Аз издивоҷ бо касе, ки таҷрибаи талоқ доштааст натарсед

39

Имрӯз мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки мутаассифона мушкили нохостае вуҷуд дорад; духтарон ва писарони бисёр хубе омодагӣ барои издивоҷро доранд, аммо шахси муносибе пайдо накардаанд. Дар чунин ҷомеа омори болои талоқ ва изофа шудани афроди талоқгирифта ба теъдоди касоне ки издиҷов накардаанд, эҷоди буҳрон мекунад. Аз тарафи дигар, издивоҷи муҷаддад табдил ба як дағдағаи фикрӣ шудааст, чаро ҷомеа арзишеро, ки барои издивоҷи аввал қоил аст, ба издивоҷи муҷаддад намедиҳад. Ин тасаввурҳо боис шудааст, то афроде, ки издивоҷи номуваффақе доштаанд дучори ноумедӣ аз издивоҷи муҷаддад шаванд ва иддае ҳам тарси издивоҷ бо ин афродро дошта бошанд, аммо доктор Меҳрдоди Номдор, равоншинос ва мушовири издивоҷ ба рафъи ибҳомот мепардозад.

 Шанси издивоҷи афроди талоқгирифта

Меҳрдоди Номдор мегӯяд: “инки бигӯем як нафар ба хотири инки қаблан никоҳи номуваффақ дошта ё издивоҷ кардааст, пас фарди номуносибе барои издивоҷ аст, ҳаргиз саҳеҳ нест. Иттифоқан ин афрод қавитар ҳастанд ва дар шинохти тарафи муқобил беҳтар ва дақиқтар амал мекунанд, аммо инки чунин фарди худаш ин ангезаро даруни худ эҷод кунад, ки эҳтимол дорад дигар натавонад дар издивоҷ муваффақ шавад, як мушкили шахсӣ аст, ки беҳтар аст чунин фарде ба худаш кумак кунад ва чизеро аз худаш каср накунад, чун ҳеҷ иттифоқи манфие наафтодааст, ки ба хотираш бихоҳад худашро зери савол бибарад”. Номдор идома медиҳад: “Шояд то як ду даҳа пеш, издивоҷ бо фарде, ки таҷрубаи талоқро доштааст, онқадарҳо роиҷ набуд ва ин масъала ҳануз ҳам дар муҳитҳои кӯчак ривоҷ надорад, аммо ин рӯзҳо бо тағйири фарҳанги умумии ҷомеа ва тағйири улгуҳои издивоҷ, издивоҷ бо фарде, ки собиқаи издивоҷи қаблӣ дошта, чандон дур аз зеҳн набуда ва ҳатто гоҳе метавонад натоиҷи хуберо рақам бизанд”.

Ин мушовири издивоҷ ба афроде, ки собиқаи издивоҷи номуваффақ дошта ва тасмим ба издивоҷи муҷаддад доранд, тавсия мекунад: “Ҳатто агар ҷудоӣ дар даврони ақд иттифоқ афтодааст, ҳатман дар ҳамон оғози ошноӣ ин масъаларо ба тарафи муқобил гӯшзад кунед ва ҳаргиз муддате баъд аз ошноӣ ин мавзӯъро матраҳ накунед. Баъд аз матраҳ кардани издивоҷи номуваффақ, гуфтани ҷузиёти ҷудоӣ ҳаргиз лозим нест ва фақат бояд дар бораи куллиёте мисли муддати даврони ақд ё зиндагии муштараки гузашта сӯҳбат кард”.

Тарс аз издивоҷ бо касе, ки талоқ гирифтааст

Гоҳе бархи афрод ба маҳзи инки мешинаванд тарафи муқобил ақди номуваффақ доштааст, дучори тарс мешаванд ва ҷараққае дар зеҳнашон зада мешавад, ки иллати талоқ чӣ буда ва аз куҷо маълум иллати ҷудоӣ ба хотири мушкили ахлоқӣ ва рафтори худи ин шахс набуда бошад. Ин андешаҳо боис мешавад, то фард бидуни дар назар гирифтани паҳлуҳои дигар сареъ ҷавоби манфӣ диҳад. Номдор дар ин бора мегӯяд: “Издивоҷ бедуни таҳқиқ имконпазир нахоҳад буд. Барои доштани як издивоҷи муваффақ бояд тамоми паҳлӯҳо дар назар гирифта шавад, инки сирфан як нафар издивоҷи номуваффақ доштааст, ин далел бар бад будани тарафи муқобил нест. Бинобарин агар касе ба хотири ин масъала пой пас мекашд, яъне инсонро бар асоси инсоният намебинад, балки бар асоси колое мебинад, ки дасти дувум шудааст, ки ин навъ дидгоҳ комилан ғалат аст”.

