Издивоҷи оқилона ва зиндагии ошиқона

182

Яке аз пурсишҳое, ки дар ин масъала хеле бо он рӯ ба рӯ мешавам, ин бунёди оила дар асоси ишқ аст. Хелеҳо аз ман ин пурсишро кардаанд, ки назари Ислом ба ин масъала чӣ гуна аст? Алалхусус, аз дӯстону ҳамкорони ғарбӣ ва рус фаровон интиқоду саволоте шунидаам, ки магар мумкин аст бо касе, ки дӯст надорӣ, зери як сақф зиндагӣ кунӣ?

  • «Оила» калимаи арабист – шакли занона ва муаннаси «оил» ба маънои «мӯҳтоҷ» мисли «муаллима», ки шакли занонаи «муаллим» аст ва ё «шоира», ки шакли занонаи «шоир» аст ва ғайра. Аз вожаи арабии «ъайла» меояд, яъне «эҳтиёҷу ниёз». Ба таъбири дигар «оила-яъне зани мӯҳтоҷ».
  • Аммо дар истилоҳ «оила» ба пайванди зану марде гуфта мешавад, ки зиндагии якҷоя ва бо ҳамро интихоб мекунанду ҷуфт мешаванд ва аз онҳо фарзандон мерӯянд.
  • Издивоҷи мард бо мард ва ё зан бо занро дар ҷомеаҳои шарқӣ ва мусулмонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ «оила» гуфтан намешавад, аммо дар бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, алалхусус дар кишварҳои ғарбӣ ва Амрико издивоҷи ҳамҷинсон расмӣ шуда, ҳукми қонуниро гирифтааст ва ҳамчун ҳаққи инсонӣ эътироф гардидааст.
  • Албатта, барои ҷомеи мусулмоннишину шарқии мо дар Тоҷикистон пайванди ҳамҷинсон инҳирофи бузурги ахлоқӣ буда, дину мазҳаби мо онро ҳамчун гуноҳи кабира мешуморанд.
  • Оиладорӣ иборат аст аз иҷрои масъулият ва ӯҳдадориҳое, ки ду ҷинси муқобил дар баробари якдигар бар ӯҳда мегиранд. Аз нуқтаи назари урфу мазҳабҳои шарқӣ, алалхусус дар ислом оила ва ё оиладорӣ шакли қарордодӣ дорад на паймонӣ.
  • Яъне, вақте мо оиласозӣ ва оиладориро дар дини масеҳӣ назари гузарое меафканем, мебинем, ки дар он мазҳабу кеш оиладориву оиласозӣ дар асоси як аҳду паймон аст на як қарордоду масъулиятпазирӣ.
  • Як ҷуфти масеҳӣ вақте вориди калисо барои ақд мешаванд, дар ҳузури попу меҳмонон ба ҳамдигар аҳд мебанданд, ки то охирин лаҳзаи ҳаёт бо ҳамдигар хоҳанд буду дар сахтиву нармӣ дастгиру ёру ёвари якдигар ва ин паймон баста мешаваду баъдаш поп ё коҳини калисо онҳоро зану шавҳар эълон мекунад. Ногуфта нагузарем, ки дар масеҳият талоқ вуҷуд надорад, чун ин паймонро ҳеҷ кас ҳаққи шикас­тан надорад.
  • Ин хеле идеолӣ менамояду зебо, аммо амалан як кори намешуданӣ ҳаст. Чун инсонҳо хатокору аҳду паймоншикананд ва барои онҳое, ки паймоншиканӣ мекунанд ва ё издивоҷашон барор намегирад, роҳи берунрафте вуҷуд надорад.
  • Аммо дар дини мубини ислом издивоҷ як шакли қарордодӣ дорад, ба ин маъно, ки шумо вақте вориди ақду никоҳи мусулмонӣ мешавед, дар дараҷаи аввал зери як қарордод бо ӯҳдадориҳое имзо мегузоред, ки ҳам ҷавобгариҳои ин дунёӣ дораду ҳам ухравӣ.
  • Мутобиқи аҳкоми издивоҷ ҳар марди мусулмон вазифадору ӯҳдадор аст, ки ҳамсари худро бо хонаву хӯроку пӯшок таъмин намуда, аз лиҳози отифиву равонӣ такягоҳ бошад. Аз тарафи дигар, ҳар зани шавҳаркунанда низ вазифадор аст, ки шавҳари худро итоат кунад, фарзанд ба дунё ораду амонатдори хонаву кошона бошад.
  • Яке аз пурсишҳое, ки дар ин масъала хеле бо он рӯ ба рӯ мешавам, ин бунёди оила дар асоси ишқ аст. Хелеҳо аз ман ин пурсишро кардаанд, ки назари Ислом ба ин масъала чӣ гуна аст? Алалхусус, аз дӯстону ҳамкорони ғарбӣ ва рус фаровон интиқоду саволоте шунидаам, ки магар мумкин аст бо касе, ки дӯст надорӣ, зери як сақф зиндагӣ кунӣ?
  • Усулан, дини мубини ислом бо оиласозӣ дар асоси ишқу муҳаббат мухолиф нест, аммо ошиқиро асоси издивоҷ қарор намедиҳад. Аз рӯйи таълимоти дини мо шартҳои издивоҷ иборат аз булуғ ё ба балоғат расидан ва оқилу мусулмон будан аст. Ҳеҷ ҷойе мо намебинем, ки донишманде мусулмон омада ва гуфта бошад, ки ошиқ шудану ошиқ будан низ яке дигар аз шартҳои издивоҷ ва бунёди оила аст.
  • Аммо боз ҳам ин савол мумкин аст матраҳ шавад, ки вақте дини мубини ислом бо ишқу муҳаббат мухолиф нест, пас чаро онро шарти бунёди оила қарор надодааст?
  • Посухаш ин аст, ки ишқу ошиқӣ иборат аз як эҳсоси зебову гузарои отифист, ки дар маҷмӯъ умри зудгузаре дорад. Худи Маҷнун, ки падари ишқи отифӣ бо зан аст, дар яке аз шеърҳояш мефармояд, ки:

                                                                «Изо конат қулубу мисола қалбӣ,

                                                                  Фамо конат изан тилкал қулубу».

  • «Агар ҳамаи дилҳо монанди қалби ман бошанд, пас кош аслан набошанд». Абёти ба ин монанде дар забони модарии мо ҳасту дар таронаҳо замзама мегардад:

                                                             «Бисӯзад хонаи Лайливу Маҷнун,

                                                                Кӣ расми ошиқӣ дар олам андохт».

  • Дигар ин, ки ишқу ошиқӣ ҳеҷ замонату кафолате надорад ва мумкин аст бо андак сабаби беҷойе ба нафрат табдил шавад. Одамҳо вақте ҳамдигарро кам мебинанд, иштиёқи якдигар доранд, вале вақте ҳар субҳ бо кушодани чашмон чеҳраҳои ҳамдигарро мебинанд, хаста мешаванду дилгир:

                                                                  «Одамо аз одамо зуд сер мешан,

                                                                  Одамо аз ишқи ҳам дилгир мешан».

  • Шодравон Алии Шариатӣ, яке аз бузургони муосири мо, дар ин росто фармудаи ҷолибе дорад, ки фикр мекунам баландтарин посухи пурсишҳои болост: «оқилона издивоҷ кун, то ошиқона зиндагӣ кунӣ».
  • Ғарбиёне, ки ба ишқу ошиқии шарқӣ метозанд, як масъалаи нозукро ба назар намегиранд ва он ин аст, ки ишқ барои ҳама аст. Ҳар инсон сазовори дӯстдоштан буда, ҳатман хислатҳову одатҳое дорад, ки шоистаи муҳаббат аст.
  • Пас вақте издивоҷ мекунанд ва баъдтар ошиқи якдигар мешаванд, ин муҳаббатро дигар поён нест. Аммо ошиқии пеш аз издивоҷ мушкили асосияш ин висол аст. Яъне издивоҷ. Як писару духтар, вақте хотирхоҳи ҳамдигар мешаванд, хеле талош мекунанд якдигарро бештар бубинанд, бо ҳамдигар вохӯриҳои пинҳонӣ намоянду бо телефону имейл соатҳо ҳамсӯҳбат бошанд.
  • Вале вақте издивоҷ мекунанду ба висоли якдигар мерасанд, гуё ишқашон пир мешаваду дигар дилбазани ҳамдигар мешаванд. Албатта, одамоне ҳам ҳастанд, ки аз ин қоида берунанд. Ишқи баъд аз издивоҷ поён надорад, чун ба сӯйи пайванде дар ҳаракат нест, балки дар асоси пайванде ба вуҷуд омадаасту беинтиҳост.
  • Бармегардем боз ба ҳамон мафҳуми «оила» ва ин, ки чаро билохира, ба ин пайванд ва ин издивоҷ мегӯянд «зани муҳтоҷ». Мо дар гуфтори тоҷикиямон низ ин калимаро бидуни ин, ки маънояшро дарк кунем, гоҳо барои ҳамсаронамон истифодааш мебарем. Вақте як тоҷик нахоҳад номи ҳамсарашро бигӯяд, фақат мефармояд: «Ман бо оилаам рафтам». Хуб пурсиш ҳамон аст, ки чаро барои ин пайванд вожаи «зани муҳтоҷ» интихоб шудааст?
  • Албатта, ин танҳо зан нест, ки ба мард эҳтиёҷ дорад, балки мард ҳам ба зан ниёзманд аст. Пас, агар ниёзу эҳтиёҷ аз ду тараф ҳаст, чаро ба издивоҷ гуфта мешавад, ки «зани мӯҳтоҷ-оила» ва чаро «оила-марди муҳтоҷ» гуфта намешавад?
  • Зан нисбат ба мард эҳтиёҷоти бештаре дорад. Устод Садриддин Айниро қисса мекунанд, ки бо дарки гуфтаҳои боло ҳар гоҳ ба фарзандони донишҷӯяш пул мефиристодааст, ба духтараш ду баробар нисбат ба писараш зиёд пул медодааст.
  • Ниёзи отифӣ, ҷинсӣ, моддӣ, ороишӣ ва … аз ҷумлаи ниёзҳои зананд. Бо моддитар шудани ҳаёту қиматтар шудани зиндагӣ, мутаассифона, занҳо бештар осебпазир мешаванд, алалхусус дар ҷомеаи мо. Ин аст, ки бояд рӯйи ин мафҳумҳои ба зоҳир осону оммафаҳм аз нав назар афканему бияндешем, то оқилонаву ошиқона зиндагӣ кунем.

Манбаъ: Бонувони тоҷик

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.