Тарбияти динии фарзандон 2

81

1ظ

Қисмати дуввум

Б) Муаррифи Паёмбар(с) ва эҷоди имон ба ӯ ва тақвияти он дар фарзандон

Имон ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад(с) дуввумин асли эътиқоди дини Ислом аст ва касе, ки паёмбарии он ҳазратро напазирад аз доираи мусалмонон хориҷ аст. Дар ин ҷо сираи Аҳли байт(а)-ро дар заминаи тарбият, шинохт ва имон ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад(с)-ро баррасӣ мекунем.

Табйини фалсафаи нубувват:

Дар сираи Аҳли байт, ба вижа ҳазарати Алӣ(к) дар бораи зарурати беъсати анбиё ва ҳадаф ва вазифаи анбиё, бисёр сухан гӯфта шудааст. Ҳазрати Алӣ(к) дар мавориди мутааддиде аз Наҳҷулбалоға ба ин мавзӯъ пардохтаанд. Эшон дар яке аз хутбаҳои худ мефармояд:

بَعَثَ رُسُلَهُ بِمَا خَصَّهُمْ بِهِ مِنْ وَحْيِهِ وَ جَعَلَهُمْ حُجَّةً لَهُ عَلَى خَلْقِهِ لِئَلَّا تَجِبَ الْحُجَّةُ لَهُمْ بِتَرْكِ الْإِعْذَارِ إِلَيْهِمْ فَدَعَاهُمْ بِلِسَانِ الصِّدْقِ إِلَى سَبِيلِ الْحَق

“Худованд расулони худро фиристод ва ваҳйи хешро вижаи онон сохт ва онҳоро ба офаридагони худ ҳуҷҷат гардонид, то аз он пас офаридагонро ҳуҷҷате набошад ва узре намонад. Бандагони худро ба забони ростгӯӣ паёмбарон ба роҳи ҳаққ фаро хонд”.[1]

Ҳамчунин аз Абубасир чунин нақл шудааст:

Марде аз имоми Содиқ(а) пурсид:

عَنْ أَبِي بَصِيرٍ عَنْ أَبِي عَبْدِ اللَّهِ D أَنَّهُ سَأَلَهُ رَجُلٌ فَقَالَ: لِأَيِّ شَيْ‏ءٍ بَعَثَ اللَّهُ الْأَنْبِيَاءَ وَ الرُّسُلَ إِلَى النَّاسِ؟ فَقَالَ: لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى اللَّهِ حُجَّةٌ مِنْ بَعْدِ الرُّسُلِ وَ لِئَلَّا يَقُولُوا ما جاءَنا مِنْ بَشِيرٍ وَ لا نَذِيرٍ وَ لِتَكُونَ حُجَّةُ اللَّهِ عَلَيْهِمْ أَ لَا تَسْمَعُ اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ يَقُولُ حِكَايَةً عَنْ خَزَنَةِ جَهَنَّمَ وَ احْتِجَاجِهِمْ عَلَى أَهْلِ النَّارِ بِالْأَنْبِيَاءِ وَ الرُّسُلِ: أَ لَمْ يَأْتِكُمْ نَذِيرٌ…؟

“Чаро Худо паёмбарон ва фиристодаҳое ба сӯи мардум гусел дошт? Имом(а) дар ҷавоб фармуд: Ба он сабаб, ки баъд аз ирсоли расул, мардумро бар Худо ҳуҷҷате набошад ва нагӯянд, ки моро баширу назире наёмад. Ва ба он сабаб, ки ҳуҷҷати Худо бар мардум бошанд. Оё нашнидаӣ, ки Худо ба нақл аз нигаҳбонони дӯзах, дар муқобили эҳтиҷоҷ бо дӯзахиён мегӯянд: Оё шуморо назире наёмад…?”[2]

Дар ин ҷо бояд ин мавзӯъро ёдоварӣ кунем, ки ҳадафи Аҳли байт(а) аз тарҳи зарурат ва ҳадафи беъсат ин набуд, ки бихоҳанд асли нубуватро исбот кунанд, балки аз ин тариқ дар садади баёни ин матлаб буданд, ки чаро Худованд, паёмбароне мефиристад? Инсон чӣ ниёзе ба паёмбарон дорад? Ин мавзӯъ аз аҳодисе, ки дар боло нақл кардем ба вузуҳ қобили истифодааст.

Акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чаро Аҳли байт(а) ба ин мавзӯот мепардохтанд?

Дар посух метавон ба ду матлаб ишора кард:

Нахуст он ки ин мавзӯот, яке аз мабоҳиси марбут ба нубуват аст ва лозимаи муаррифии паёмбар, пардохтан ба ин мавзӯот аст.

Дуввум он ки баёни ин мавзӯот, осори илмие дорад, ки дар тарбияти динӣ матлуб аст. Осори илмии баёни ин мавзӯот ин аст, ки ба фарзандон меомӯзад чӣ гуна аз Паёмбари Акрам(с) дар расидан ба камол баҳра гиранд.

Тавзеҳ ин ки Худованд неъматҳои бешуморе дар ихтиёри инсон қарор додааст. Ин неъматҳо ба андозае аст, ки инсон қодир ба шумориши онҳо нест:

<وَ إِن تَعُدُّواْ نِعْمَتَ اللَّهِ لَا تُحْصُوهَا> “Ва агар неъматҳои Худоро бишморед, наметавонед он [ҳо]ро шумориш кунед”.[3]

Худованд ба сабаби ҳеҷ неъмате ҷуз неъмати Паёмбар(с) бар мӯъминон миннат нагӯзоштааст:

لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنينَ إِذْ بَعَثَ فيهِمْ رَسُولاً مِنْ أَنْفُسِهِمْ يَتْلُوا عَلَيْهِمْ آياتِهِ وَ يُزَكِّيهِمْ وَ يُعَلِّمُهُمُ الْكِتابَ وَ الْحِكْمَةَ وَ إِنْ كانُوا مِنْ قَبْلُ لَفي‏ ضَلالٍ مُبين‏

“Ба яқин, Худо бар мӯъминон миннат ниҳод [ва неъмати бузурге бахшид] ҳангоме ки дар миёни онон, фиристодае аз худашон барангехт, ки оёташро бар онон бихонад, [ва пайравӣ кунад] ва рушдашон диҳад [ва покашон гардонад], ва китоби [Худо] ва фарзонагӣ ба онон биёмӯзад дар ҳоле ки қатъан пеш аз [он] дар гумроҳии ошкоре буданд.”[4]

Ин мавзӯъ нишондиҳанаи қудрат ва манзилати азими ин неъмат дар муқоиса бо соири неъматҳо аст.

Аз сӯи дигар, инсон дар сурате метавонад аз неъматҳои Худованд ба беҳтарин ваҷҳ баҳраманд гардад, ки бидонад Худованд он неъматҳоро ба чи манзуре офарида ва он неъмат чи таъсире дар зиндагии ӯ метавонад дошта бошад.

Паёмбар(с) бузургтарин неъмати Худо аст. Инсон дар сурате метавонад аз ин неъмат беҳтарин баҳраро бибарад, ки бидонад Худованд, Паёмбарро ба чи манзуре мабъус кардааст, инсон чи ниёзе ба паёмбар дорад, ва вазоифе ки Худованд ба ӯҳдаи ӯ гузошта кадом аст.[5]

Табйини осор ва хадамоти Паёмбар(с)

Аҳли байт(а) дар муаррифии Паёмбар(с) ба баёни осор ва баракоти моддӣ ва маънавии эшон низ мепардозанд. Ба унвони намуна, ҳазрати Алӣ(к) дар Наҳҷулбалоға вазъияти мардуми қабл аз беъсатро ташриҳ мекунад ва мефармояд:

