Чигунагии бархурд бо ҳамсари дурӯғгӯ

Яке аз авомиле, ки боиси аз байн рафтани эътимод дар афрод мешавад, дурӯғгӯӣ аст. Афроде, ки ба ин кор одат кардаанд ба мурури замон эътибори худро назди дигарон аз даст хоҳанд дод.

270

Дар зиндагии заношуӣ дурӯғгӯӣ боиси ихтилофҳои шадид байни ҳамсарон хоҳад шуд. Дар ин гуфтугӯ доктор Худоӣ, доктори илмҳои тавонбахшӣ тавзеҳ медиҳад, ки бо ҳамсари дурӯғгӯ бояд чигуна рафтор кунем?

 Таҳлили равонии дурӯғ гуфтан чист?

– Дурӯғгӯӣ аз масоиле аст, ки дар ҳамаи адён нисбат ба он вокуниши манфӣ нишон дода шуда ва ба ҳамин далел мегӯянд дурӯғгӯ душмани Худост, аммо мутаассифона афроде ба мурури замон ба ин кор одат мекунанд ва кам-кам ин масъала дар равобити иҷтимоӣ, фардӣ, хонаводагӣ ва шуғлияшон асари манфӣ хоҳад гузошт. Дурӯғгӯӣ натанҳо кори нописанде аст, балки ба мурур замони эътибори фардро назди дигарон аз байн мебарад. Вақте фарде, ки ба ин кор одат кардааст, вориди зиндагии заношуӣ мешавад мушкилоташ дубаробар хоҳад шуд.

Дурӯғ гуфтан ҳамеша ба ин маъно нест, ки фард амдан мехоҳад ба каси дигар осеб бирасонад аммо мумкин аст натиҷаи номатлуб ҳосили дурӯғгӯии ӯ бошад. Баъзе афрод дурӯғ мегӯянд, чун мехоҳанд худашонро собит кунанд. Дар воқеъ дурӯғ гуфтан барои онҳо навъе рафтори дифоӣ аст, барои мисол кӯдак тайи мароҳили рушд мутаваҷҷеҳ мешавад дурӯғ метавонад ӯро аз бисёре аз асабониятҳо ва танбиҳҳои падар ва модар ё атрофиён ҳифз кунад. Дурӯғ роҳе аст, ки фард метавонад назари мусбати атрофиёнро ба даст биоварад ва амали ношоист ва бади худро пинҳон кунад.

 Чӣ афроде бештар дурӯғ мегӯянд?

– Афроде, ки зиддииҷтимоӣ ҳастанд, зеро дӯст надоранд қонуне дар зиндагияшон бошад ва касоне, ки эҳсоси ҳақорат мекунанд, зеро намехоҳанд дигарон аз заъфҳои онҳо огоҳ шаванд.

 Чаро бархе афрод бар ин бовар ҳастанд, ки дурӯғашон маслиҳатӣ аст ва мушкиле надорад?

– Афрод пушт ин ҳарф пинҳон мешаванд, зеро мехоҳанд эҳсоси бади камтареро баъд дурӯғ гуфтан таҷриба кунанд. Мутаассифона дурӯғҳои маслиҳатӣ ҳамеша бадтарин навъи дурӯғҳо ҳастанд ва хеле аз афроде, ки ба дурӯғ одат мекунанд, исми ин корашонро маслиҳат мегузоранд.

 Аслан магар дурӯғи маслиҳатӣ ҳам мешавад? 

– На, намешавад ва афроде, ки ба булуғи комили фикрӣ ва шахсиятӣ нарасидаанд аз ин баҳона бештар истифода мекунанд, дар сурате, ки мутаваҷҷеҳ нестанд агар ин корро анҷом диҳанд ба мурури замон дигарон ҳатто ҳарфҳои рости онҳоро ҳам намепазиранд.

 Ҳамсари дурӯғгӯ чӣ таъсире бар робитаи заношуӣ мегузорад?

