Эътирозоти кӯдак

25

Эътирозоти кӯдак

Эътирозоти кӯдак ва посухи мантиқӣ ба он

Гоҳе мо падару модарҳо дар зиндагии рӯзмарра ғарқ мешавем ва гирифтори масоили зиндагиву рӯзгор, хариди хӯроку либос ва корҳои дигар. Кӯдаки мо борҳову борҳо ба мо муроҷиат мекунад ва мо ҳам бидуни он ки бидонем ӯ дақиқан чӣ мехоҳад, бо калимоти мубҳам посух медиҳем.

Корҳои рӯзмарра ва ҳаҷми фишори онҳо рӯи падару модарон қобили инкор нест, аммо замонеро дар рӯз барои кӯдаконамон бояд ихтисос бидиҳем. Ҳар чӣ ки хостанд, дар он замони махсус анҷом диҳем, ба суханонашон гӯш диҳем. Замоне метавонед бо фарзандатон вориди гуфтугӯву музокира шавед, ки онҳо ба шумо эҳсоси хубе дошта бошанд.

Иртиботи модару фарзандӣ ва падариву фарзандӣ бояд ба ҳадде хуб бошад, ки битавон ду нафарро барои гуфтугӯ ва музокира омода созад. Бад нест, барои касби натиҷаи беҳтар аз гуфтугӯву музокира бо фарзандатон ва тарбияти саҳеҳ, аз машварати мутахассисону мураббиёни ботаҷриба баҳраманд шавед.

Гоҳе садои эътирози кӯдак шунида мешавад. Мумкин аст як рӯз кӯдаки шумо бигӯяд, ман дигар намехоҳам утоқамро тоза кунам. Дар ин ҳолат шумо ниёзе ба асабонӣ шудан ва баҳс кардан бо кӯдак надоред. Танҳо чизе ки барои расидан ба ҳадаф, яъне ин ки ӯ утоқашро ҳамчунон тозаву покиза кунад, ин аст, ки аз ӯ бипурсед, чӣ эҳсосе дорад?

Чаро чунин ҳиссе дорад?

Ҳоло агар утоқашро тоза накунад, чӣ тавр васоилашро пайдо мекунад?

Ё дар як утоқи ҳамеша чиркину номураттаб чӣ хел бихобад?

Ҳамин ки кӯдак ба яке аз ин саволҳо фикр кунад, барои шумо кофист то мутмаин шавед, кори худро дар ин лаҳза дуруст анҷом додаед. Баҳсро ҳам хеле дуру дароз накунед, дар ҳадди як ду саволи тааммулбарангез.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.