Чигуна дар муқобили ҳамсари худ сабуртар бошем?

253

Оё ишқ барои идомаи як робита кофӣ мебошад?

Гоҳе ду нафар якдигарро бисёр дӯст доранд, аммо худро доиман дар ҳоли ҷангу даъво ва кашмакаш мебинанд. Даъво метавонад як робитаро ба партгоҳи нобудӣ кашонад. Барои муроқиба ва нигаҳдори аз робитаву ишқи худ бояд каме сабуртар бошед. Сабру аз худгузаштагӣ беҳтарин ҳадя дар як робитаи зану шавҳарӣ аст, вале савол инҷост, ки чигуна метавон дар як робитаи ду нафара сабуртар буд?

  1. Асабонӣ нашавед

Агар ҳамсаратон барои омода шудан хело вақт сарф мекунад асабӣ нашавед ба ин фикр кунед, ки ӯ талош мекунад беҳтарин зоҳирашро барои шумо дуруст кунад. Агар асабонӣ шавед аз меҳмонӣ ҳам наметавонед хотираи хубе дошта бошед ва шодии онро ҳам аз даст медиҳед.

  1. Шумо як тим ҳастед

Саъй накунед ҳамсари худро тағйир диҳед.

Мумкин аст аз фикр кардан ба корҳое, ки ҳамсаратон дар онҳо ба хубии шумо нест асабӣ шавед. Масалан ӯ мисли шумо дар масирёбӣ, тасмимгирии сареъ ё муназзам будан хуб нест. Оё асабоният ва ёдоварии ин масоил ба вай боиси тағйир дар мавзӯъ мешавад? Албата, ки не! пас ин тафовутро қабӯл кунеду шод ба зиндагии худ идома диҳед. Ҳамсаратон қарор нест бе айб бошад, қарор аст шумо дар канори ҳам якдигарро комил кунед. Ба ҷои тваҷҷӯҳ ба нуқоти заъфи якдигар ба нуқоти қуввати ҳамдигар фикр кунед. Шумо айни замон як тим ҳастед.

  1. Ҳар кас шахсияти худашро дорад

Ҳунари мувофиқат бо мухолифатро ёд бигиред.

Шумо ҳар ду ошиқи ҳамдигар ҳастед, аммо бо якдигар фарқ доред. Интизор надошта бошед, ки мисли ҳам фикр кунед. Ду нафар метавонанд ба ду сурати мутафовит фикр кунанд ва ҳар ду ҳам ҳақ дошта бошанд, инки ҳамсаратон таври дигар дар бораи як мавзӯъ фикр мекунад набояд боиси хашми шумо шавад. Ҳеҷ чиз арзиши асабонияти шумо аз ҳамсаратонро надорад.

  1. Сулҳ кунед

Иртибот барқарор кунед. Шумо ҳам фикр мекунед бархе аз одоти ҳамсаратон озор диҳандааст, аммо саъй мекунед ба онҳо бетаваҷҷӯҳ бошед. Мутмаиннан наметавонед то охири умр таҳаммул кунед. Як умр замони тӯлонӣ аст ва наметавонед то абад ҳама чизро нодида бигиред; бино бар ин пеши ҳамсаратон биравед ва бо ӯ дар ин маврид суҳбат кунед. Албата калимоти худро бо диққату мулоимат интихоб кунед. Бо ӯ дар мавриди амре, ки шуморо нороҳат мекунад суҳбат кунед то ба сулҳ бирасед. Ба ёд дошта бошед, ки лозим нест аз ҳамсаратон бихоҳед одати худро тағйир диҳад фақат ба шакли дурусте масаъларо бо ӯ дар миён бигузоред. ӯ худ паёми шуморо мегирад.

  1. Ба саломатии худ аҳамият диҳед

Бархе тасаввур мекунанд, ки сабр яъне инки ҳеҷ коре накардан ва ба интизор нишастан то мушкилашон ҳал шавад; дар ҳоле, ки чунин нест. Дар зиндагии муштарак хушунати хонагиро таҳаммул накунед. Муҳим нест, ки чиқадар тарафи муқобилро дӯст доред, муҳим нест чиқадар сабур ҳастед, хушунати хонагӣ як гуноҳ ҷадид аст ва ҳеҷ кас набояд онро таҳаммул кунад. Агар ин мушкил барои шумо иттифоқ афтид билофосила маҳалро тарк кунед ва ба ҷои амн биравед. надоштани сабру шакибоӣ дар ҳамсаратон ҳаргиз баҳонае барои анҷоми хушунат нест ва ин амр дар воқеъ нишонае аз адами алоқаи вай барои тағйир аст, ин вазъият дар кантроли шумо нест ва дар дараҷаи аввал бояд ба фикри саломатии худ бошед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.