Сари мизи корӣ ғизо хурдан хатарнок аст

89

Пизишкон ҳушдор доданд ҳар рӯз  камаш 10 нафар бар асари бемории лахтагии хун(банд шудани ҷараёни хун  ё ба русӣ “Расстройство свертывания крови”) ҷони худро аз даст медиҳанд, ки иллати афзоиши теъдоди ин қурбониён тамоюли ҳарчӣ бештари кормандон барои сарфи ғизо дар сари мизи корӣ аст.

Пизишкон дар ин баррасӣ таъкид карданд ,ки хурдани ғизо сари мизи кор хатари лахтагии хун ва гирифторӣ ба бемории  ба амиқ руст шудани сиёҳрагро то ду баробар афзоиш медиҳад. Муттахассисон таъкид доранд, ки наздик ба 75 дарсад аз кормандони идораҳо дар гуруҳи синни 21 то 30 сол ва таи 10 соати корӣ бардавом ҳатто барои ғизо хурдан низ ба худашон истироҳат намедиҳанд ва ғизои чошт(нисфирӯзи)ро ҳам пушти мизи кор мехӯранд .

ғизо хурдан

 Ба гуфтаи коршиносони соҳаи саломат ва тағзия , тақрибан ҳамаи мову шумо ин корро анҷом медиҳем, яъне замони тӯлонӣ пушти мизи кор мешинем ва сандвич дар даст , хуроки чоштро низ дар ҳамон вазъият мехурем, бе онки чанд лаҳзае ба баҳонаи хурокхурӣ истироҳат кунем ё дам гирем. Ривоҷи ҳамини тарзи ғалати ғизо хурдан дар миёни кормандон муҷиб шуда, ки теъдоди қурбониёни бемории рустшудагии сиёҳраг дар ашхоси зери 40 сол бо суръат афзоиш пайдо кунад; ба тавре ки дар соли 2010 теъдоди ин қурбониён 94 нафар эълом шуд.Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2007 шумори онҳо 67 нафар буд ва ба ин тартиб омори талафоти бархоста аз ин бемории рагӣ 40 дарсад афзоиш ёфта аст.

 Ин беморӣ замоне кушанда мешавад, ки лахтагиҳои хунии ташкилшуда дар сиёҳраг ба шуш мерасанд . Пизишкон нигарони ин воқеъият ҳастанд, ки бисёре аз мавридҳои  гирифторӣ  ба банд шудани сиёҳраг сари вақт ташхис дода намешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.