Қуръон
Ва дуруд бар ў, рўзе ки зода шуд ва рўзе ки мемирад ва рўзе ки зинда барангехта мешавад![1]
Ва салом бар ман рўзе ки зода шудам ва рўзе ки мемирам ва рўзе ки зинда барангехта мешавам![2]
Ҳадис
- Имом Боқир (а): Эй фарзанди рўзҳои сегона: он рўз, ки дар он зода шудӣ, он рўз, ки дар қабрат фуруд меоӣ ва он рўз, ки ба сўи Парвардигорат берун меоӣ. Эй вой бар ў аз он рўзи бузург!
- Имом Боқир (а) ҳангоми табрик ба хотир фарзанддор шудани касе: Аз Худо мехоҳам, ки ўро бо ту ва пас аз ту ҷонишини шоистаи ту қарор диҳад, зеро фарзанд ҷонишин падар дар зиндагию марги ўст.
- Имом Содиқ (а): Бузургтарин рўзи инсон, рўзе аст, ки зода мешавад ва кўчактарин рўзи ў, рўзе аст, ки мемирад.
- Имом Содиқ (а): Шахсе дар табрик ба касе, ки писардор шуда буд, гуфт: Таваллуди фарзанди саворкор бар ту муборак бод.
Имом Ҳасан (а) ба ў фармуд: Ту чӣ медонӣ, ки ў саворкор хоҳад шуд ё пиёда?
Фидоят шавам, пас чӣ бигўям?
Фармуд: Бигў: Сипос гузоридӣ бахшандаи ин неъматро ва ҳадяи Худованд ба ту муборак бод. Умедворам ба камол бирасад ва Худованд некияшро рўзии ту гардонад.
- Кофӣ ба нақл аз Алӣ ибни Ҳакам аз яке аз пайравон: Имом Козим (а) дар таваллуд яке аз фарзандонаш то се рўз бо косаҳои бузург дар масоҷиду кўчаҳо ба мардуми Мадина бо фолуда[3] валима дод.
[1] Марям/15.
[2] Марям/33.
[3] Фолуда, ҳалвое аст, ки аз орд ва обу асал дуруст мекунанд.