بَعَثَهُ وَ النَّاسُ ضُلَّالٌ فِي حَيْرَةٍ وَ حَاطِبُونَ فِي فِتْنَةٍ قَدِ اسْتَهْوَتْهُمُ الْأَهْوَاءُ وَ اسْتَزَلَّتْهُمُ الْكِبْرِيَاءُ وَ اسْتَخَفَّتْهُمُ الْجَاهِلِيَّةُ الْجَهْلَاءُ حَيَارَى فِي زَلْزَالٍ مِنَ الْأَمْرِ وَ بَلَاءٍ مِنَ الْجَهْلِ فَبَالَغَ 3 فِي النَّصِيحَةِ وَ مَضَى عَلَى الطَّرِيقَةِ وَ دَعَا إِلَى الْحِكْمَةِ وَ الْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ

“Худованд Муҳаммад(с)-ро барангехт дар ҳоле ки мардум, гумроҳони саргашта буданд ва савоб аз хато ношинохта, роҳи фитна мепаймуданд. Ҳаво ва ҳавас ононро ба сӯи худ хонда ва аз роҳашон берун бурда буд ва кибру бузургбинӣ аз тариқи савобашон мунҳариф сохта буд. Аз шиддати нодонӣ, сабуксару хоршуда ва дар айни саргаштагӣ ва тазаллзул дар корҳо, ба балои нодонӣ гирифтор омада буданд. Расулуллоҳ(с) насиҳат ва некхоҳиро ба ҳадди аъло расонид ва ба роҳашон овард ва ба ҳикмат ва мавъизаи некӯ ба роҳи Худо фаро хонд”.[6]

Эшон дар ин хутба осор ва баракоти маънавии Паёмбар(с)-ро бар шумурдаанд, дар ҷои дигаре осори моддии эшонро баён кардаанд. Дар он ҷо мефармоянд:

إِنَّ اللَّهَ سُبْحَانَهُ بَعَثَ مُحَمَّداً3 نَذِيراً لِلْعَالَمِينَ وَ أَمِيناً عَلَى التَّنْزِيلِ وَ أَنْتُمْ مَعْشَرَ الْعَرَبِ عَلَى شَرِّ دِينٍ وَ فِي شَرِّ دَارٍ مُنِيخُونَ بَيْنَ حِجَارَةٍ خُشْنٍ وَ حَيَّاتٍ صُمٍّ تَشْرَبُونَ الْكَدِرَ وَ تَأْكُلُونَ الْجَشِبَ وَ تَسْفِكُونَ دِمَاءَكُمْ وَ تَقْطَعُونَ أَرْحَامَكُم

“Худованд Муҳаммад(с)‐ро барангехт, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад ва амини ваҳйи Ӯ. Ва шумо эй арабҳо [дар он ҳангом] бадтарин динро доштед ва дар бадтарин сукунатгоҳҳо ба сар мебурдед, дар санглохҳои хашин ва ноҳамвор мезистед ва бо морҳои кар ҳамхона будед. Оби тира ва ногувор менушидед ва таоми сахт ва ногувор мехурдед ва хуни якдигар мерехтед ва аз хешони худ мебуридед”.[7]

Чаро Аҳли байт(а) осор ва хадамоти Паёмбар(с)-ро барои мардум баён мекарданд? Ва ин баёнот чӣ таъсире дар шинохт ва эътиқоди онон дошт?

Ба назар мерасад баёни осор ва хадамоти Паёмбар(с), ҳам сабаби таъмиқи шинохти мардум аз Паёмбар(с) ва ҳам сабаби тақвияти имони онон ба ӯ мегардад.

