Тарзи тайёр кардани гулмантуи обӣ

64

Маҳсулот:

3 истакон орд;

1 дона тухм;

2/3 истакон об;

1/2 қошуқча намак;

гӯшти қима;

пиёз;

намак;

мурч.

Тарзи омода кардан:

Аз об, тухм ва орд хамир омода намуда, онро ба муддати 30–40 дақиқа мегузорем, то ин ки хуб дам гирад. Баъд аз он қимаро омода мекунем. Гӯшти қимаро бо пиёзи майда резакардашуда якҷоя мекунем ва ба он намаку мурчро илова менамоем. Хамирро тунук карда, ба рӯйи он фаршро тунук менамоем ва ба монанди рулет мепечонем. Рулети омодашударо бурида, дар зарфе, ки оби ҷӯш дорад, меандозем ва болояшро мепӯшонем. Баъд аз омода шудан, бо кабудӣ оро медиҳем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.