле, ки ба унвони муҷозот анҷом мегирад ва сабаби нороҳатӣ мешавад, лекин рӯи бадан асаре намегузорад, монанди сарзаниш кардан, бо ӯ сухан нагуфтан, қаҳр кардан, зиндонӣ кардан, манъ аз обу хӯрок, истодан ва даст боло нигоҳ доштан ва ғ.
Ин ҷо як савол матраҳ мешавад, ки оё танбеҳи баданӣ ё ғайрибаданӣ дар тарбияти фарзандон муфид аст ва метавон аз он барои тарбият истифода кард?
Донишмандон  ва мураббиён ду гурӯҳ ҳастанд, гурӯҳе мувофиқи  танбеҳ ва гурӯҳе мухолифи танбеҳ, махсусан танбеҳи баданӣ ҳастанд.
Назари мувофиқони танбеҳи баданӣ
Ҷамъе аз донишмандони ахлоқ ва таълиму тарбият, равиши танбеҳро дар таълиму тарбияти кӯдакон ва ҷавонон раво ва муфид медонанд ва онро ба унвони як василаи муассир ва зарурӣ муаррифӣ менамоянд.
Хоҷа Насириддини Туссӣ муътақид аст, ки баъзе аз кӯдакон дар ибтидои рушду нумув корҳои зишти зиёде анҷом медиҳанд, мисли дуруғгӯӣ, ҳасудӣ ва ғ. Барои ислоҳи онҳо танбеҳи баданӣ лозим аст, дар айни ин ки танбеҳи баданӣ дардовар аст, андак бошад то он донишомӯз ва дигарон ибрат гиранд.
Аристотолис(Арасту) мегӯяд: Мардум бештар дар банди заруриётанд то истидлол. Ва тарс аз танбеҳ бештар аз ҷозибаи хайр муҳарики онҳо метавонад бошад.
Герберт Маркузи   мегӯяд: Итоат ва фармонбарӣ бо қудрат ҳосил мешавад ва қудрат бояд ба андозаи кофӣ бошад ва мукаррар зоҳир шавад то муваффақияти комилро ба даст оварад.
Тарафдорони танбеҳ  на танҳо иҷрои онро қабул доранд балки дар тавҷеҳи он мегуянд: Тарбият иборат аст аз шикастан ва ром кардани майли бади кӯда ва пирӯзи бар нуфузи ҳарчи бештар ва қавитари он майлҳо мебошад.
Демистерви  дар насиҳат номаи  худ дар мавриди идораи корҳои хона менависад: Писаратонро дар ҷавониаш танбеҳ кунад то дар даврони солхурдагӣ оромишро ба ту  бибахшад ва сабаби оромиши рӯҳат шавад. Дар задани писарат сусти нишон мадеҳ зеро агар ту ӯро бо чуб бизани нахоҳад мурд, балки барои саломатиаш хуб аст, чаро ки ту ҷисмашро мезани ва рӯҳашро аз марг наҷот медиҳи. Ба ӯ лабханд мазан ё бо ӯ бози макун гарчи ба ҳангоме ки ӯ кӯдак аст аз андуҳи ту  хоҳад кост, аммо онгоҳ ки бузург шуд бар андуҳат хоҳад афзуд. Дар ҷавониаш ба ӯ  ҳеч ихтиёр мадеҳ балки ба ҳангоми ки дар ҳоли рушд аст ва бо якрави аз итоати ту сар боз мезанад, дандаҳояшро бишкан.

Нақд

Ин ақида мазкур бо чунин куллият ва шиддат мардуд аст. Зеро  бар хилофи назари инҳо кӯдак дар асл ва зоташ бадкор нест ва нофармон  ва мутамоил ба бади нест то инки мустаҳаққи танбеҳ ва саркуб кардан дошта бошад. Кӯдакон  зотан хубанд ва гоҳе ҳам дида мешавад, ки одоти нописанд дар кӯдакон падид меояд ин ба хотири ин аст, ки ин сифотро ба василаи дигарон касб кардаанд.
Бинобар ин наметавон танбеҳ ва муҷозоти  кӯдакро ба унвони як василаи зарурӣ муарифи намуд, балки дар тарбият ва ислоҳи  кӯдак метавон аз васоили дигаре монанди: муошират бо афроди хуб, баёни зишти корҳои бад, панд ва андарз ва таъриф ва тамҷид аз сифоти  хуби кӯдак, истифода кард.

