Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Арзиши кору талош дар Ислом

Талош

Қуръон

… Ва ин ки барои инсон ҷуз ҳосили талоши ў нест ва (натиҷаи) кўшиши ў ба зудӣ дида хоҳад шуд.[1]

Ва касоне, ки дар роҳи мо кўшидаанд, ба яқин роҳҳои худро барои онон менамоем.[2]

Ҳадис

1.Паёмбар (с): Ҳар ки пайваста кўбаи дарро бизанад, дохил мешавад.

2.Имом Алӣ (а): Ҳар ки пайваста кўбаи дарро бизанаду исрор варзад, дохил мешавад.

3.Имом Алӣ (а): Ҳар ки ниҳояти кўшиши худро ба кор гирад, ба ниҳояти хостаҳояш мерасад.

4.Имом Алӣ (а): Ҳар ки чизеро ҷустуҷў кунад, ба ҳама ё қисмате аз он даст меёбад.

5.Имом Алӣ (а): Тан додан ба сустию бекорӣ чӣ дур аст аз дастёбӣ ба хушбахтӣ!

6.Имом Алӣ (а): Агар аз коре ҳарос дорӣ, худро дар он бияндоз, зеро дилҳураву ҳарос (аз хатар) аз худи хатар душвортар аст.

7.Имом Алӣ (а): Ҳаргоҳ аз сахтии коре тарсидӣ, устувор бош, то дар баробарат хор гардад ва бо ҳаводиси рўзгор найранг кун, то бар ту осон шаванд.

8.Имом Алӣ (а): Дар гузашта маро бародаре буд, ки дар роҳи Худо (бо ман бародарӣ мекард)… (ба зоҳир) заифу мустазъаф буд ва (аммо) агар кори ҷиддие пеш меомад, монанди шери беша (мехурўшид) ва монанди мори биёбон (ҳаракат мекард)…

[1] Сураи Наҷм, ояти 39-40.

[2] Сураи Анкабут, ояти 69.

Share



Назари худро бинависед