Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Бартарин бону;

5

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(саломуллоҳ алайҳо) бартарин бону

Фазоил ва камолоти ҳазрати Заҳро(саломуллоҳ алайҳо) он қадар боло ва бисёр аст, ки забон тавоноии шумордани ҳамаи онҳоро надорад ва аз тавони ин навишторҳам берун хоҳад буд.

Фотима ҳамчун як инсони комил дар масоили ибодӣ, ахлоқӣ, хонаводагӣ намуна ва улгӯ аст.

Ӯ дар ҳоле, ки духтари Паёмбари Аъзам(салавотуллоҳ алайҳ) аст, аз назари мақом ва манзилат ба ҷое расида буд, ки Расули Аллоҳ(салавотуллоҳ алайҳ) Ӯро дӯст медошт ва эҳтироми хос мекард. Он ҳазрат духтарашро бартарин зани умматаш муаррифӣ мекард, то улгӯе бошад барои тамоми занони муъмин ва мусалмон.

Занон ва духтарони мусалмони имрӯзӣ бояд ҳазрати Фотима(саломуллоҳ алайҳо)-ро улгӯ ва сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд ва дар мабоҳиси хонадорӣ, шавҳардорӣ, тарбияти фарзанд, либос пушидан, сухан гуфтан, рафтор ва гуфтор, эҳтироми дигарон, эҳтиром ба падар ва модар, ҳаё, иффат ва покдоманӣ, ибодат ва ғайра ба эшон иқтидо намоянд.

Таваҷҷуҳ дошта бошем, ки дар канори он ҳазрат дигар занони мусалмон ба хусус ҳамсарони Паёмбари Ислом(с) ва ҳамсарони асҳоби гиромӣ ҳам метавонанд улгӯи хубе барои занон ва духтарони мусалмон бошанд.

Фотима(с) кист?

Ҳазрати Фотима(с) духтари бузургвори Паёмбар(с) буда ва модари Ӯ ҳамсари бовафо ва фидокори Расули Аллоҳ(с) уммулмуъминин Хадиҷаи Кубро(с) мебошад. Фотима(с) ҳамсари мавлои муттақин ва мавлои муваҳҳидин, Асадуллоҳи ғолиб ва Ҳайдари каррор Алӣ ибни Абитолиб(а) ва модари ду имом Ҳасан ва Ҳусайн(а) аст. Насли Расули Худо(с) танҳо аз тариқи Фотима ва Алӣ ҳастанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба хонадони Эшонҳо, Сайидҳо ва авлоди Паёмбар(с) шинохта мешаванд ва бисёр азиз ва қобили эҳтиром мебошанд.

Мақом ва манзилати Фотима(с) бар касе пушида нест ва аз он ҳазрат ба бузургворӣ ёд шудааст.

Барои он ҳазрат лақабу номҳои зиёд дар ривоятҳо ва китобҳо омадааст, ки аз ҷумла; Заҳро, Тоҳоира, Сиддиқа, Батул аст. Дар Тоҷикистон он ҳазратро бо Биби Фотима бештар мешиносанд.

Аз ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ ривоят аст, ки фармуд:

Духтарам Фотима ҳурияи одмӣ аст, мубарро аз ҳайзу нифос. ӯро -Аллоҳ- Фотима ном гузошт, чун дӯстдорони ӯро аз оташ раҳонидааст[1].

وَ أَخرَجَ النَّسَائِي إِن ابنَتِي فَاطِمَة حَورَاء آدَمِية لَم تَحِض وَ لَم تَطمَث إنّمَا سَمَّاهَا فَاطِمُة لأَنَّ اللهَ فَطَمَهَا وَ مُحِبيهَا عَنِ النَّارِ

Дар бораи лақаби Батул аз ибни Асир омадааст: Фотима Батул номида шуд, чун аз занони замони худ аз назари фазлу дин ва ҳасабу насаб аз дигар занон фарқ дорад. Ва баъзе гуфтаанд; чун аз дунё ба сӯи Аллоҳ рафтааст[2].

وَسُمِيَّت فَاطِمَةُ البَتُولَ لاِنقِطَاعِهَا عَن نِسَاءِ زَمَانِهَا فَضْلا وَ دِينا وَ حَسَبا . وَ قِيلَ لاِنقِطَاعِهَا عَنِ الدُّنيَا إلَى اللّهِ تَعَالى

Бартарини занони уммат

Дар бораи манзилат ва мақоми он ҳазрат ривояте аз Расули Аллоҳ(с) омадааст, ки дар лафзҳои гуногӯн нақл шудааст.

