Монеъҳои ташкили оила

54

images

Аҳамият додан ба сарват

  1.  Имом Ҳусейн (а): Барои банда гуноҳе бадтар аз ин нест, ки писари бародари мўъмини ў наздаш бираваду бигўяд: Маро бо духтарат издивоҷ бидеҳ ва ў бигўяд: Ин корро намекунам, ман аз ту сарватмандтарам.

2.Ал-мўъмин ба нақл аз Иброҳими Таймӣ: Дар ҳоли тавоф будам, ки Имом Содиқ (а) бозуямро гирифту ба ман салом кард. Сипас фармуд: Эй Иброҳим! Мўъмин ба ҳеҷ суде даст наёфтааст, ки барояш зиёнбортар аз сарват бошад. Сарват барои ў зиёнбортар аз ду гурги даранда аст, ки ба галлаи чўпоне ҳамла мебаранд, яке аз аввалли галла ва дигаре аз охири он.

Сипас фармуд: Гумон мекунӣ ки он ду гург чӣ мекунанд?

Гуфтам: Ҳазрат ба саломат бод! Галларо нобуд мекунанд.

Фармуд: Дуруст аст. Камтарин зиёне ҳам ки ба мўъмини сарватманд мерасад ин аст, ки бародари мусулмонаш назди ў ба хостгорӣ биравад ва ў бигўяд: Ту молу сарвате надорӣ.

   Аҳамият додан ба бузургзодагӣ

3. Паёмбари Худо (с): Миқдод ва Зайдро аз хонадони бузурге зан додам, то бидонед, ки шарифтарини шумо назди Худованд, некхўтарини шумост.

4. Паёмбари Худо (с): Зайд ибни Ҳорисаро ба издивоҷи Зайнаб духтари Ҷаҳш ва Миқдодро ба издивоҷи Зубоа духтари Зубайр ибни Абдулмутталиб даровардам, то бидонанд, ки бузургтарин шарофат, Ислом аст.

5. Сунан-ул-кубро ба нақл аз Зубайдӣ: Зуҳрӣ дар бораи ин моҷаро (яъне моҷарои дастур додани Расули худо (с) ба Бани Баёза, ки аз миёни худ духтареро ба ҳамсарӣ ба Абўҳинд бидиҳанд), бароям нақл кард, ки онон (Бани Баёза) гуфтанд: Эй Расули Худо! Духтарони моро ба ҳамсарии ғуломони мо медароварӣ?! Пас, Худои азза ва ҷалла ин оятро фурў фиристод: «Мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо миллат-миллату қабила-қабила қарор додем, то якдигарро бишиносед».[1]

6. Имом Содиқ (а): Паёмбари Худо (с) Миқдод ибни Асвадро ба издивоҷи Субоа духтари Зубайр ибни Абдулмутталиб даровард. Сипас Имом фармуд: Паёмбар (с) ўро ба ҳамсарии Миқдод даровард, то сатҳи издивоҷҳо поин биёяд ва пайвандҳои табақотӣ аз байн биравад ва мардум аз Паёмбари Худо (с) сармашқ бигиранду бидонанд, ки гиромитарини шумо назди Худо, бо тақвотарини шумост. Ва Зубайр, бародари тании Абўтолиб ва Абдуллоҳ, падари Паёмбар (с) буд.

7. Имом Боқир (а): Марди шайбоние аз аҳли Басра, ки ба ў Абдулмалик ибни Ҳармала гуфта мешуд, бар Имом Зайнулобидин (а) гузашт. Имом (а) аз ў пурсид: Оё хоҳаре дорӣ?

Гуфт: Оре.

Гуфт: Оё ўро ба ҳамсарии ман медароварӣ?

Гуфт: Оре.

Пас, он марди шайбонӣ рафт ва марде аз ёрони Имом Зайнулобидин (а) дар паи ў равона шуд, то ба сарои ў расиду дар борааш пурсуҷў кард. Ба ў гуфта шуд: Ў фалон писари фалон ва меҳтари қавми хеш аст. Сипас он мард назди Имом Зайнулобидин (а) баргашту гуфт: Эй Абулҳасан! Дар бораи ин ки мехоҳед домоди ин марди шайбонӣ бишавед, пурсуҷў кардам. Гуфтанд, ки ў меҳтари қавмаш аст.

Имом Зайнулобидин (а) ба ў фармуд: Фалонӣ! Ман аз он чӣ мебинам ва аз он чӣ мешунавам, бароят мегўям! Магар намедонӣ, ки Худои азза ва ҷалла бо Ислом пастиро баландӣ бахшиду костиро комил гардонид ва фурўмоягиро бузургворӣ бахшид?! Пас, мусулмон паст нест. Пастӣ, пастии ҷоҳилият аст.

8. Имом Содиқ (а): Имом Зайнулобидин (а) бо канизе, ки аз они Имом Ҳасан (а) буд, издивоҷ кард. Ин хабар ба гўши Абдулмалик ибни Марвон расид. Дар номае ба ҳазрат навишт, ки: Ту шавҳари канизон гаштаӣ!