Роҳҳои шинохти беҳтар

Номдор мегӯяд: “Издивоҷ бо фарде, ки издивоҷи номуваффақ доштааст, ба вақт ва диққати бештаре ниёз дорад. Яке аз беҳтарин роҳҳо барои шинохти беҳтар дар чунин издивоҷе таҳқиқ ва муроҷиа ба мушовири издивоҷ аст. Баъд аз тай кардани ин марҳилаҳо агар эҳсос кардед тарафи муқобилатон меъёрҳо ва милокҳои шуморо дорад ва сабки фикриятон бо ӯ мутаносиб аст, дар ин марҳила метавонед ҷиддитар бошед ва дар бораи иллати ҷудоии қаблӣ савол бипурсед”.

Номдор бо ишора ба иштибоҳи бархе афрод дар ҳангоми таҳқиқ аз фарде, ки собиқаи издивоҷи қаблӣ дошта, мегӯяд: “Хелеҳо иштибоҳ мекунанд барои таҳқиқ ва пай бурдан ба иллати ҷудоӣ, думболи фарди муқобили тараф мегарданд ва мехоҳанд аз ӯ савол кунанд. Ёдамон бошад, ки дар ҷудоиҳои тарафи муқобил ҳеҷ вақт назари мусбатеро ироа намедиҳад”.

Номдор ба афроде, ки қасди издивоҷ бо касеро доранд, ки таҷрибаи издивоҷи номуваффақ дошта, тавсия мекунад: “Дар як ҷаласаи хостгорӣ куллиёти саволоте марбут ба ҷудоии тарафи муқобил пурсида шавад ва дигар ҳеҷ вақт дар ин бора сӯҳбат нашавад, чун агар қарор бошад саволҳои зиёди бошад ва ё ҷуъизиёт пурсида шавад ва баъд ҳам дар замонҳои тӯлонӣ ҳатто дар тӯли зиндагии муштарак ҳам дар ин бора савол пурсида шавад, кайфияти робита коҳиш меёба”.

Ӯ дар хусуси саволҳое, ки лозим аст аз тарафи муқобил пурсида шавад гуфт: «ду саволро ҳатмон аз тарафи муқобилатон бипурсед.

  • Шумо бештар ба ҷудоӣ фикр мекардед ё ба боло бурдани кайфияти зиндагӣ ва ҳалли ихтилофҳо?
  • Шумо аз ҳамсари собиқатон чӣ интизорҳо ва хостаҳое доштед, ки ҳосил нашуд?
  • Ва дар ҳоли ҳозир чӣ интизорҳо ва хостаҳое аз ҳамсари ояндаатон доред?

Ин тафовут барои шумо равшан мекунад, ки ин фард чӣ қадар тағйир карда ва оё интизороҳои собиқро дорад ё на. Аммо аз назари ман ҳар андоза ҳам, ки дар робита аз ҷудоӣ савол пурсида шавад, боз ҳам беҳтарин роҳ барои шинохти дақиқтар муроҷиа ба мушовири издивоҷ аст.

Мухолифати хонаводаҳо барои издивоҷ бо касе, ки қаблан талоқ гирифтааст

Номдор бо ишора ба навъи нигоҳи манфии бархе аз хонаводаҳо нисбат ба ин мавзӯъ гуфт: “Гоҳе духтар ва писар бо масъалаи издивоҷи номуваффақи тарафи муқобилашон мушкиле надоранд, аммо хонаводаҳо мухолиф ҳастанд, дар ин сурат тавсияи ман ба духтар ва писарҳо ин аст барои чунин издивоҷе пойфишорӣ накунанд ва дар муқобили хонаводаҳо қарор нагиранд. Ба хонавода замон бидиҳед, то танишҳо ва афкори манфӣ кам шавад ва сипас ин мушкилро бо кумаки мушовир ҳал кунед. Мушовир бо пурсидани саволҳо ва далелҳои мухолифи хонаводаҳо, ишколоти зеҳнии инҳоро бартараф хоҳад кард”.

Нуктаҳо барои пас аз издивоҷ

Ин мушовири издивоҷ таъкид кардааст: “Замоне, ки фард тасмим мегирад бо касе, ки собиқаи издивоҷи номуваффақ доштааст, издивоҷ кунад бояд тарафи муқобилро тавре бубинад, ки гӯё ҳеҷ вақт издивоҷ накардааст. Пас аз издивоҷ киноя, сарзаниш ва пурсидани саволҳои зиёд дар бораи кайфияти робита дар издивоҷи қаблӣ ва ба таври куллӣ сӯҳбат аз гузашта бояд мамнӯъ бошад”.

Номдор дар поён гуфт: “Издивоҷ бо фарде, ки собиқаи издивоҷи номуваффақ доштааст, ҳеҷ ишколе надорад, аммо мо ҳамеша ҳамсон буданро милоки аввалӣ ва асосӣ қарор медиҳем. Агар ду нафар, ки дорои шароити яксоне бошанд бо ҳам издивоҷ кунанд, шароити мусоидатиро мегузаронанд, аммо ин сирфан далеле бар ин нест, ки намешавад ғайр аз ин масъала бошад”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.