Аҳмад ибни Ҳанбал; ба Фотима гуфт: оё розӣ нестӣ, ки бартарини занони ин уммат ва ё занони муъмина бошӣ?[3]

قَالَ أَلَا تَرْضَيْنَ أَنْ تَكُونِي سَيِّدَةَ نِسَاءِ هَذِهِ الْأُمَّةِ أَوْ نِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ

Табаронӣ мегӯяд: пас гуфт: оё розӣ нестӣ, ки бартарини занони муъминин ё бартарини занони муслимин бошӣ?[4].

Боғандӣ: оё розӣ нестӣ, ки бартарин занони ин уммад ва ҳамаи занони муъминин бошӣ?[5]

ألا تَرضَينَ أَن تَكُونِي سَيِّدَةَ نِسَاءِ هَذِهِ الأُمَةِ وَ سَائِرِ المُؤمِنِينَ

Насоӣ аз Расули Худо(с):

Фариштае аз осмон, ки манро надида буд аз Худо барои зиёрати ман иҷоза гирифт (вақте омад) ба ман хабар дод, ки духтарам Фотима бартарини занони умматам аст[6].

قَالَ إن مَلَكا مِنَ السَّمَاءِ لَم يَكُن رَآنِي فَاستَأذَنَ اللهَ فِي زِيَارَتِي فَأخبَرَنِي أَو بَشَّرَنِي أن فَاطِمَة ابنَتِي سَيِّدَةَ نِسَاءِ أُمَتِي

Бартарини занони олам

Дар бартарии ҳазрати Заҳро(с) нисбат ба занони ҳастӣ, ривоят аз Паёмбар(с) омадааст, ки мефармояд:

Эй духтарам! Оё розӣ нест, ки бартарин занони олам бошӣ?[7]

أَيْ بُنَيَّةُ أَمَا تَرْضَيْنَ أَنْ تَكُونِي سَيِّدَةَ نِسَاءِ الْعَالَمِينَ

Насоӣ аз ҳазрати Фотима ривоят мекунад: падарам ба ман гуфт: Эй Фотима! Оё розӣ нестӣ, ки бартарини занони ин уммат, ё бартарини занони олам бошӣ?[8]

قَالَ لِي يَا فَاطِمَةُ أَلاَ تَرضَينَ أَنَّكِ سَيِّدَة نِسَاءِ هَذِهِ الاُمَّةِ أَو سَيِّدَة نِسَاءِ العَالَمِينِ

Ҳокими Нишобурӣ: (Паёмбар гуфт) Эй Фотима! Оё розӣ нестӣ, ки бартарини занони олам ва бартарини занони ин уммат ва бартарини занони муъминин бошӣ?[9]

يَا فَاطِمَةُ أَلاَ تَرضَينَ أَن تَكُونِي سَيِّدَةَ نِسَاءِ العَالَمِينَ وَ سَيِّدَةَ نِسَاءِ هَذِهِ الأُمَّةِ وَ سَيِّدَةَ نِسَاءِ المُؤمِنِينَ ؟

Дар сураи Оли Имрон Марям ба унвони зани бартар муаррифӣ шудааст; «وَاصْطَفَاكِ عَلَى نِسَاءِ الْعَالَمِينَ» ва ҳазрати Заҳро(с) бо таваҷҷуҳ ба ҳамин оят аз падар савол мекунад, ки посухи Расули Аллоҳ ингуна аст:

أَيْ بُنَيَّةُ تِلْكَ سَيِّدَةُ نِسَاءِ عَالَمِهَا، وَأَنْتِ سَيِّدَةُ نِسَاءِ عَالَمِكِ

Эй духтарам! Он зан –Марям- сайида ва сарвари занони олам(замон)-и худаш буд, ва ту сарвари занони замони худат ҳастӣ[10].

Бартарини занони биҳишт

Дар ривоятҳо омадааст, ки падараш ӯро бартарин занони Биҳишт номида аст

Аҳмад ибни Ҳанбал:

وَأَنَّ فَاطِمَةَ سَيِّدَةُ نِسَاءِ أَهْلِ الْجَنَّةِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ

Расули Аллоҳ фармуд: Духтарам Фотима бартарини занони биҳишт мебошад[11].

Бухорӣ: Оё розӣ нестӣ, ки бартарини занони биҳишт ё бартарини занони муъминин бошӣ?[12]

أَمَا تَرْضَيْنَ أَنْ تَكُونِى سَيِّدَةَ نِسَاءِ أَهْلِ الْجَنَّةِ أَوْ نِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ

Беҳтарин зан барои беҳтарин мард

Зане бо он ҳама сифат ва физилатҳо, ҳақиқатан шоистаи мардест, ки худ дорои он бартарӣ бошад. Аммо дар уммати Расули Аъзам(с) касеро наметавон ёфт, ки шарафу фазилат, бартарию камолаш ба ҳазрати Фотима(с) бирасад, магар шахсе, ки худи Паёмбар(с) ӯро тарбият карда бошад ва ҳамонтавр, ки духтарашро таълиму тарбият намуд, ӯро ҳам дар канори худ бузург намуда буд ва он шахст Алӣ ибни Абитолиб буд.

