Интернет ва зиндагии динӣ (қисмати аввал)

204

Бахши аввал

Дар бистари технологияи имрӯз расонаҳо ба андозае тавсиа ёфтанд, ки аз ҳар тараф моро маълумот иҳота кардааст. Агар тавлиди маълумот надошта бошем, на танҳо ақиб афтодаем, балки маҳкум ба тақлиду пайравӣ аз дигарон мешавем. Бо таваҷҷўҳ ба фарҳангамон, ки комилан як фарҳанги динист, агар мо тавлиди маълумоти пок барои мухотабони расонаҳо надошта бошем, ҳатман мухотабон ҷазби маълумоти ботиле мешаванд, ки ба либоси пок даромадааст.

Расонаи ҳамагонии интернет, дунёе аст пур аз маълумот ва барои худ фазое дуруст карда, ки аз он одатан ба унвони фазои маҷозӣ ё дунёи маҷозӣ дар муқобили ҳамин дунёи ҳақиқӣ, ки ҳузур дорем, ёд мекунанд. Аммо дар ҳақиқат ин тавр нест ва дунёи интернет бо анбӯҳи маълумоташ, баргирифта аз ҳамин дунёи ҳақиқии мост, ки албатта бар ин дунёи ҳақиқии мо бисёр таъсиргузор буда ва низоми маълумотии ҷаҳонро тағйир додааст. Бинобар ин онро ҳамон дунёи cyber (фармоншиносии электронӣ) мехонанд.

Зиндагӣ дар муҳити cybernetic, иртибототи инсониро васеъ ва дигаргун сохтааст, ба тавре ки Мак Лоҳен, файласуф ва иртибототии аҳли Канада, ҷаҳонро ҳамчун деҳкадае медонад, ки ҳама аз аҳволи якдигар огоҳ ва бохабар буда ва нисбат ба ҳам қазоват мепардозанд. Қоидатан, шакли таблиғоти ботил ва ба гумроҳӣ кашидан, бо дастёбии башар ба технологияҳои нав, тағйир кардааст. Аз ин рў, дастандаркорони фарҳангӣ ва динӣ, бояд ба фикри шеваҳои нави таблиғи динӣ барои расондани паёми ҳақ ба инсонҳо бошанд, то дар қуллаҳои тағйироти фикрӣ ва фарҳангии дунёи имрӯз, асли дин бо қоидаҳои усулии он ҳифз шуда ва пайравони он бо қабули ин аслҳо, ба тағйироти зиндагии худ дар ҷаҳони имрӯз бипардозанд.

Аз ин ҷиҳат баъд аз шинохти комили расонаи интернет, ба баррасии вазъияти таблиғоти динӣ ва сабки зиндагии динӣ дар он мепардозем.

Таърихчаи шаклгирии интернет ва фазои маҷозӣ

Internet, ки бо ҳарфи калони I англисӣ оғоз мешавад, маҷмӯае аз миллионҳо компютер аст, ки дар ҳазорон сайт атрофи ҷаҳон пароканда шудааст ва корбарону истифодакунандагони он, сарфи назар аз навъи компютере, ки доранд, метавонанд рӯи ин шабакаи компютерӣ, маълумот радду бадал кунанд ва фойлҳо ба иштирок гузоранд. Ба ин шабакаи фарогири (Net), Syber Space (фазошиносии электрикӣ) низ гуфтаанд.

Дар ҳақиқат ин шабакаҳо дар аввал як барномаи ҳарбӣ ва низомӣ буд ва иттифоқан монанди бисёре аз идеяҳои бузург, дар ибтидо барои мақсади дигаре матраҳ шуд. Дар соли 1969 шабакае ба номи Арпанет (ARPANET) ба воситаи Беболт, Беброник ва Бенёмин, таҳти қарордоде, ки онон бо агентии проектҳои пешрафтаи Вазорати дифои Амрико (ё АRPA) бастанд, тарроҳӣ гардид ва тавсиа ёфт.

Арпанет (ARPANET) шабакае буд, ки марокизи дифоӣ, низомӣ ва донишгоҳии тарафи қарордоди вазорати дифоъро ба ҳам муттасил месохт.

Осон шудани табодул ва иштироки маълумот байни муҳаққиқон ба содатарин шакли мумкин, бидуни ниёз ба ин ки муҳаққиқ вақти пурқимати худро сарфи барқарорӣ ва ҳифзи иртибот кунад, дере нагузашт, ки қобилиятҳои интиқоли фойл, радду бадали паёмҳои электронӣ (ё email) ва листҳои почтавӣ, ба ин шабакаи навпо изофа гардид ва теъдоди корбарони ин шабакаи хурд бо шитоб афзоиш ёфт.