Зиёнҳои танбеҳҳои баданӣ
Танбеҳи бадани як василаи хатарноки тарбиятӣ аст, ки зарарҳои қобили таваҷҷуҳеро дар бардорад,  ки  бархе аз онҳоро инҷо зикр мекунем.
1.    Кӯдак ба василаи лату куб бо мантиқи ғалати таслим шудан ва дар баробари зур одат мекунад, вақте ҳам, ки бузург шуд дар баробари зургӯён таслим хоҳад шуд.

2. Кӯдак бо мантиқи зургӯӣ ошно мешавад чун ҳамин амалро аз волидайн ва мураббиёни худ мушоҳида мекунад вақте бузург шуд хостаҳои худро бо зур бар дигарон таҳмил менамояд ва агар муқовимат карданд барои саркуб кардани онҳо аз ҳар василаи мумкин истифода мекунад.
3. Кӯдаки кутакхурда нисбат ба танбеҳкунанда уқда ва кина пайдо мекунад, ки бисёр вақт то охари умр боқӣ хоҳад монд. Мумкин аст ҳолат туғён ва тамарруд ба худ гирад, мумкин аст аз хона фирор кунад ё муртакиби корҳои хилоф шавад то ба ин васила аз кутак зананда интиқом гирад.
4. Дар асари кутак шахсияти кӯдак дар ҳам шикаста мешавад ва таодули рӯҳии ӯ бар ҳам мехурад ба асабоният ва бемориҳои равонӣ мубтало мегардад.
5. Кӯдак дар асари лату куб, таҳқир мешавад ва тарсӯ ва буздил мушавад. Ва доим музтариб аст, ки накуна дар асари кори шабеҳи он, дубора махсусан дар назди дигарон танбеҳ шавад.
6. Танбеҳи баданӣ, озодӣ ва истиқлол талабии кӯдакро аз байн мебарад ва худро маҳҷур ва мақҳури бузургтарҳо мебинад.
7. Кӯдак ба василаи лату куб, қудрати тасмимгирифтан нисбат ба вазоифи худро аз даст медиҳад ва вақте ҳам, ки бузург шуд тасмим гирифтан нисбат ба афроде, ки таҳти такаффули он ҳастанд (ҳамсар ва фарзандон) ро надорад, лизо дар зиндагиашон шикаст мехурад.
8. Духтарбачаҳо дар асари лату куб эҳсос мекунанд, ки падар ва модарошон онҳоро дӯст намедоранд, лизо вақте бузург шуданд бо эҳсоси камтарин муҳаббат аз тарафи ғарибаҳо ба онҳо дил мебанданд ва чи басо сабаби ба вуҷуд омадани фасод дар ҷомеа мегарданд. Бинобар ин волидайн ва мураббиён ҳақ надоранд ҳар вақт ки хостанд ва ба ҳар миқдор ва ҳар кайфият, кӯдаконро танбеҳ намоянд ва бояд ба зарарҳои он таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Назари мухолифони танбеҳи баданӣ
Гурӯҳи дигар аз донишмандон бо ҳар гуна танбеҳ мухолиф ҳастанд ва ба волидайн ва мураббиён тавсия мекунанд, ки аз танбеҳи баданӣ ҳатман иҷтиноб намоянд.
Ибни Халдун, донишманди исломӣ, хушунати бемавридро мардуд дониста ва мегӯяд: Агар омӯзгор бо шогирди худ хушунат варзад донишомӯз низ ба хушунат одат мекунад ва нишот ва шодии рӯҳии ӯ аз байн меравад ва ба гушанишини рӯ меоварад ва ба дуруғу ботил паноҳ мебарад. Чаро, ки тарс аз  он дорад, ки агар хилофи ин рафтор кунад дигарон бар ӯ ғалаба мекунанд. Ин чунин аст, ки донишомӯз бо фиреб ва найранг ошно мешавад ва корҳои худро бар ин равиши нодуруст амалӣ мекунад.
Рассел:  Ҳисси гуноҳтаре, ва пушаймони набояд бар ҳаёти кӯдак иҳота кунад. Кӯадакон бояд хушбахт бошанд ва набояд аз шинохти корҳои табии ругардон шаванд.