Ин баёнот, шинохти мардум аз Паёмбар(с)‐ро амиқтар мекунад, зеро Паёмбар(с) абъоди гуногуне дорад, ки бо шинохти ҳар як аз ин абъод, шинохт ва огоҳии инсон қавитар ва амиқтар мешавад. Ин ки Худованд ба чи манзуре Паёмбар(с)‐ро мабъус карда, вазоифе, ки Паёмбар(с) ба ӯҳда дорад чист? Ваҳй ва наҳваи иртиботи Паёмбар(с) бо Худованд чӣ гунааст? Паёмбар(с) чӣ таъсироте бар зиндагии мардум дорад? бахше аз абъоди вуҷуди Паёмбар(с)‐ро ташкил медиҳад. Дар ин баёнот, маъсумон(а) ба яке аз абъоди вуҷуди Паёмбар(с), ки ҳамон осор ва хадамоти Паёмбар(с) дар ҷомеа аст, ишора кардаанд. Ошноӣ бо ин буъд сабаби ғанитар шудани шинохти мусалмонон аз Паёмбари Бузургвори Ислом(с) мешавад.

Ин баёнот, имони мардум ба Паёмбар(с)-ро амиқтар ва қавитар мекунад, зеро инсон фитратан ҳақҷӯ ва ҳақгарост. Худованд баъд аз баёни оёт ва нишонаҳои худ, ба Иброҳим(а) дастур медиҳад:

<فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتىِ فَطَرَ النَّاسَ عَلَيهَْا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ الله> “Пас бо гароиш ба ҳақ ба ин дин рӯй биёвар. (Ин) фитрати илоҳист, ки Худованд мардумро бар асоси он офаридааст, барои офариниши илоҳӣ дигаргуние нест”.[8]

Бар асоси ин оят, ҳақгароӣ; яъне гироиш ба сӯи ҳақ ва пазириши он муқтазои фитрати инсони аст.

Ба ҳамин сабаб ҳақгароӣ ихтисос ба қавм ва кишвар ва нажоди хоссе надорад. Ҳар инсоне дар ҳар кишваре ва аз ҳар нажоде, ҳақҷӯ ва ҳақгарост. Муайиди ин матлаб ин аст, ки пайравони ҳар роҳе, роҳу равиши худро ҳақ медонанд. Ихтилофи пайравони адён ва макотиби мухталиф низ танҳо дар ин аст, ки ҳар як муътақиданд дин ё мактаби онон бар ҳақ ва адён ва макотиби дигар ботил мебошанд. Шинохти ҳақ аз ботил ҳамеша осон нест. Гоҳ ҳаққу ботил чунон дар ҳам меомезанд ва ба ҳам муштабаҳ мешаванд, ки шинохти ҳақ аз ботил душвор мешавад. Дар ин маврид, барои шинохти ҳақ аз ботил чорае ҷуз шинохти нишонаҳои ҳақ аз ботил нест. Яке аз нишонаҳои ҳақ «судмандӣ» ва яке аз нишонаҳои ботил «беҳудагӣ ва бефоидагӣ» аст.

Худованд дар мақоми фарқгузории ҳақ аз ботил, ҳаққу ботилро ба оби ҷорӣ дар рудхонаҳо ва кафи болои об ва низ тилло ё дигар филезоти гудохта дар курра ва кафи болои онҳо ташбеҳ мекунад ва мефармояд:

<فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً وَ أَمَّا مَا يَنفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فىِ الْأَرْضِ> “Ва аммо каф, ба канор меравад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, пас дар замин мемонад”.[9]

Бинобар ин ҳақ ҳамеша барои мардум судманд аст ва ботил, беҳуда ва бефоида, ҳар чанд бар болои ҳақ қарор гирифта ва онро пӯшида бошад. Аммо он чи боқӣ мемонад ҳақ аст на ботил.

Мардум низ умуман дар умқи вуҷуди худ медонанд, ки ҳақ судманд ва ботил бефоидааст.

Торихи башар нишон дода, ки инсонҳо корҳои судмандро ҳифз мекунанд ва корҳои бефоида ва зараррасонро канор мегӯзоранд. Аз ин рӯ имрӯза мутафаккирон, муҳимтарин далели бақои адёнро ҳамин судмандии онон медонанд.