Имом Зайнулобидин (а) ба ў навишт: Ҳамоно Худованд ба василаи Ислом, пастиро баландӣ бахшида ва ноқисро комил гардонида ва аз фурўмоягӣ ба арҷмандӣ расонидааст. Бинобар ин, ҳеҷ мусулмоне паст нест, балки пастии воқеӣ, пастии ҷоҳилият аст. Паёмбари Худо (с) худ ғуломашро аз қавми худ зан дод ва бо канизаш издивоҷ кард.

Вақте нома ба Абдулмалик расид, ба атрофиёнаш гуфт: Ба ман бигўед он кадом мард аст, ки ҳаргоҳ коре, ки дигаронро паст мекунад, анҷом бидиҳад, ҷуз бар бузургии ў намеафзояд?

Гуфтанд: Амирулмўъминин.[2]

Абдулмалик гуфт: На, ба Худо! Ў чунин нест!

Гуфтанд: Мо касе ҷуз аирулмўъминро намешиносем!

Гуфт: На, ба Худо! Ў амирулмўъмин нест, балки Алӣ ибни Ҳусайн аст.

9. Алӣ ибни Асбот ба Имом Боқир (а) дар бораи духтаронаш нома навишт, ки касе ҳамтои худ намеёбад, то духтаронашро ба ҳамсарии онон дароварад. Имом Боқир (а) ба ў навишт: Он чиро дар бораи духтаронат навишта будӣ, ки касе ҳамтои худат намеёбӣ, фаҳмидам. Худоят туро раҳмат кунад! Чунин андешае ба худ роҳ мадеҳ, зеро Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳаргоҳ касе назди шумо ба хостгорӣ омад, ки ахлоқу дини ўро меписандед, ба ў зан диҳед, ки агар чунин накунед, гуноҳу табоҳии бузурге дар замин падид хоҳад омад. Ноогоҳӣ аз дин

10.  Зане назди Имом Содиқ (а) омаду гуфт: Имом ба саломат бод! Ман зани торики дунёе ҳастам.

Имом (а) фармуд: Манзурат аз тарки дунё чист?

Гуфт: Издивоҷ намекунам.

Фармуд: Чаро?

Гуфт: Бо ин кор, дар паи касби фазилат ҳастам.

Фармуд: Баргард, ки агар дар ин кор фазилате буд, ҳар оина Фотима (а) аз ту ба он сазовортар буд. Ҳеҷ кас нест, ки дар фазилат бар ў пешӣ бигарад.

Гурез аз масъулият

11. Ҷомеъ-ул-ахбор: Паёмбари Худо (с) ба марде ба номи Аккоф фармуд: Ҳамсар дорӣ? Гуфт: На, эй Паёмбари Худо! Фармуд: Канизе дорӣ? Гуфт: На, эй Паёмбари Худо! Фармуд: Оё тавонгарӣ? Гуфт: Бале.

Фармуд: Издивоҷ кун, вагарна аз гунаҳкорон ҳастӣ.

Дар ривояти дигаре омадааст: Издивоҷ кун, вагарна дар шумори роҳибони насоро ҳастӣ.

Ва дар ривояти дигаре омадааст: Издивоҷ кун, вагарна аз бародарони шаётин ҳастӣ.

12. Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абўзар (р): Марде ба номи Аккоф ибни Бишри Тамимӣ назди Паёмбар (с) омад. Паёмбар (с) ба ў фармуд: Эй Аккоф! Оё ҳамсар дорӣ?

Гуфт: На.

Фармуд: Ва на канизе?

Гуфт: Ва на канизе.

Фармуд: Оё тавони молӣ дорӣ?

Гуфт: Тавони молӣ дорам.

Фармуд: Пас, ту аз бародарони шаётин ҳастӣ. Агар аз насоро будӣ, аз раҳбонашон мебудӣ! Суннати мо издивоҷ кардан аст. Бадтарини шумо, беҳамсаронатон ҳастанд. Пасттарини мурдагонатон, беҳамсаронатон ҳастанд. Оё бо шайтон шўхӣ мекунед?! Шайтон барои табоҳ кардани некон, силоҳе буррандатар аз занон надорад, магар онон ки издивоҷ карда бошанд. Онон пок ҳастанду аз фасод дар амонанд. Вой бар ту эй Аккоф! Занон, ҳатто аз васваса кардани Айюбу Довуд ва Юсуфу Курсуф дастбардор набуданд.

Бишр ибни Атия гуфт: Курсуф кист, эй Паёмбари Худо!

Фармуд: Марде буд, ки дар соҳиле аз соҳилҳои дарё, сесад сол Худоро ибодат мекард. Рўзҳо рўза мегирифту шабҳоро ба ибодат мегузаронд, аммо ошиқи зане шуду ба сабаби он ба Худои бузург кофир гашт ва ибодати Худоро раҳо кард, вале баъд ба воситаи коре, ки кард, Худо ба доди ў расиду тавбаашро қабул кард. Вой бар ту эй Аккоф! Издивоҷ кун, вагарна аз ноустуворон дар дину имон хоҳӣ буд.

Аккоф гуфт: Маро ҳамсар бидеҳ, эй Паёмбари Худо!

Фармуд: Туро ба ҳамсарии Карима духтари Кулсуми Ҳимярӣ даровардам.

[1] Сураи Ҳуҷурот, 13.

[2] Мақсудашон худи Абдулмалик буд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.