Супоришоти ахлоқӣ аз Имом Ҳусейн(р)

95

Супоришоти ахлоқӣ аз Имом Ҳусейн(р)

Имом Ҳусейн(а) мефармоянд:

“Ҳар кӣ бихоҳад аз роҳи гуноҳ ба мақсаде бирасад, дертар ба орзуяш мерасад ва зудтар ба хатар меафтад”.

“Аз коре, ки бояд аз он пузиш хост, ҳазар кун, ки мӯъмин на бад кунад ва на узр хоҳад ва мунофиқ ҳар рӯз бад ва кунаду маъзарат талабад”.

“Мӯъмин Худоро паноҳи худ гирад ва гуфтори ӯро оинаи худ созад; гоҳ дар сифоте, ки аз барои мӯъминон фармуда бингарад ва гоҳ дар авсофи мутакаббирон, латифаҳо аз он баргирад, худро дуруст бишносад, бо зиракӣ ба мақоми яқин расад ва бар тазкияву таҳзиби нафс тавоно бошад”.

“Ҳамнишинии хирадмандон – нишонаи писандида будан аст”.

“Некӣ монанди борон аст, ки бар неку бад меборад”.

“Дар бораи он чӣ бар ту суде надорад, сухан магӯй, зеро метарсам, бори сангине бар дӯши ту ниҳад”.

“Ҳаргиз бемаврид сухан магуй, то барои сухан гуфтан ҷои муносиб пайдо кунӣ, зеро чӣ бисёр сухарваре, ки сухани баҳақ гуфта, вале чун бемаврид буда, нописанду маъюб ҷилва кардааст”.

“Битарс, ки аз ононе набошӣ, ки бар гуноҳи мардум битарсӣ, вале бар гуноҳони худ матарсӣ. Зеро Худованд маҳрум намекунад касеро аз биҳишт ва намерасонад касеро ба неъматҳои худ, магар ба воситаи ибодату итоати худи он банда”.

“Ҳар он кас, ки бахшиш кунад, сиёдату бузургворӣ пайдо мекунад ва дар байни мардум азиз хоҳад шуд”.

“Худо медонад, ки ман дӯст дорам намоз хонданро ва тиловати Қуръони Карим ва бисёр муноҷот намудан бо Худоро”.

“Бипарҳез аз ситам бар касе, ки ғайри Худо ёваре надорад!”

“Ростгӯӣ бузургворист ва дурӯғгӯӣ нотавонӣ”.

“Ҳамсоягӣ – хешовандист”.

“Кумак кардан, садақа аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.