Дар ин ҷо Аҳли байт(а) аз ин қоида истифода карда ва хадамот ва осори Паёмбар(с)-ро баён кардаанд.

Бадеҳист, ки ин баёнот имони онон ба Паёмбар(с)-ро амиқтар ва қавитар мекунад.

2. Такрим ва бузургдошти Паёмбар(с)

Маъсумон аз ҳар фурсате барои такрими Паёмбар(с) истифода мекарданд. Албата Худованд, мардумро ба такрими Паёмбар(с) даъват кардааст. Худованд дар Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ وَ مَلَئكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلىَ النَّبىِ‏ِّ يَأَيهَُّا الَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيْهِ وَ سَلِّمُواْ تَسْلِيمًا

“Дар ҳақиқат Худо ва фариштагонаш бар Паёмбар дуо (салавот) мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед! Бар ӯ дуо (салавот) бифиристед ва ба таври комил салом кунед (ва комилан таслими ӯ бошед)”.[10]

Аз ин рӯ Аҳли байт(а) ҳар гоҳ номи Паёмбар(с) бурда мешуд, бар ӯ салавот мефиристоданд ва дигаронро низ ба ин кор тавсия мекарданд. Ду намуна аз ин ривоётро бо ҳам мехонем:

[مَا فِي الْمِيزَانِ شَيْ‏ءٌ أَثْقَلَ مِنَ الصَّلَاةِ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّد] “Дар тарозуи аъмол, чизе сангинтар аз салавот бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад(с) нест”.[11]

[الصَّلَاةُ عَلَى النَّبِيِّ وَ آلِهِ أَمْحَقُ لِلْخَطَايَا مِنَ الْمَاءِ لِلنَّار] “Дуруд бар Паёмбар(с) ва оли ӯ бештар аз он ки об оташро аз миён мебарад, аъмоли зишти инсонро аз миён мебарад”.[12]

Дар ривояте низ нақл шудааст, ки яке аз ёрони имоми Ҷавод(а) ба ишон мегӯяд:

 عَنْ مُوسَى بْنِ الْقَاسِمِ قَالَ: قُلْتُ لِأَبِي جَعْفَرٍ الثَّانِي… طُفْتُ يَوْماً عَنْ رَسُولِ اللَّهِ3 فَقَالَ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ: صَلَّى اللَّهُ عَلَى رَسُولِ اللَّه

“Як рӯз ба ниёбат аз Расули Худо(с) тавоф кардам. Имом [бо шунидани номи Паёмбар(с)] се бор фармуд: Дуруди Худо бар Расули Худо(с)”.[13]

Сираи мусалмонон низ аз ҳамон замон бар ин будааст, ки ҳангоми зикри номи Паёмбар(с) бар эшон ва Аҳли байти эшон дуруд бифиристанд. Шаҳиди Сонӣ дар китоби Муниятулмурид бар ин матлаб таъкиди бисёр мекунад ва мегӯяд: Ҳар гоҳ исми Паёмбар(с)-ро навиштӣ, баъд аз он,

«الصلاة و السلام عليه و علي آله»-ро бинавис ва ба забон низ бигӯ ва дар идома мегӯяд: Ба ҷои ҷумлаи «صلوات و سلام» аломати ихтисорӣ набояд гузошт, монанди аломати«صلعم»، «صلم» ё «صم.».[14]

Уламои мусалмон низ дар навиштаҳои худ ин равияро риоят кардаанд. Муроҷиа ба кутуби ривоӣ, таърих ва… нишон диҳандаи сидқи ин муддао аст.