Ин шабака дар даҳаи 1970 аз шакли як барномаи озмоишӣ, ба як барномаи фарогир мубаддал шуд ва дар зимни бакоргирии иртибототи моҳвораӣ, рафта-рафта шакли як шабакаи густардаи ҷаҳонии (WAN)-ро ба худ гирифт. Дар ҳақиқат бо пайдоиш ва густариши компютерҳои шахсӣ ва рушди технология, иртибототи ин компютерҳои шахсӣ ба якдигар ва имкони эҷоди шабакаҳои маҳаллии (LAN), ширкатҳо ва муассисаҳои бешуморе ба фикри иттисол ба Арпанет (ARPANET) афтоданд, то битавонанд аз имконот ва маълумот ва аҳёнан аз қудрату тавоноии он ба нафъи худ истифода кунанд. Баъзе низ ба эҷоди шабакаҳои ихтисосӣ пардохтанд ва дар ин роҳ баъзе аз онҳо қоидаҳои ARPANET-ро риоят карданд ва баъзе ҳам стандартҳои наверо барои худ муайян карданд. Аммо дере нагузашт, ки ниёзи шадиде ба барқарории иртибот мобайни ин шабакаҳои мухталиф пайдо шуд ва дар натиҷа, ашхосе мутахассис аз шабакаҳои мухталиф ва пароканда, ба таври муназзам гирдиҳам омаданд ва стандартеро тадвин намуданд, ки ҳар шабака бо риояти он метавонист бо дигар шабакаҳо ба радду бадали маълумот бипардозад. Ба ин тартиб, ҷамъе аз шабакаҳои мухталиф, бо қоида ва қонунҳои ҳар хела ба вуҷуд омад, ки ин иҷтимоъ, интернет (Internet) хонда шуд.

Бисёре аз мардум, соли 1983-ро таърихи ҳақиқии таваллуди интернет медонанд. Дар ин сол, Арпанети аввалия ба ду бахши низомӣ (MILNET) ва таҳқиқоти шабака (ARPANET) тақсим шуд. Аммо қабл аз он, дар авоили соли 1980, шабакаи CSNET, ки компютерҳои департаментҳои улуми чандин иёлотро ба ҳам васл мекард, ба унвони аввалин шабакаи ғариба ба ARPANET муттасил шуд. Баъдҳо CSNET дар соли 1989 бо BITNET идғом гардид. Дар январи соли 1990, ARPANET мунҳал шуд ва вазифаҳои он ба сохтори густардатаре ба номи интернет мубаддал шуд. Интернет аз ҳамон ду асле пайравӣ кард, ки ARPANET риоят менамуд ва он ду асл иборат буданд аз:

Иҷозат бидеҳ шабакаҳо ба воситаи маҷмӯае аз протоколҳо ба ҳам васл шаванд.

Иҷозат бидеҳ шабакаҳои нав ба шабакаи бузурги аслӣ васл шаванд ва аз тариқи дарвозаҳо (gateways) бо он маълумотро радду бадал кунанд.

Дар ҳоли ҳозир Бунёди улуми миллии Амрико ё (National Foundation science) дар қолаби шабакае нав, бисёре аз вазифаҳои ARPANET-ро ба ӯҳда дорад.

Дар мавриди таъмини ҳазинаи интернет бояд гуфт, қоидатан ширкате ба номи Ширкати интернет вуҷуд надорад, ки суратҳисоб содир кунад ва аз ҳамаи шабакаҳо ва корбарон пул бигирад. Ба ҷои он, ҳар шабака пули худашро мепардозад (NSF). Ҳазинаи NSFNET-ро мепардозад ва NASA ҳазинаи NASA Science Internet-ро пардохт мекунад. Шабакаҳо гирдиҳам меоянд ва тасмим мегиранд, ки чи гуна ба ҳамдигар васл шаванд ва худашон ҳазинаи ин иттисолро фароҳам мекунанд. Як колеҷ ё донишкада ҳазинаи иттисоли худро ба шабакаи минтақаӣ мепардозад ва шабакаи минтақаӣ ҳам ҳазинаи иттисолро ба ниҳоде, ки дастрасии ӯро ба интернет мумкин кардааст, мепардозад.

Ва ҳамчунин дар мавриди идораи интернет бояд гуфт: ҳеҷ кас ва ҳама кас! Асосан интернет ҳеҷ раисҷумҳур, мудир ё раис надорад ва ҳар касе метавонад нуқта назорати худро озодона рӯи он матраҳ кунад. Албатта шабакаҳои муттасил ба интернет метавонанд раис ё мудире дошта бошанд, аммо ҳеҷ шахс ё қудрати ягонае барои кантроли интернет дар ҳолати умумӣ вуҷуд надорад. Қудрати ниҳоии тасмимгиранда барои ояндаи интернетро метавон дар ниҳодҳое монанди Маҷмаи интернет ё ISOC (хулосаи Society Internet) пайдо кард. Ман листи хулосае аз созмонҳои аслии интернетро ба сурати як мақолаи мустақил омода дорам, ки тақдим мекунам. Номи ин мақола ба созмонҳои аслии интернет аст ва роҷеъ ба созмонҳо ва ниҳодҳои тақрибан расмӣ ва аслии интернет, дар он матолибе омадааст.

Идома дар бахши дуюм

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.