Биҳишт ва ҷаҳаннам

156

Савол: Фалсафаи офариниши биҳишту ҷаҳаннам чист?

Ҷавоб: Шумо зинда ҳастед барои чӣ? Ҳаргуна ҳадафе, ки барои ин ҳаёти шумо қарор додашудааст, ҳамон басурати комил дар ҷаҳони дигар муҳаққақ хоҳад шуд. Агар ҳадафи касе дар маҳдудаи ҳамин завоҳир аст (қасрҳо, зебойиҳо, боғҳо, манзараҳои форам, мулки бепояён ва …) чунин чизе фақат метавонад дар охират муҳаққақ гардад. Агар ҳадафи касе илм ва дарк аст, он низ дар охират муясар аст:

لَقَدْ كُنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هذا فَكَشَفْنا عَنْكَ غِطاءَكَ فَبَصَرُكَ اَلْيَوْمَ حَدِيدٌ؛

Ту то ин рӯз дар ғафлат будӣ, то онки мо парда аз баробарат бардоштем ва чашми ту бинотар гардид. (Қоф, ояти 5).

   Ҳақойиқ дар қиёмат ошкор хоҳад шуд ва рости, ки расидан ба яқин ва дидани ҳамаи ончи дар ин ҷаҳон гузашта аст, чизи диданӣ ва бошукуҳ аст? Дар як тараф пайғамбарон, авлиё ва шуҳадо ва … қарор доранд ва дар сӯи дигар золимон, туғёнгарон, фирқаҳои мухталиф ва … . Онгоҳ миёни онҳо қазоват хоҳад шуд. Оё инҳо камчизе аст? Аз сӯи дигар дар биҳишт илова бар расидани инсон ба хостаҳои моддӣ (басурати аҷиб) боз масири маънавӣ ва камоли рӯҳониро таҷриба хоҳад кард ва он таваҷҷӯҳ ба зоту ҷамоли ҳақ таоло ва қудрату азамати ӯст, ҳамонгуна, ки дар ин ҷаҳон маҷзуби уйед ва дар ҷазабаи ҷамолу камоли ӯ ҳаркореро анҷом медиҳед дар он ҷаҳон низ чунин хоҳад буд. Аз инру сухани биҳиштиён ин хоҳад буд: “Дар он биҳишт забони шавқ ба тасбеҳу тақдис Худованд мекушоняд, ки: Борилоҳо! Ту аз ҳар нақсу камбуде поку муназзаҳӣ ва санои онҳо дар биҳишт саломат мебахшад ва охирин суханашон ҳамди парвардигори оламиён аст”. (Юнус, ояти 10). Бале,

Орифон ҳардаме ду ид кунанд, анкабутон магас қадид кунанд.

Умеди он дорем, ки дарин бора хуб фикр кунед, то ҳақиқат ошкор гардад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.