Эҳтимом ба пурсишгарӣ

78

Қуръон

Пас агар намедонед, аз огоҳон бипурсед.[1]

Ҳадис

1.Паёмбар (с): Дониш ганҷинаҳое аст, ки калиди он пурсиш аст. Бипурсед. Худованд шуморо раҳмат кунад, ки чаҳор гурўҳ подош мебаранд: саволкунанда, посухдиҳанда, шунаванда ва дўстдори онон.

2.Имом Алӣ (а): Ҳар ки дар хурдсолӣ бипурсад, дар бузургсолӣ посух медиҳад.

3.Имом Содиқ (а)-ба Ҳумрон ибни Аъян дар бораи матолибе, ки пурсид-: Ҳамоно мардум нобуд мешаванд, чун намепурсанд.

4.Имом Содиқ (а): Ба Паёмбар (с) гузориш дода шуд, ки марди маҷрўҳу осебдидае ҷунуб шуд ва ба ў гуфта шуд, ки ғусл кунад. Ў ҳам ғусл кард ва сипас сармо хўрду аз дунё рафт.

Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ўро куштанд. Худованд ононро бикушад! Ҳамоно доруи дармонда (аз посух) пурсидан (аз доно) аст».

5.Муснади Ибни Ҳанбал-ба нақл аз Абўумома-: Ҷавоне назди Паёмбар (с) омаду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Иҷозат бидеҳ зино кунам!

Мардум ба сўяш ҳуҷум оварданду озораш доданд ва гуфтанд: Сокит шав!

Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ўро наздик биёваред».

Ҷавон ба Паёмбари (с) наздик шуду нишаст. Паёмбар (с) пурсид: Оё ин амалро барои модарат меписандӣ?.

Гуфт: На ба Худо, ҷонам фидоят!

Фармуд: Мардум ҳам ин амалро барои модарони худ намеписанданд.

(Сипас) фармуд: Оё ин амалро барои духтарат меписандӣ?.

Ҷавон гуфт: На ба Худо, эй Паёмбари Худо! Ҷонам фидоят!

Фармуд: Мардум ҳам ин амалро барои духтарони худ намеписанданд.

(Сипас) фармуд: Оё ин амалро барои хоҳарат меписандӣ?.

Гуфт: На ба Худо, ҷонам фидоят!

Фармуд: Мардум ҳам ин амалро барои хоҳарони худ намеписанданд.

(Сипас) фармуд: Оё ин амалро барои аммаат меписандӣ?.

Гуфт: На ба Худо, ҷонам фидоят!

Фармуд: Мардум ҳам ин амалро барои аммаҳои худ раво намедоранд.

(Сипас) фармуд: Оё ин амалро барои холаат меписандӣ?.

Гуфт: На ба Худо, ҷонам фидоят!

Фармуд: Мардум онро барои холаҳои худ намеписанданд.

(Сипас) Паёмбари Худо (с) дасти хешро бар он ҷавон ниҳоду гуфт: «Бор Худоё! Гуноҳашро бибахшу дилашро покиза гардон ва ба вай покдоманӣ деҳ!».

Он ҷавон аз он пас ҳаргиз суроғи кори бадро нагирифт.

[1] Сураи Наҳл, ояти 43.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.