Баракоти ибодат дар ҷавонӣ

118

Баракоти ибодат дар ҷавонӣ

Ҷавоне, ки дар даврони ҷавонӣ ба ибодат бипардозад, мавриди таваҷҷӯҳи Худованд қарор мегирад. Бар ин асос ҷавонон бояд қадри даврони ҷавонии худро бидонанд ва аз он ба унвони як фурсати тиллоӣ барои ибодат дар роҳи Худо истифода намоянд.

Ниёиш ва ибодат ба унвони руҳ ва ҷавҳараи зиндагӣ дар тамоми умр, лозим ва ҳаётӣ мебошад. Равонишиноси амрикоӣ Ҳенри Линк, ки ба гуфтаи худаш, ибтидо мункири Худо буд ва динро марҷаъ ва паноҳгоҳи нобихрадон ва муртаҷеон медонист, бо дидани ҳаводиси гуногун, ба Худо имон овард, ӯ дар китоби худ, “Бозгашт ба сӯи имон” менависад:

“Дар натиҷаи таҳқиқоти тӯлоние, ки дар бораи афрод доштам. Пай бурдам, ки шахсияти ҳар кас бо дин сару кор дошта бошад ва ба ибодат бипардозад, ончунон қавӣ ва нируманд мешавад, ки ҳеч гоҳ инсони бедин наметавонад чунин шахсияте ба даст оварад”.

Масъалаи диндорӣ дар даврони ҷавонӣ арзиши болотаре дорад ва наметавон ширинӣ ва лаззатеро, ки бодат дар ҷавонӣ таъсир дорад ва таъсире, ки дар андеша ва равони инсон бар ҷой мегузорад, бо давраҳои дигар муқоиса кард.

Дар ривояте Паёмбари Акрам(с) ҷавони обидро ин гуна тавсиф мефармоянд:

“Фазилати ҷавони обид, ки аз оғози ҷавонӣ ибодат кунад, бар пире, ки вақте синни бисёр ёфт, ибодат кунад, чун фазилати пайғамбарон бар соири мардум аст”.

Дар идома ба чанд ривоят аз Паёмбари Акрам(с) таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб хоҳем намуд, ки дар он ба фазилат ва баракоти ибодат дар ҷавонӣ ишора шудааст.

Паёмбар (с): Ҳар кӣ дар ҷавонӣ хуб бандагӣ кунад, Худованд дар пирӣ ба вай ҳикмат меомўзад. Худои Мутаол мефармояд: «Ва чун ба рушду камоли хеш расид, ба ў ҳикмату дониш ато кардем» ва дар идомаи оят мефармояд: «Ва некўкоронро чунин подош медиҳем».

Паёмбар (с): Худованди азза ва ҷалла ҳафт гурўҳро дар сояи хеш бидорад, он рўзе, ки ҷуз сояаш сояе нест: пешвои адолатпеша ва ҷавоне, ки дар бандагии Худованди азза ва ҷалла рушд кардааст ва …

Паёмбар (с): Ҳар ҷавоне, ки дар донишу ибодат рушд кунад, то бузург шавад, Худованди Мутаол дар қиёмат подоши 72 сиддиқ ба вай мебахшад.

Паёмбар (с): Эй Абўзар! Ҳеҷ ҷавоне нест, ки дунёву хушияшро ба хотири Худованд канор ниҳад ва ҷавонияшро дар роҳи бандагии Худо сипарӣ кунад, магар он ки Худованд ба вай подоши 72 сиддиқ бибахшад.

Паёмбар (с): Беҳтарин уммати ман касе аст, ки ҷавонияшро дар фармонбардорӣ аз Худованд сипарӣ кунад ва худро аз хушиҳои дунё вогираду шефтаи охират бошад. Ба ростӣ, ки подоши ў назди Худованд бартарин ҷойгоҳи биҳишт аст.

Имом Содиқ (а): Худованд се гурўҳро бидуни ҳисобрасӣ вориди биҳишт мекунад: … пешвои адолатпеша, бозаргони ростгў ва пирамарде, ки умри худро дар фармонбарӣ аз Худованд сипарӣ кардааст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.