Рушд ва саломатии кӯдакони то панҷсола

67

Рушд ва саломатии кӯдакони то панҷсола

Хусусиёти кӯдакони зери панҷсола кадомҳост?

Рушд ва тарбияти кӯдакони се, чаҳор ва панҷсола

Тарбияти кӯдакон, дар синни зери панҷсолагӣ муҳимтару ҳассотар аст.

Солҳои аввалияи зиндагӣ ва махсусан чаҳор соли аввал, нақши бисёр муҳимме дар рушду саломатии кӯдак дорад, чаро ки дар ин даврон, кӯдак ба маҳоратҳои бисёре даст пайдо мекунад ва шахсияти ӯ шакл мегирад.

КӮДАКИ ЯКСОЛА

Масъалаи муҳим дар ин син, яъне то яксолагӣ, қад ва вазни кӯдак аст. Духтарон дар яксолагӣ байни 9 то даҳ килограм вазн дорнад ва қадди онҳо байни 75 сонтиметр то 77 сонтиметр аст. Аммо дарписарон ин мизон фарқ дорад ва вазни исар дар ин син, байни 7 килограм то 9-10 килограм мерасад ва қадди онҳо аз 74 сонтиметр то 77 сонтиметр рушд мекунад.

Аксуламали кӯдак дар ин син

Муҳимтарин аксулам ва кокуниши кӯдак дар ин син ба садоҳост. Кӯдак бояд дар ин син ба исмаш одаткарда бошад ва нисбат ба шунидани номи худаш, вокуниш нишон диҳад. Замоне ки шумо ӯро садо мекунед, аз чеҳрааш маълум бошад, ки садои шуморо шуморо мешунавад. Дар ҳоле ки ба хубӣ наметавонад сӯҳбат кунад, аммо бояд дарки ҳарфҳои дигарон рӯз ба рӯз дар ӯ афзоиш пайдо кунад ва нисбат ба онҳо аксуламал нишон диҳад.

Ин матлаб идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.