Тарзи тайёр кардани консерви помидор

99

Маҳсулоти зарурӣ:

Помидор 2–2,5 кг.

Қаламфури булғорӣ -2 дона.

Сирпиёз -1дона.

Шибит (укроп) – 1 бандча.

Сирко – 1 қошуқи калон.

Ҷаъфарӣ (петрушка) – 1 шохча.

Барги халиҷӣ (лавр) – 2–3 дона.

Шакар – 5 қошуқи калон.

Мурчи сиёҳ 10–15 дона.

Намак – 2 қошуқи калон.

Тарзи омода кардан:

Зарфи шишагини се литраро бо ҳамроҳии сарпӯшҳои оҳанин ба муддати 15 дақиқа буғ (стерилизатсия) мекунем. Маҳсулоти дар боло зикршударо тоза карда, шуста, баъдан мехушконем. Ба қаъри зарфи шишагин мурчи сиёҳ, барги халиҷӣ, шибит, сирпиёз, ҷаъфариро меандозем ва ба болои онҳо оби ҷӯшондаро оҳиста – оҳиста мерезем, то зарф нашиканад. Баъди 15 дақиқа оби онро ба зарфи дигар рехта, намак ва каме шакарро илова мекунем. Маҳлули тайёршударо як бори дигар ҷӯшонда, ба зарфи шишагӣ мерезем ва сирко илова менамоем. Сарпӯши оҳанинро маҳкам карда, зарфро сарозер мегузорем ва болои онро бо матои гарм мепӯшонем. Баъди як шабонарӯз зарфро ба таҳхона интиқол медиҳем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.