Муқаддамоти робитаи заношуӣ дар Ислом

268

Муқаддамоти робитаи заношуӣ дар Ислом

 1- Бозӣ кардан ва бӯсидан

Тиббуннабӣ(с): Ривоят шудааст, ки Паёмбари акрам(с) бо ҳамсарони худ дар вақти ҷимоъ бозӣ мекард ва ононро мебусид. Ҷобир ибни Абдуллоҳ ҳам нақл карда, ки Расули Худо(с) ҷимои қабл аз бозӣ кардан бо занро наҳи фармуд.[1]

 2- Хосиятҳои мӯъҷизаосои наздикӣ

Вақте духул сурат мегирад хастагии бадани зан ва уқдаҳои рӯҳӣ ва равонии ӯ аз байн меравад. Ба шарти онки ҳудуди 10 дақиқа қабл аз духул фарҷи ӯ бо даст таҳрик шуда бошад. Ҳатто дарди кашолаи ронҳо ва гурдаи зан, ки сармо хӯрда ва уфунат карда бошад аз байн рафта ва барои сустии камари зан нофеъ аст. Барои натиҷаи муассиртар, беҳтар аст ин корҳо ҳудуди 30-40 дақиқа тӯл бикашад.

Ногуфта намонад бо ин амал дардҳое, ки марбут ба мард ҳам бошад, аз бадани ӯ низ берун меравад; Монанд хастагӣ, касолат, беҳавсалагӣ, дилҳура, сармохӯрдагӣ, сардард, кӯфтагӣ, сардии аъзои бадан, заъфи меъда, бехобӣ ва пурхобӣ ва бисёре аз дардҳо ва амрози дигар.

 3- Бозӣ бо ҳирс ва валаъ

Имом Содиқ(а) фармуд:

Чизе нест, ки малоикаро ҳозир кунад, магар онки мард бо ҳирс ва тамаъ бо ҳамсари хеш бозӣ ва шӯхтабъӣ намояд.[2]

 4- Аз нигоҳ кардан ба аврати зан парҳез намоед.

Амирулмуъминин Алӣ(а) фармуд:

Касе набояд ба андаруни узви ҷинсии ҳамсари худ нигоҳ кунад, ки шояд дар асари нигоҳ кардан чизе бибинад, ки хушаш наёяд ва дилзада шавад ва боиси кӯрии фарзанд шавад.[3]

 5- Ёди Худо ва дӯстии Аҳлу байт(а)

Имом Содиқ(а):

Агар ҳангоми ҷимоъ номи Худоро бибаред, шайтон дӯр мешавад ва агар Худоро ёд накунед шайтон олати худро бо олати мард дохил мекунад ва дар ҷимоъ ва нутфаи ӯ шарик мешавад. Аз имом савол шуд, ки аз чӣ тариқ метавон пай бурд, ки шайтон дар нутфа шарик шудааст? Ҳазрат дар посух фармуд: касе, ки моро дӯст дорад, шайтон аз ӯ дӯр буда ва он касе, ки душмани мост, шайтон дар нутфаи ӯ шарик шудааст.[4]

 Мустаҳаботи омезиш:

–     Имом Ризо(а): молиш, лесидан ва бозӣ кардан бо пистони зан қабл аз омезиш.[5]

–     Гуфтани бисмиллоҳир раҳонир раҳим ва аъузу биллоҳи минашшайтонир раҷим қабл аз омезиш.[6]

–     Кӯтоҳ кардани мӯҳои зоиди бадан (зери бағал, болои аврат, шикам ва зери гардан) қабл аз омезиш.

–     Вузӯ гирифтан қабл аз омезиш.

–     Шӯхӣ кардан ва гуфтани ҳарфҳои ошиқона ва муҳаббатомез қабл аз омезиш. (Паёмбари акрам(с).[7]

–     Истифода аз атри хушбу тавассути завҷайн қабл аз омезиш.

–     Ороиши зан қабл аз омезиш ва истифода аз тило дар ҳйни омезиш.

–     Бозӣ бо олати зан дар ҳйни омезиш.

–     Бӯсидан ва макидани забони зан ҳини омезиш.

–     Омезиш дар шабҳои душанбе, сешанбе, панҷшнбе ва ҷумъа ва зӯҳри рӯзи панҷшнбе ва асри рӯзи ҷумъа ва шаби аввали моҳи мубораки рамазон.

–     Хӯрдани асал баъд аз омезиш.

–     Идрор кардан баъд аз омезиш.

 Мубоҳоти омезиш:

–     Бӯсидани олати зан.

–     Лесидани олати зан (чучула).

–     Лесидани олати мард.

 Мавориди хеле макрӯҳи омезиш:

–     Омезиш бе муқаддима (Паёмбари акрам(с).[8]

–     Омезиш аз роҳи пушт (муқъад), агар зан розӣ бошад ва гарна (бидуни ризоят) ҳаром аст.[9]

–     Омезиш дар ҳоли истода.

–     Истифода аз анвои дору ва абзори омезишӣ тавассути мард дар сурате, ки сабаби озори зан шавад.

–     Урён шудани комил (Паёмбари акрам(с).[10]

–     Шабе, ки мард аз сафар баргашта. (имом Содиқ(а).[11]

Оё дар Ислом таъкид хоссе бар анҷоми омезиш дар бистар шудааст? Дар мавриди шакл ва пазитсияи омезиш, тавсия ва дастуроте дода шудааст? Назари фуқаҳо ва ривоётро баён кунед.

Қатъан дини Ислом ба унвони комилтарин дин ва охирин адёни илоҳӣ, барои ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии инсон ва аз ҷумла дар мавриди омезиш, барномаҳое ироа кардааст, ки риояти ин одоб, дар беҳдошти фардӣ ва иҷтимоӣ, рӯҳӣ ва ҷисмии завҷайн, зод ва валади фарзандон ва солим будани онҳо ва зиёд шудани муҳаббат байни завҷайн таъсирҳои фаровоне хоҳад дошт. Қатъан Ислом дар бораи масъалаи заношуӣ дар инки ҳатман дар бистари хоб бошад, ривояте баён нанамуда, аммо инки ин амал дар ҳар ҷо ва маҳалле воқеъ бишавад, иҷоза надодааст ва ҳатман ҷойи махсус ва муносиберо ҳар фарде бояд барои он дар назар бигирад ва бинобар ин барои ин масъала одоберо дар назар гирифтааст.

[1] . Маҳаҷҷатулбайзо, ҷ3, боби Алҷумаъ

[2] .Васоил, ҷ.14, саҳ.91.

[3] . Ҳамон, ҷ.14, саҳ.191.

[4] . Васоил, ҷ.14, саҳ.91

[5] .Сафинатулбаҳор, ҷ.1, боби Алҷумаъ

[6] . Васоил, ҷ.14, саҳ.96

[7] . Маҳаҷҷатулбайзо, ҷ3, саҳ.110

[8] . ҳамон

[9] . Васоил, ҷ.20, саҳ.143

[10] . Ҳамон, ҷ.14, саҳ.85

[11] . Ҳамон, саҳ.191

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.