Илова бар ин, Аҳли байт(а) ба зиёрати қабри Паёмбар(с) низ эҳтимоми вижае доштаанд ва дигаронро низ ба он тавсия мекарданд. Ба унвони намуна, дар ривояте омадааст:

قَالَ الْحُسَيْنُ D لِرَسُولِ اللَّهِ3: يَا أَبَتَاهْ مَا جَزَاءُ مَنْ زَارَكَ؟ فَقَالَ: يَا بُنَيَّ مَنْ زَارَنِي حَيّاً أَوْ مَيِّتاً أَوْ زَارَ أَبَاكَ أَوْ زَارَ أَخَاكَ أَوْ زَارَكَ كَانَ حَقّاً عَلَيَّ أَنْ أَزُورَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَ أُخَلِّصَهُ مِنْ ذُنُوبِهِ

“Имом Ҳусайн(а) аз Паёмбар(с) пурсид: Подоши он кас, ки шуморо зиёрат кунад чист? Паёмбар(с) фармуд: Писарам! Ҳар кӣ маро ё падарат ё бародарат ё туро дар ҳоли ҳаёт ё мамот зиёрат кунад, бар ман аст, ки дар қиёмат ӯро зиёрат кунам ва аз гуноҳонаш наҷот диҳам”.[15]

Ба илова, Аҳли байт(а) рӯзҳои хосси мутааллиқ ба Паёмбар(с)-ро бузург шумурда ва ҳаққи онро шинохта ва ҳурмати онро риоят карда ва онро рӯза гирифтаанд. Дар ин рӯз, садақа додан ва эҳтимом ба зиёрати машоҳиди мушаррафаи Аҳли байт(а) ва иқдом ба аъмоли хайр ва хушҳол кардани мӯъминон мустаҳаб аст.[16]

Акнун ин пурсиш матраҳ мешаванд, ки чаро Аҳли байт(а) бар такрим ва бузургдошти Паёмбар(с) ва низ зиёрати эшон таъкид доштанд ва дигаронро низ ба он тавсия мекарданд? Ба назар мерасад ин таъкидҳо иллатҳои мутааддиде дорад, аммо он чи дар ин ҷо мавриди таваҷҷӯҳ аст, иллат ё илали тарбиятии ин таъкид аст.

Нахуст он ки такрим, бузуругдошт ва зиёрати Паёмбар(с) тавассути Аҳли байт(а) нишон диҳандаи умқи шинохт, имон ва алоқаи онон ба Паёмбар(с) аст. Худи ин амр таъсири тарбиятии ғайримустақим, аммо қавие бар мухотаб дорад.

Дуввум он ки такрим, бузургдошт ва зиёрати Паёмбар(с) тавассути мардум низ навъе ибрози алоқа ва эътиқод ба эшон аст. Худи ин ибрози алоқа ва эътиқод, бар асоси қоидаи таъсири зоҳир бар ботин, дар тақвияти имон ва эътиқод ва алоқа ба Паёмбар(с) муассир аст.[17]

Ҳалимҷон Саид

[1]. Наҳҷулбалоға, хутбаи. 144.

[2]. Мизонулҳикма, ҷ.9, саҳ. 331, Биҳоруланвор, ҷ.11, саҳ. 39.

[3]. Сураи Иброҳим, ояти 34.

[4]. Сураи Оли Имрон, ояти 164.

[5]. Тарбияти динӣ, ҷ.2, саҳ. 51.

[6]. Наҳҷулбалоға, хутбаи 95.

[7]. Ҳамон, хутбаи 26.

[8]. Сураи Рум, ояти 30.

[9]. Сураи Раъд, ояти 17.

[10]. Сураи Аҳзоб, ояти 56.

[11]. Усули Кофӣ, ҷ.2, саҳ. 494.

[12]. Биҳоруланвор, ҷ.91, саҳ. 65, Мустадрак, ҷ.5, саҳ. 336.

[13]. Усули Кофӣ, ҷ.4, саҳ. 314.

[14]. Шаҳиди Сонӣ, Муниятулмурид, саҳ. 346.

[15]. Таҳзибулаҳком, ҷ.6, саҳ. 4.

[16]. Биҳоруланвор, ҷ.95, саҳ. 359.

[17]. Тарбияти динӣ, ҷ.2, саҳ. 57.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.