Он чӣ ин гуфтаи моро таъйид мекунад, хосгории бузургоне аз миёни саҳобагон аз ҳазрати Заҳрои Атҳар(с) аст, ки ба назди Расули Аллоҳ мерафтанд ва ҳама ҷавоби рад мегирифтанд, вале вақте Алӣ ба хосгорӣ рафт, Расули Худо(с) баъд аз суҳбат бо духтараш, фармуданд: сукути Фотима нишон аз ризоияти ӯст ва ба ин далил ӯро ба Алӣ дод.

Дар ривояте Расули Аллоҳ(с) сабаби розӣ будани худаш нисбат ба ин издивоҷро ингӯна ба Фотима баён мефармояд: қасам ба касе, ки манро бар ҳақ мабъус кард, туро ба никоҳи касе даровардам, ки сарвар дар дунё ва сарвар дар қиёмат аст ва душманӣ намекунад бо ӯ, магар мунофиқ[13].

وَالَّذِي بَعَثَنِي بِالْحَقِّ لَقَدْ زَوَّجْتُكِ سَيِّدًا فِي الدُّنْيَا وَسَيِّدًا فِي الْآخِرَةِ لَا يُبْغِضُهُ إلَّا مُنَافِقٌ

Ин ривоят ҳамчун ҳадисе аст, ки дар саҳеҳи Термизӣ аз Паёмбар(с) дар бораи ҳазрати Алӣ(а) нақл шудааст:

أَنَّهُ لاَ يُحِبُّكَ إِلاَّ مُؤْمِنٌ وَلاَ يَبْغَضُكَ إِلاَّ مُنَافِقٌ

Эй Алӣ! Дӯст намедорад туро магар муъмин ва душман намедорад туро магар мунофиқ[14].

Термизӣ ва Албонӣ ин ҳаидсро саҳеҳуссанад донистаанд.

Табаронӣ ҳам аз Паёмбар(с) чунин ривофт мекунад, ки фармуд:

أَمَا تَرضَينَ أن زَوجكِ أَوَل المُسلِمِينَ إِسلاَما وَ أَعلَمُهُم عِلما فَإِنَّكِ سَيِّدَةَ نِسَاءِ أُمَّتِي كَمَا سَادَت مَريَم نِسَاءَ قَومِهَا

Фотима! Оё розӣ ҳастӣ, ки шавҳарат аз аввалин касоне бошад, ки исломро қабул кард ва олимтарини онҳо аст ва ту бартарини занони уммати ман ҳастӣ, чунон ки Марям бартарини занони қавмаш буд?[15].

Ин чанд ҳадисе буд, ки аз миёни аҳодиси зиёде, ки дар ин бора омадааст, баён кардем. Бошад, ки иншоаллоҳ занону духтарон ва хоҳарону модарони мо ҳам аз он занони покдомон баҳра баранд ва онҳоро улгӯи зиндагии худ қарор диҳанд.

ҲАҚДОДИ МАЪРИФАТ

[1] к. Савоъиқул муҳриқа, ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ҷ.2, с. 465

[2] К. Анниҳоя фил ҳадис вал асар, ибни Асир, ҷ.1, с.228

[3] К. Муснади Аҳмад, ҷ.282, №26456 / Бухорӣ, к. Истиъзон, боби Ман ноҷиа байна ядайиннос. / Муслим, к. Фазоили Фотима бинти Набӣ(с)

[4] К. Алмуъҷамул Кабир, Табаронӣ, ҷ.22, с.419.

[5] К. Амолӣ, Боғандӣ, с92

[6] К. Сунани Кубро, Насоӣ, ҷ.5, с.146 / к. Алмуъҷам Табаронӣ, ҷ.22, с. 403

[7] Шарҳи мушкилил Осор, Таҳовӣ, ҷ.1, с.141, №149

[8] К. Сунани Кубро, Насоӣ, ҷ.4, с.252 / к. Ҳилиятул Авлиё, Абу Наъим, ҷ.2, с.40.

[9] К. Алмустадрак ало саҳиҳайн, Ҳоким, ҷ.3, с.170, №4740

[10] Шарҳи мушкилил Осор, Таҳовӣ, ҷ.1, с.141, №149.

[11] К. Муснади Аҳмад, ҷ.3, с.80, №11773

[12] К. Саҳеҳи Бухорӣ, к. Маноқиб, б. Аломотун Нубувват фил Ислом; маноқиби Фотима. ҷ.3, с.170, №4740

[13] Шарҳи мушкилил Осор, Таҳовӣ, ҷ.1, с.141, №149

[14] С.Термизӣ, китоби маноқиб, боби маноқиби Алӣ

[15] К. Алмуъҷами Кабир, Табаронӣ, ҷ.22, с.417

Share



Назари худро бинависед