Фарзанди боадаб

41

Фарзанди боадаб

Чӣ кор кунам, ки кӯдакам боадаб бишавад?

Роҳҳои тарбияти фарзанди боадаб

Агар доштани фарзанди боадаб аз тарафе ифтихор барои падару модар бошад, аз тарафи дигар, неъмати бузурги Худованд аст, ки кӯдаки боадабу хушрафтор ва хушгуфторе дошта бошем.

Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки чӣ гуна метавон кӯдаки боадаб тарбият кард?

Ё посухи ин савол, ки ҳангоми рафторҳои ноҳинҷори фарзандам, чӣ гуна рафтор кунам? – аз саволҳоест, ки бисёре аз падару модарҳо ва мураббиёну мутахассисони тарбият дар паи посух ба ин суолҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи бисёре аз мутахассисони тарбият, шарти аввал дар ин масир, сабру бурдборӣ ва ҳавсала доштан аст. Ҳамчунин таъкид бар ин доранд, ки худи мо ба унвони падару модар ва мураббӣ бояд намуна ва сармашқу улгуи муносибе барои фарзандонамон бошем.

Барои посух ба суоли мавриди назар, ки чӣ кор кунам то фарзанди боадабе дошта бошам, қадами аввал ин аст, ки бояд вижагиҳо ва хусусиёти кӯдаки боадабро бишносем. Ба иборати дигар, ба кадом кӯдак боадаб мегӯянд?

Кӯдакони боадаб, дар рафторҳои рӯзмарраашон рафторҳои хубу дурусте нишон медиҳанд ва дорои ҳушу ҳаяҷони муносиб ва рафтори муносиб дар замонҳои мухталиф ҳастанд ва метавонанд ба таносуби шароит, рафтори худро танзим кунанд.

Аз назари коршиносони тарбият, пазируфтани маҳдудиятҳо ва маҳор ва мудирияти эҳсосот аз тарафи кӯдак, нишонаи муаддаб будани кӯдак аст.

Қисме аз тарбияти кӯдак марбут мешавад ба пазириши қонунҳо ва маҳдудиятҳое, ки падару модар барои онҳо муқаррар мекунанд.

Ба унвони мисол, модар аз ӯ мехоҳад, ки ҳамеша либосҳояшро дар ҷои худаш гузорад, кумудашро мураттаб кунад ва шабҳо, пеш аз хоб, дандонҳояшро мисвок бизанад. Вақте мебинем, кӯдак ба ин қонунҳо пойбандӣ нишон медиҳад ва онҳоро риоят мекунад, ба ин маъност, ки кӯдаки боадабест ва бо риояти маҳдудиятҳо ва қавонин аз худ рафтори хубу дуруст ва саҳеҳ буруз медиҳад.

Аз дигар сифатҳо ва вижагиҳои фарзанди боадаб ин аст, ки эҳсосоти манфии худро дуруст мудирият кунад ва хашму ғазаби худро то ҳудуде контрол кунад.

Албатта ёдамон наравад, ки кӯдак ҳамеша як кӯдак аст ва аз хусусиёти кӯдакон ин аст, ки бозию шӯхӣ ва саргармиҳову доду фарёд заданҳои ҳаррӯзаашонро, ҳангоми бозӣ ва бо садои баланд шеър хондану давидану ҷаҳидану париданҳояшон табиист ва ҳатто агар ин маворид мушоҳида нашавад, ҷои нигаронӣ  дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.