Асоситарин ҳадаф дар ташкили оила

148

Муҳимтарин нуктаи қуръонӣ дар баёни ҳикмати издивоҷ дар Қуръон ин аст, ки Худованд вақте мехоҳад ҳикмати издивоҷ ва ташкили оиларо баён кунад, намегӯяд: Ҳикмати хилқати ҳамсар ва ташкили оила, бақои насл ё фарзанди солеҳ ё пешгирӣ аз фасод ё созандагии ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва ё густариши арзишҳои исломӣ аст. Балки ба ҳикмате ишора мефармояд, ки бидуни он ҳеҷ як аз аҳдофи хилқати инсон қобили таҳаққуқ нест ва он иборат аст аз оромиши равонӣ.

Бидуни оромиши равонӣ, наметавон аз ҷавон интизори тақво дошт. Бидуни оромиши равонӣ, на насли солиму солеҳ падид меояд ва на созандагии ахлоқию иҷтимоӣ иттифоқ меафтад ва на арзишҳои динию ормонҳои тавҳид густариш меёбад.

Таҳқиқоқти майдонӣ нишон медиҳад, ки изтироби равонӣ ва надоштани таодули рўҳӣ, нақши умдае дар фасоди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дорад ва бештарин ҷиноятҳои ҳавлнок ва худкушиҳо дар миёни муҷаррадҳо ва ба дасти онҳо сурат мегирад.[1] Аз ин рӯ, ташкили оила метавонад саҳми асосӣ дар оромиши равонӣ ва созандагиҳои ахлоқию иҷтимоӣ ифо намояд ва ин, рамзи таъкиди Қуръони карим ва аҳодиси исломӣ бар ташкили оила ва таҳкими он ва пешгирӣ аз фурӯпошии ин конуни муқаддас аст.

Акнун бояд дид, ки кадом оила метавонад омили оромиши зиндагӣ бошад? Ва чигуна метавон чунин оилаеро ташкил дод? Монеъҳои ташкили оилаи оромишбахш чист? Роҳи мустаҳкам кардани ин ниҳод ва афзоиши оромиши оилавӣ чист? Ва чигуна метавон аз суст шудану фурӯпошии ин ниҳоди муқаддас пешгирӣ кард?

[1] Таҳқиқот нишон додааст, ки мизони иртикоби ҷароим ва гуногунӣ ва хатарофаринии он дар синни навҷавонӣ ва ҷавонӣ (пеш аз издивоҷ), беш аз дигар синҳост. Бинобар ин, ҷомеашиносон муътақиданд, ки боло будани сатҳи ҷиноёт барои табақоти синнии ҷавон, падидаи сахт пойдоре аст. Ҷароиме аз қабили ҷароими хушунатбор, таҷовуз ва эътиёд, болотарин рақамҳои худро дар ин синҳо дорад.

Ҳамчунин ҳарчанд мизони худкушӣ дар оморҳои ҷаҳонӣ дар миёнсолон (45 саол ба боло) бештар аз дигар гурўҳҳои синнӣ аст, аммо бо ин ҳол, бо эъмоли мулоҳизаи оморӣ, мушаххас мешавад, ки нисбати худкушӣ дар афроди муҷаррад ва танҳо, ба маротиб бештар аз оиладорҳо аст. Албатта мизони он дар радаи синнии 15 то 24 сол низ рў ба афзоиш аст.

Аз сўи дигар, талоқ низ худкуширо афзоиш медиҳад. Мардоне, ки аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд, беш аз занони муталлақа худро мекушанд. Марги ҳамсар (зан ё шавҳар) низ мизони худкуширо боло мебарад.

Идома дорад…

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.