Ҳушдор ба ашхоси фарбеҳ

94

Режими  заҳрзудоӣ  истилоҳе аст,ки имрӯза бисёре  ашхос ҳар чанд вақт як бор ба  ин навъ режимҳо руй  меоваранд, то заҳрҳо ва бактерияҳои  баданашон дафъ шавад, аммо  ин истилоҳи илмӣ нест, балки  як истилоҳи умумӣ аст ва ашхосе, ки  бо илми  пизишкӣ   ошно нестанд ба он эътиқод доранд, аммо касоне ки  бо физиологияи  бадани  инсон ошно ҳастанд, медонанд ки  заҳрҳо дар бадан ҷамъ намешаванд  ва ниёзе  ба режими заҳрзудоӣ вуҷуд надорад.

Ин режимҳо аз меваҳо ва оби  меваҳо, кабудиҳо ва фаровардаҳои онҳо ғанӣ ҳастанд . Меваҳо ва сабзиҷот боиси эҷоди саломатии  афрод мешавад, аммо таъсирашон ба  ин  иллат нест,ки боиси  хуруҷи  заҳр  аз бадан шавад, балки ба  далели фибрбон ва таркибҳое аст ки доранд, таъсир мегузоранд ва дар ниҳоят  метавонанд заҳри  бархе мавод дар баданро кам кунанд.

Режимҳои мавсум  ба заҳрзудоӣ ағлаб режимҳои пурфибрӣ ҳастанд, ки дар тулонимуддат боиси коҳиши вазн,коҳиши чарбӣ ва рафъи мушкили  чарбӣ дар ҷигар   мешаванд.

Гирифтани режимҳое,ки ба як гурӯҳи ғизоӣ маҳдуд мешавад ва фақат бар як мева ё маводи ғизоии хос таъкид мекунад, дуруст нест; зеро зарарҳои  бисёре дорад,ки муҳимтарини онҳо резиши мӯй ва вайронии  дандонҳо мебошад.

Дар режимҳои ғизоӣ бояд аз тамоми маводи ғизоии ширӣ, сабзиҷот ва меваҳо истифода шавад, банобарин тавсия мешавад ки тамоми режимҳо ба ҳамроҳи  варзиш анҷом гирад,ки  ба саломатии бадан хеле кумак мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.