– Мутаассифона ҳеҷ чиз бадтар аз ин нест, ки натавонем ба ҳамсармон, ки наздиктарин фард дар зиндагиямон аст, итминон кунем. Мусалламан зиндагӣ кардан бо ҳамсари дурӯғгӯ аслан хушоянд нест. Мумкин аст бори аввал ва дувум, ки ӯ дурӯғ мегӯяд ва шумо мутаваҷҷеҳ мешавед, хеле аксуламали хоссе нишон надиҳед, аммо баъд аз муддате, кам-кам нисбат ба ӯ беэътимод мешавед ё гоҳе бо ӯ ба тундӣ ва бо асабоният бархурд мекунед. Бисёре аз хонумҳо наметавонанд мутаваҷҷеҳ шаванд чаро ҳамсарашон ба онҳо дурӯғ мегӯяд, дар ҳоле, ки онҳо бо садоқат ва дурустии тамом рафтор мекунанд ва тамоми зиндагияшонро вақфи хонавода кардаанд ё баръакс.

 Дуруст аст, ки гоҳе худи ҳамсар бо рафторҳояш боиси дурӯғгӯии тарафи муқобилаш мешавад?

– Бале, ин маврид яке аз мавориди муҳиме аст, ки боиси тарғиби дурғгӯии бештар дар фард мешавад, барои мисол вақте марде бо дӯсташ ба тафреҳ меравад ва ҳангоми бозгашт ба хона ва таърифи моҷаро барои ҳамсараш мавриди муохиза қарор мегирад, табиӣ аст, ки дафъаи баъд, қарор бо дӯстонашро ба ҳамсараш нахоҳад гуфт ва кам-кам ҳамин нагуфтанҳо боиси эҷоди сӯитафоҳум ва адами садоқат дар зиндагӣ мешавад.

Бинобарин наметавон гуфт як шавҳари дурӯғгӯ нисбат ба эҳсосоти ҳамсараш беэътино аст. Дар ҳақиқт мумкин аст ӯ ба далели баъзе рафторҳои ҳамсараш ба як фарди дурӯғгӯ табдил шуда бошад.

Ба ин тартиб дурӯғ гуфтан барои ҳамсарон роҳе мешавад барои ҳифзи шахсият, эҷоди оромиш ва дӯстӣ дар хонавода. Барои мисол фард метавонад ин гуна бо худ фикр кунад, ки ман тарҷеҳ медиҳам дар бораи корҳоям дурӯғ бигӯям, то инки бихоҳам кореро, ки дӯст дорам, канор бигузорам.

 Роҳи ҳалли шумо барои ин мушкил чист?

– Беҳтарин роҳ ҳал барои инки ҳамсаратон дигар дурӯғ нагӯяд ин аст, ки шароитеро дар хона фароҳам кунед, ки ӯ дигар маҷбур ба дурӯғ гуфтан нашавад. Агар зану шавҳар битавонанд каме якдигарро озод бигузоранд ва ҳар кадом ба дигаре иҷоза диҳанд он тавр зиндагӣ кунад, ки дӯст дорад, ба мурур табдил ба ду дӯст мешаванд ва дигар лозим намеояд ба ҳамдигар дурӯғ бигӯянд. Ба таври куллӣ бояд гуфт ҳар фард ба фазое барои нафас кашидан ниёз дорад ва вақте ин фазо фароҳам шавад, дурӯғ гуфтан мутаваққиф хоҳад шуд.

Вақте як зан ба шавҳараш эътимоди комил дорад ва мутмаин аст, ки шавҳар ба ӯ дурӯғ намегӯяд, яқинан рафтори дигаре хоҳад дошт ва дар муқобил марде ҳам, ки эҳсос кунад ҳамсараш ба ӯ итминон ва эътимод дорад, аз ҳар коре, ки оромиши зиндагиро ба ҳам бизанад, мепарҳезад. Тағйири рафтор, замонбар ва сахт аст ва мушоҳидаи осори ин тағйири рафторҳо низ муддате тӯл мекашад. Шумо наметавонед як шаба ҳамсари дурӯғгӯятонро тағйир диҳед.