А. Л. Григорий, яке аз мухолифони сарсахти истифода аз танбеҳ, махсусан танбеҳҳои баданӣ аст. Вай мегӯяд: Набояд муҷозот бошад бисёри кӯдакон дар ҳақиқат аз анҷоми коре, ки ба хотири он лату куб хурдаанд, худдори мекунанд. Аммо лату куб воқеияти амалро аз байн намебарад балки фақат зуҳури айбро аз байн мебарад на худи айбро, лату куб на танҳо фоидае намерасонад, балки зарарҳам мерасонад ва айбро дар ботин нигаҳ медорад. Ва дар идома мегӯяд: Набояд зарарҳое, ки танбеҳҳои бадани рӯи аъсоби кӯдак мегузорад аз ёд бурд. Танбеҳи баданӣ бисёр вақт сабаби бемории асабии шадид мешавад. Вақте танбеҳи баданӣ василаи ром кардани кӯдак мешавад дар тамоми рафтори асоси тарс аз танбеҳ ошкор мешавад ва ин сабаби ба вуҷуд омадани одати нописанд дар кӯдак мешавад. Танбеҳи баданӣ метавонад кӯдакро ба фармон бардорӣ бикашонад, аммо ин чӣ кӯдак хоҳад буд? ва чӣ гуна одаме бор хоҳад омад? Кӯдакони заиф дар натиҷаи танбеҳ, тарсу, буздил ва безиён бор меояд. Аммо кӯдакони қавӣ сангдил ва густох мешаванд ва дар ҳар ду маврид ин танбеҳо дар кӯдак асабоният, дурӯғгӯи ва ҳилагариро афзоиш медиҳад, ва содадилии кӯдакона ва зиндадилии солим ва башшошияти онҳоро аз ҳам мепошад. Бинобар ин аввалин чизе, ки бояд падар ва модар бидонанд ин аст, ки дар танбеҳи баданӣ бисёри муваффақияти зоҳирӣ ба даст меояд ва дар воқеъ шикасти падару модар дар пушти он пинҳон мешавад. Аммо ҳамчунон ки набояд пеши фаолияти кӯдакро гирифт, иҷоза ҳам набояд дод то кори ғайри маҷозро анҷом диҳад. Бояд фаолияти ӯро ба сӯи кори маҷоз ва муфид ҷалб кард.
Жан жак Руссо  мегӯяд: ҳеҷгоҳ шогирди худро танбеҳ накунед, зеро ӯ  намедонад хато кардан чи мафҳуме дорад, бинобар ин на истеҳқоқи муҷозотро дорад ва на сарзаниш. Ӯ мегӯяд: бояд ба ӯ озодӣ дод то истеъдодҳои дарунии худро парвариш диҳад ва барои вуруд дар иҷтимоъ ва пазириши масъулиятҳои сангини зиндагӣ омода гардад.
Нақде бар гуфтори Жан Жак Руссо
Ӯ мегӯяд ҳеҷ гоҳ шогирди худро танбеҳ накунед зеро ӯ намедонад хато кардан чӣ маъное дорад.
Дар нақди сухани ӯ  бояд гуфт,  ки кӯдак бояд ба тадриҷ корҳои хубро аз бад ташхис диҳад ва бидонад, ки баъзе корҳо назди падару модар ва соири мардум бад аст.
Баъзе аз бузургон мегӯянд: Дар тарбияти кӯдак қабл аз ин ки бо одат ва русуми дигар ошно шавад бояд ӯро бо тарбияте, ки ранги илоҳӣ тарбия кард ва нагӯем кӯдак аст ва бояд бози кунад ва ҳар чи хост бигӯяд. Балки бигӯем бозии саҳеҳ бикунад ва ҳарфи хуб ёд бигирад. Агар дастури дин ин аст, ки аввалин сухане, ки дар гуши рости кӯдак азон ва дар гуши чапи ӯ иқомат гуфта мешавад пас воқеан ин ҳарфҳоро мефаҳмад.
Оё тарс омили боздоранда аз туғён аст?
Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар китоби таълиму тарбият мегӯяд: Дар масъалаи омили тарс дар тарбияти фардии кӯдак ва чи дар тарбияти иҷтимоии бузургсол як баҳс ин аст, ки оё тарс метавонад омили рушддиҳанда бошад? Вале як баҳси дигар ин аст, ки оё омили тарс ҷузъи омилҳое аст, ки бояд барои тарбияти кӯдак ё тарбият иҷтимоъ аз он истифода кард ё на? Ҷавоб ин аст, бале вале на барои рушд додан ва парвариши истеъдодҳо, балки барои боздоштани рӯҳи кӯдак ё рӯҳи бузургсол дар иҷтимоъ аз бархе туғёнҳо мебошад. Яъне омили тарс омили фурӯ нишондан аст, омили рушд додан ва парвариш додани истеъдодҳои олӣ нест, вале омили пешгири аз рушди истеъдодҳои пасту поин ва омили боздоранда аз туғёнҳо аст.
Назари  Ислом дар мавриди танбеҳи баданӣ
Ислом ба таълиму тарбият аҳмияти зиёд медиҳад ва барои рушд ва тарбияти саҳеҳ ва матлуб роҳи оқилона ва равиши ҳакимонае тавсия мекунад, ки фақат аз ин  тариқ саодат ва хушбахтии инсон фароҳам меояд. Танбеҳи баданиро барои тарбияти кӯдакон ба унвони як василаи муассир ва зарурӣ муаарифи намекунад, балки ба унвони як василаи дараҷаи дуюм дар шароити хос ва дар ҳангоми зарурурат, мепазирад.
Дар ислом ду навъ танбеҳ вуҷуд дорад 1. Танбеҳи ғайрибаданӣ мисли инзор ва таҳдид 2. Танбеҳи баданӣ мисли задан, буридани узв, қасос, ва ғайра. Аммо навъи аввалро Ислом мепазирад ҳамчунон, ки имом Алӣ(а) онро дар баъзе мавоқеъ лозим донистааст ва дар ҷовоби марде, ки дар мавриди фарзанди худ шикоят мекард фармуд: Фарзандатро назан ва барои адаб карданаш аз ӯ қаҳр кун вале мувозиб бош қаҳрат тул накашад ва ҳар чи зудтар оштӣ кун.
Аммо навъи дуюм дар мавриди тарбияти кӯдак ривоёти зиёде аз Паёмбар(с) ва пешвоёни дин ворид шудааст, ки аз маҷмуи онҳо метавон истифода кард, ки асли танбеҳи кӯдак ба мақсади тарбият ва адаби ӯ ҷоиз аст. Аз ин рӯ аст, ки тақрибан тамоми фақеҳҳо ба ҷавози танбеҳи кӯдак фатво додаанд. Дар ин ҷо чанд ҳадис аз Пайғамбар(с) ва пешвоёни дин нақл мекунем то натиҷае ба даст биёварем.
Аз Пайғамбар(с) нақл шудааст, ки адаби кӯдак се зарба аст зиёда аз он рӯзи қиёмат қасос мешавад.
Ҳазрати Расул(с) фармуданд: Намозро дар ҳафтсолагӣ ба кӯдак ёд диҳед ва дар даҳсолагӣ ӯро ба хотири тарки намоз танбеҳ кунед.
Ҳимод ибни Усмон мегӯяд аз имом Содиқ(а) дар мавриди кӯдак… пурсидам Имом фармуд: Панҷ ё шаш зарб ва то метавонед мудоро кунед.
Бо таваҷҷӯҳ ба ривояти зикршуда комилан равшан аст, ки асли задани кӯдак барои танбеҳ ва тарбияти ӯ ҷоиз аст, аммо таъкиди онҳо бар ин аст, ки то метавонем мудоро кунем.

То чӣ миқдор метавон кӯдакро танбеҳ кард?
Ба ин пурсиш аз ду ҷиҳат бояд посух огуфт 1. Аз ҷиҳати камият(андоза) 2. Аз ҷиҳати кайфият(чигунагӣ). Аммо аз ҷиҳати камият бояд гуфт ривоёт ҷавобҳои мухталиф додаанд. Бархе сето, бархе чаҳорто, бархе панҷ ва бархе дигар шаш торо матраҳ кардаанд, вале дар ҷамъ байни ин ривоёт метавон гуфт барои муаллим задани беш аз сето ҷоиз нест. Аммо барои падар, бобо, ҷадди падари ва шояд модар беш аз шаш то задан ҷоиз нест.
