Чаро мардон аз равобити заношуи сард мешаванд?

196

Мардон мавҷудоте ҳастанд зотан хашин, сабаби ин хашин буданро метавон дар таърих ҷустуҷӯ кард. Вақте, ки мардон аз қадим (на дар асри фиминисм) вазифае доштанд, то корҳои сахтро анҷом бидиҳанд. Дар натиҷа ниёз ба рӯҳия ва ҷисми хашин доштанд, то бақои башарият ҳифз шавад. Чун агар ин набуд ва мардон бо занон яксон буданд, дигар ҳеч хонае сохта намешуд, ҳеч ғизои шикор намешуд ва то ҳоло насли башарият ба эҳтимоли зиёд мунқариз мешуд! Лизо мебинем, ки ин вижагии хашин будан, вижагии мусбате аст ва барои ҳифзи бақо ва такомули башарият бояд дар кинори рӯҳияи ороми занон қарор гирад.

Мардон, зотан ба сабаби ҳамин рӯҳияашон ба дунболи фармон фарои ҳастанд, фармон фароие, ки ба мард дар робитаҳои хонаводагиаш эҳсоси қудрат бидиҳад, иштибоҳ накунед, ки қудрат ба маънои дектотурӣ ё истибдод ва ё ҳатто падарсолорӣ сирф нест! Балки қудрат ба ин маъно аст, ки мард бояд дар робитаҳояш бо ҷинси мухолиф эҳсоси каромат ва муаассир будан бикунад барои фаҳмидани ин ҷумалаҳо бояд ба ин масал аз як устоди равоншиноси донишгоҳ ишора кунам, ки мегуфтанд: “Мард бояд дар хона подшоҳ ва зан нухуствазир бошад” яъне бо вуҷуди инки мард бояд фақат як мақоми ташрифотӣ дар даруни хона дошта бошад ва асли кор дар дасти дигар кас бошад аммо бояд каромату убуҳати мард дар хона ҳифз шавад, то ин хона ба яке аз гармтарин ва зеботарин авотифи инсонӣ ороста шавад. (милок аз масали нахуствазир ва подшоҳ, кишварҳои машрутаи ҳамчун ангилия аст, пас иштибоҳ накунед)!

Ҳамон тавр, ки занон барои шукуфоии эҳсосот ва авотифашон ниёз ба амният дар робитаҳояшон ҳастанд, мардон низ ба фарохури табиаташон ниёзманди убуҳатанд, то битавонанд эҳсосоташонро буруз диҳанд ва ба шукуфоии матлубе, ки метавонад бузургтарин тазминҳои амниятиро ба занон бидиҳад бирасонад, лизо мушоҳида мекунем, ки ҳамвора агар бихоҳем беҳтарин ҳолатро дар робитаи заношуи дошта бошед бояд аз муодила (додани эҳсос эҳтиром ва убуҳат ба мардон гирифтани эҳсоси амният ва тааҳҳуд барои занон) истифода кунед, сард кунандаҳои зер ин муодиларо бар ҳам мезананд ва натиҷааш ин мешавад, ки мардатон ё аз шумо зада шавад ва ба шумо дар пинҳони хиёнат мекунад, ё корро барои ҳамеша тамом кунад ва шуморо талоқ диҳад ва ё дар беҳтарин ҳолат агар одам бо ахлоқ ва бо имонӣ бошад. Бо ин ки аз шумо мутунаффир аст то охири умр шуморо таҳамуул мекунад ва шуморо аз онче, ки дар робитаҳои заношуи ниёзмандаш ҳастед ва ҳаққатон аст, маҳрум созад.

Сард кунандаҳои ҷинсии мардон:

Хонумҳои муҳтарам аз ин 19 амали наҳс бипарҳезед, зеро оқибаташ дар поён гарибонгири худатон хоҳад шуд!

  1. Занҳое, ки ба гунае рафтор мекунанд, ки гуё аз муошиқа хушашон намеояд.
  2. Занҳое, ки ҳеч вақт оғоз кунанда нестанд.
  3. Занҳое, ки нисбат ба бадани мардҳо шинохти кофи надоранд.
  4. Занҳое, ки бо расидан ба авҷи нуқтаи ҷинси ба мардашон вогузор мекунанд.
  5. Занҳое, ки дар хилват мисли милитсия рафтор мекунанд.
  6. Занҳое, ки мунфаил ва бе аксул амал мебошанд.
  7. Занҳое, ки дар хилват зиёд ҳарф мезананд.
  8. Занҳое, ки зиёд муроқиби беҳдошт ва зебоии худ нестанд.
  9. Занҳое, ки худашон аз зоҳир ва сурати худ хушашон намеояд ва мураттабан худашонро поин меоваранд ва таҳқир мекунанд. (Равшан аст, ки худатонро поин бигиред поинҳам меоед ва агар боло бигиред боло меравед)
  10. Занҳое, ки беш аз андоза ба зоҳир ва сурати худашон ҳассосанд.
  11. Занҳое, ки дӯст надоранд муошиқа дарёф кунанд.
  12. Занҳое, ки хейли шикананда рафтор мекунанд.
  13. Занҳое, ки беҳ аз ҳад ҷидди ҳастанд.
  14. Занҳое, ки беш аз ҳад ба мардашон вобаста ҳастанд.
  15. Занҳое, ки сатҳи нигар ҳастанд.
  16. Занҳое, ки фақат ба вазъи молӣ ва иқтисодии мард аҳамият медиҳад.
  17. Занҳое, ки бо истифода аз бадан ва ҷинсияти худ мардҳоро бози медиҳанд.
  18. Занҳое, ки ҳамеша номзад ё ҳамсари қаблиашон суҳбат мекунанд.
  19. Занҳое, ки ба лиҳози ҷинсии худ ангехта нестанд.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.