 Бархе бар ин бовар ҳастанд, ки вақте касе дурӯғ мегӯяд набояд ба рӯи ӯ овард, ба хусус дар зиндагии заношуиӣ. Шумо бо ин мавзӯъ мувофиқ ҳастед?

– На, мувофиқ нестам. Ба назарам агар ҳаргиз ба рӯи фард наоварем дар воқеъ ба ӯ иҷоза додаем ба рафтораш идома диҳад ва моро бо дурӯғ гуфтанҳояш бештар биёзорад. Ман мегӯям ба рӯи ӯ биоваред, аммо ба ҷо ва бо рафтори мантиқӣ ва хориҷ аз ҳар гуна даъво ва хушунат, масалан дар як фазои муносиб, ки ҳоли ҳар дуятон хуб аст ба таври ғайри мустақим ба ӯ бигӯед мутаваҷҷеҳи дурӯғаш шудаед ва саъй кунед моҷароро ҳам хеле тӯлонӣ накунед, зеро ҳаргиз ба салоҳ нест.

 Ин ихтилофҳо бештар авоили зиндагӣ ба вуҷуд меояд. Ин тавр нест?

– Ибтидои зиндагӣ қарор аст ду нафар, ки дар ду хонавода ва дар фазои мухталиф бузург шудаанд зери як сақф бо якдигар зиндагӣ кунанд ва хеле табиӣ аст мушкилоте ба вуҷуд биёяд, масалан мард назди модараш меравад ва ба ҳамсараш намегӯяд, аммо ёдамон бошад беҳтар аст аз ҳамон ибтидо сангҳои зиндагиямонро дуруст ва бо садоқат бачинем, то охири роҳ ончи, ки бо ҳам сохтаем рӯи сарамон хароб нашавад ва дар ин роҳ ҳеҷ чиз беҳтар аз садоқат нест.

– Агар эътимодатонро аз даст додаед ва эҳсос мекунед дигар наметавонед бо дурӯғгӯии ҳамсаратон канор биёед, беҳтар аст думболи роҳи ҳал барои мувоҷеҳа бо дурӯғгӯии ҳамсаратон бошед. Қатъан бо интихоби роҳи ҳалли муносиб, натанҳо метавонед рафтори дурусте дошта бошед, балки хоҳед донист чигуна эҳсосатонро мудирият ва онҳоро иброз кунед. Гуфтугӯ кардан яке аз роҳи ҳалҳо аст. Албатта лозим аст худатонро омодаи шунидани ҳар ҳақиқате бикунед.

Мумкин аст ҳамсаратон масоиле ба шумо бигӯяд, ки ғофилгир шавед ё дӯст надошта бошед онҳоро бишинавед. Албатта мумкин аст баъзе аз далоиле, ки ҳамсаратон баён мекунад, шуморо қонеъ кунад. Ба таври комилан равшан ва сареҳ ба ӯ бигӯед, ки ҳарфҳояшро қабул доред, аммо дӯст надоред ҳатто ба хотири он далоил ҳам дурӯғ бишинавед, ҳатто инки ба қимати нороҳатии бисёри шумо тамом шавад. Беҳтар аст дар интиҳои сӯҳбататон, хатти қирмизҳоро барои ҳамдигар мушаххас кунед ва ба ҳамсаратон бигӯед ҷоиз ба дурӯғ гуфтан нест ва шумо пас аз ин ӯро барои дурӯғҳояш нахоҳед бахшид.

 Доштани волидайни дурӯғгӯ чиқадар дар тарбияти як кӯдаки дурӯғгӯ муассир хоҳад буд?

– Бисёр зиёд, кӯдаке, ки шоҳиди дурӯғгӯии волидайнаш нисбат ба якдигар аст, натанҳо дар оянда ин рафторро бо ҳамсари худ хоҳад дошт, балки ба сахтӣ ҳам ба дигарон эътимод хоҳад кард, бинобарин волидайн нақши муҳимме дар парвариши як фарди дурӯғгӯ дар ҷомеа доранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.