Сабабҳои гуногуне, ки пӯстатонро зудтар пир мекунад

294

Дар бораи муроқибат аз пӯст ҳатто кӯчактарин чизҳо ҳам аҳамият доранд. Дар ин матлаб аз рафторҳои рӯзонае мегӯем, ки монеи ин мешаванд, то пӯсти ҷавону латиф ва зебо дошта бошед.

Қаҳва ва чойи пурранг зиёд нанушед

Хелаҳо наметавонанд рӯзеро бе қаҳва гузаронанд, агар дар тӯли рӯз чанд бор қаҳва нӯшед, сабаби пир шудани пӯстатон мегардад. Зеро қаҳва идрор овар аст ва оби баданатонро то ҳудуде хушк мекунад, ки натиҷааш хушкии пӯст хоҳад буд. Пӯсти хушку кам об беҳол ва моршинадор ба назар меояд. Агар бе қаҳва рӯзатонро наметавонед шурӯъ кунед, қаҳваи фаврӣ нӯшед, зеро онҳо нисбат ба қаҳваи муқаррарии пухташуда кофеини камтаре доранд ва барои одамоне, ки кӯшиши кам кардани истеъмоли кофеинро доранд, интихоби беҳтар аст.

Чашмҳоятонро доим намолед

Баъд аз соати корӣ ва истифода аз чашмҳо мумкин аст молиданашон ҳисси хуб ба шумо диҳад, аммо ин одат метавонад чашмҳоятонро сурх карда ва сабаби хушкии пӯсти атрофи он гардад. Пӯсти зери чашм бисёр ҳассос ва нозук аст ва молидани онҳо метавонад ба рагҳои зарифи хунии зери пӯст осеб занад ва сабаби тирагии он гардад. Дар зимн, пайваста молидани чашм метавонад пӯсти атрофи чашмро кушояд ва бофтаи ин минтақаро дароз кунад ва боиси пайдо шудани моршинаҳо гардад, ки бартараф кардани онҳо хеле душвор аст.

Хоб кардан ба рӯйи шикам

Мо ҳама як тарзи хоби дӯстдоштаи худро дорем, ки худро бароҳат ҳис мекунем ва ба мо кӯмак мекунад, ки тезтар хоб равем. Аммо баъзе аз ин шеваҳои хоб метавонанд дар сурати шумо хатҳои нозук ва майдаеро эҷод кунанд. Вақте ки шумо рӯйи шикам хоб мекунед, сурати шумо ба болишт фишурда мешавад, ки дар натиҷа дар пӯст хатҳои амудӣ ба вуҷуд меояд ва азбаски ин ҳама шаб рух медиҳад, ин хатҳо ва моршинаҳо низ қавӣ ва амиқтар мешаванд ва ҳатто метавонанд доимӣ шаванд.

Шумо ороишро ҳамчун муҳофизи пӯст аз офтоб мепиндоред

Гарчанде, ки бисёре аз маҳсулоти косметикӣ дорои SPF мебошанд, вале то ҳол ҷойи муҳофизати офтобиро гирифта наметавонанд. Нурҳои зарарноки ултрабанафш боиси 80% аломатҳои пиршавии пӯст аз ҷумла узвҳо ва доғҳои сиёҳ дар пӯст мешаванд. Истифодаи ҳамарӯзаи муҳофизати офтоб метавонад раванди пиршавии пӯстро ба таври муассир суст кунад ва пайдоиши нишонаҳои пиршавии пӯстро ба таъхир андозад.

Доиман ба лабҳоятон забон назанед

Забон кашидан ба лаб метавонад муваққатан онҳоро нарм ва намнок созад, аммо дар оянда боиси кафида ва хушк шудани пӯсти нозуки лабҳо мегардад. Дар таркиби оби даҳон ферментҳо мавҷуданд, ки метавонанд лабҳоро хушк кунанд ва муҳофизати онҳоро вайрон кунанд. Барои кам кардани ин одат ҳамеша бо худ нармкунандаи лаб дошта бошед.

Истифода аз собун

Ҳарчанд баъзе собунҳо бо рангҳо ва намуди ҷолиб метавонанд ҳаммоми шуморо зеботар созанд, аммо онҳо бо пӯсти шумо меҳрубон нестанд. Собунҳои расмӣ аксар вақт дорои унсурҳое мебошанд, ки сатҳи PН-и пӯстро халалдор мекунанд ва боиси аз даст додани равғанҳои табии пӯст ва хушку моршинадор шуданашон мешаванд. Ба ҷои собунҳои қолабдор, тозакунакҳои сабуктареро истифода баред, ки барои намуди пӯсти шумо тарҳрезӣ шудаанд.

Дер хоб накунед

Дер хобидан ва кам хоб рафтан метавонад ба пӯсти шумо таъсири бад расонад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, одамоне, ки шабона дер хоб мекунанд ва камтар аз 5 соат хоб мекунанд, дар пӯсташон хатҳо ва  оршинаҳои бештар пайдо мешаванд ва қувваи кофӣ надоранд.

Қадн ва ширинии зиёд нахуред

Шумо дар бораи таъсири қанди баланд дар бадан бисёр шунидаед, аммо оё шумо дар бораи таъсири он ба пӯст чизе медонед? Бале, шакар метавонад тавассути раванди гликатсия пӯсти шуморо пир кунад. Гликатсия равандест, ки тавассути он молекулаҳои қанд дар хун ба сафедаҳо (ба монанди коллаген ва эластин) ва равғанҳо пайваст мешаванд. Дар натиҷа, маҳсулоти ниҳоӣ ба вуҷуд меоянд, ки сафедаҳои монанди коллагенро сахт ва инитофнопазир месозанд. Яъне пӯст инитофи худро гум карда, пиртар менамояд.

Нӯшокиҳоро бо най менушед?

Оё шумо одат доред, ки нӯшокиҳои худро бо  най бинӯшед? Шояд  нӯшокӣ ё сок бо  най метавонад доғҳои дандонҳои шуморо камтар кунад, аммо онҳо метавонанд моршинаҳои атрофи даҳони шуморо ба вуҷуд оранд, ки ин бешубҳа нишонаи пиршавии пӯст аст. Ҳангоми макидан бо  най мушакҳои атрофи лабҳоро истифода мебаред; ҳар қадаре ки шумо ин мушакҳоро фаъол кунед, ҳамон қадар пӯсти атрофи даҳони шумо бориктар мешавад, аз ин рӯ дар атрофи даҳони сигоркаш моршинаҳо пайдо мешаванд.

Шумо аксар вақт айнаки офтобӣ намепӯшед?

Айнаки офтобӣ чашмҳоро аз нурҳои ултрабанафш муҳофизат мекунад. Ин нурҳо инчунин метавонанд ба пӯсти нозуки атрофи чашм осеб расонанд.

Шумо ба компютер ва экрани мобилӣ бисёр нигоҳ мекунед

Он чизе, ки шумо ҳоло дар ҳоли анҷомашон ҳастед, инчунин пӯстатонро пир мекунад! Олимон мегӯянд, таъсири аз ҳад зиёди нури кабуд раванди пиршавии пӯстро метезонад. Нури кабуд метавонад ба ҳуҷайраҳои майна ва чашм зарар расонад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.