Аммо дар мавриди кайфияти танбеҳи кӯдак он чи аз ривоёт истифода мешавад чанд нукта аст:
Бояд аз задан ба ҷоҳои ҳассоси бадани кӯдак парҳез кард. Расули Акрам(с) дар ривояте фармуд: Аз задан ба сару сурат бипарҳезед
Танбеҳи кӯдак набояд он қадар шадид бошад, ки боиси сурх шудан ё кабуд шудани бадани ӯ шавад, ки дар ин сурат сабаби пардохти дия тавасути танбеҳкунанда мешавад ҳатто агар танбеҳкунанда падар бошад.
Дар чӣ синне метавон кӯдакро танбеҳ кард ?
Он ривоёте, ки танбеҳи кӯдакро ба тарки намоз ҷоиз медонанд ин истифода мешавад, ки вақте кӯдак хубу бадро дарк кунад ва битавонад хубу бадро ҷудо кунад ва ақли худро дар ин замина ба кор гирад, метавон ӯро танбеҳ кард, зеро бархе аз ин ривоёт танбеҳ ва тарки намозро ҷоиз медонанд,  яъне ҳангоме ки кӯдак ба балоғат мерасад .

Чӣ гуна бояд танбеҳ кард?
1.    Танбеҳ бояд тавассути муаллим ва мутаносиб бо мизони хатои кӯдак сурат пазирад.
2.    Фақат муаллим ҳақ дорад танбеҳ кунад ва набояд амалҳои ӯ ба донишомӯзони дигар вогузор шавад, чун боиси ихтилоф  дар байни донишомӯзон мешавад.
3.    Дар ҳангоми хашм ва асабоният бояд аз танбеҳ худдорӣ намуд чун мумкин аст аз ҳади лозим таҷовуз намояд ва кӯдак амали танбеҳро интиқом мепиндорад ва асари тарбиятии худро аз даст хоҳад дод.
4.    Дар ҳангоми танбеҳ кардан бояд аз бадгӯӣ ва суханони ношоиста худдорӣ кард.
5.    Танбеҳ бояд ба хотири амали кӯдак бошад на ба хотири худи ӯ.
6.    Фарде, ки тавони анҷоми кореро надорад набояд ба хотири анҷом надодани он кор танбеҳ кард.
7.    Як донишомӯз пас аз анҷоми хато ва иштибоҳе набояд мавриди танбеҳи музоаф қарор гирад, масалан ба хотири ғайбат ҳам аз тариқи мудир ва ҳам тариқи муаллим танбеҳ шавад.
8.    Бояд сабаби танбеҳро ба кӯдак гуфт то ибрат бигирад ва аз такрори ҷурм, иҷтиноб намояд ва агар амали ҷурм бидуни фосила бошад, беҳтар аст.
9.    Дар сурате метавон кӯдакро танбеҳ кард, ки қабл аз анҷоми ҷурм бидуни он ки аз кайфар доштанаш огоҳ бошад ва дониста ва надониста анҷом дода бошад, бинобар ин агар аз рӯи нодонӣ ва иштибоҳ муртакиби амале шуда бошад танбеҳ каранаш бар хилофи инсоф ва адолат хоҳад буд.
Аҳдофи танбеҳ
Ҳадафи аввал: Боздорӣ аз такрори ҷурм ва ҳимоят аз амнияти иҷтимоӣ ва ҳифзи ҷону молу номуси мардум аз таҷовузҳо. Ислом бо қонун шудании қасос ва ҳудуд аз такрори ҷурму ҳарҷу марҷ пешгирӣ мекунад.
Ҳадафи дуюм: Ибрати дигарон; танбеҳ ва муҷозоти муҷримон василаи ибрат ва ҳушдори дигарон мешавад. Вақте дигарон мушоҳида мекунанд, ки муҷримҳо кайфар мешаванд ҷуръати хилоф кардем пайдо намекунанд ва аз миқдори ҷурм коста хоҳад шуд.
Ҳадафи сеюм: Парвариши тақво; танбеҳи муҷримин илова бар ҷанбаи боздорандагӣ ҷанбаи тарбиятӣ низ дорад тақво ва худнигоҳдориро, ки маншаи ҳамаи фазоил ва макорим аст дар инсон парвариш медиҳад, тарс аз муҷозот ва тамоюлоти ғаризии ғайри маҷози нафсониро кантурол мекунад ва нерӯи сабр худнигаҳдориро парвариш медиҳад ва ба нафс нерӯ медиҳад то дар баробари хостаҳои ғаризии машруъ муқовимат кунад то тадриҷан ба сурати як одат ва малака дарояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.