Нукоти омӯзанда барои тарбияти фарзанди солеҳ

50

Нукоти омӯзанда барои тарбияти фарзанди солеҳ

Расули Акрам(с) фармудаанд: “Ба фарзандони худ эҳтиром гузоред ва ононро некӯ тарбият кунед”.

Тарбияти фарзанд аз назари дини ислом, муҳимтарин масъала ба шумор меравад, ба қадре, ки яке аз аҳдофи аслии издивоҷ, доштани фарзанди солеҳ дониста шудааст.

Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст, ки: “Ҳар кас фарзандашро бибусад, Худованд барои ӯ савоб менависад ва ҳар кас, ки фарзандашро шод кунад, Худованд рӯзи қиёмат ӯро шод хоҳад кард ва ҳар кас Қуръон ба фарзандаш биомӯзад, падару модараш даъват мешаванд ва ду либос бар онон пӯшонда мешавад, ки аз нури онҳо, чеҳраҳои биҳиштиён нуронӣ мешавад”.

***   ***   ***

Тарбияти динии кӯдак

Нуктаи аввал: Таваҷҷӯҳ ба Раб

Таваҷҷӯҳ ба Раб – яъне парваришдиҳанда ва ба самти камолот.

Муҳимтарин нуктае, ки бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем ин аст, ки тарбияти аслии ҳамаи мо ба дасти Худованд аст.

Волидайн – падару модарон ба манзалаи боғбоне ҳастанд, ки бояд алафҳои бегонаро аз пеши пои фарзанд бардоранд ва муҳити зиндагӣ ва тарбиятии ӯро омода кунанд то ором-ором рушд кунад.

Пас, бояд аз Худо доштани фарзандони солеҳ ва ҳифзи онҳо аз офоти ахлоқӣ ва эътиқодиро дархост кунем.

Расули Худо(с) барои доштани фарзанди хуб, дуо мекарданд ва аз шарри фарзанди носолеҳ ба Худо паноҳ мебурданд…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.