Усули муҳимми тарбияти фарзанд

90

Усули муҳимми тарбияти фарзанд

Падар ва модар як чизро бояд ба хубӣ бидонанд ва он ин аст, ки аз роҳи ҷангу ҷидол ва ситез бо фарзандон наметавон ба натиҷаи дуруст расид, чи дар он ҷангҳо волидайн пирӯз шаванд ва чи фарзандон. Бешак тарбияти фарзандон аз асоситарин корҳои хонавода аст ва яке аз чизҳои лозим дар тарбияти муассири фарзандон ин аст, ки волидайн талош кунанд шароит ва эҳсосоти мавҷуд дар замони ҳоли бачаҳояшонро дарк кунанд. Дар гузашта, ҷомеа ба таври комил ёвари волидайн буд.

  Бачаҳо бояд сад дар сад мутеъи падару модарашон мешуданд ва ҳеҷ назаре намедоданд. Имрӯза бачаҳо интизор доранд, ки ҳуқуқе барои худашон дошта бошанд ва ба унвони як инсон бо онҳо рафтор шавад. Агар падару модарҳо мехоҳанд, ки фарзандашонро дарк кунанд, бояд ба шароити фарҳангӣ ва одобу расмҳое, ки фарзанд дар он бузург мешавад, таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Тағйироти қобили таваҷҷӯҳе аз гузашта то имрӯз дар ҷомеа бавуҷуд омад, аммо агар волидайн мехоҳанд як робитаи дӯстона  бо фарзандашон дошта бошанд ва дар омӯзиши онҳо таъсиргузор бошанд бояд худашон, корҳояшон, интизорот ва ҳадафҳояшонро ба хубӣ бишиносанд. Дар ин мабҳас ба чанд усули асосие, ки дар тарбияти фарзандон аҳмияти зиёде дорад ишора мекунем.

Нукоти муҳим дар тарбияти кӯдак

Назму инзибот

Дар назм, мавзӯи мавриди баҳси мо танҳо покизагӣ ва оростагӣ нест. Мо бояд фикрҳо, эҳсосот, ақоид ва рафторамонро ба сӯи назму инсиҷоми муҳкам бибарем. Дар инҷо метавонем аз нақши муассири волидайн ва равише, ки аъзои хонавода ба ҳуқуқи якдигар эҳтиром мегузоранд ва масъулиятҳояшонро бароварда месозанд ёд кунем. Мазҳаб метавонад барои расидан ба назм ва оромиш ва якпорчагӣ нақши муҳиммеро дар зиндагии мо дошта бошад. Бо дастёбӣ ба назм дар хонаи худамон метавонем бо бавуҷуд овардани назм дар ҷаҳон ва барқарории сулҳ ва шодӣ дар миёни ҳамнавъон низ кӯмак кунем.

Сулҳу созиш

Дуввумин асл он аст, ки иҷоза надиҳем тазод ва носозгорӣ дар ақоид сабаби ҷангу ҷидол шавад. Волидайн ба хубӣ медонанд, ки кадом навъ аз баҳс ва гуфтугӯҳояшон сабаби тавофуқ ва кадом сабаби ихтилофу носозгорӣ мешавад.      Як чиз бояд барои ҳамаи мо равшан шавад ва он ин аст, ки наметавонем аз тариқи ҷангу ҷидол ва мушоҷира ба натиҷаи хубе бирасем, чи дар он мушоҷирот падару модар пирӯз шаванд ва чи фарзандон.

Волидайн ҳаргиз набояд худашонро даргири даъвоҳои фарзандон бикунанд, аммо бояд бо риояти фосила беҳтарин роҳро интихоб намоянд. Ҳарчи волидайн камтар дахолат кунанд, бештару беҳтар ба натиҷа мерасанд. Бинобар ин мо ба унвони волидайн бояд канор биншинем ва танҳо замоне дахолат кунем, ки бидонем ҳарфу гап ё амаламон натиҷа дорад.

Албатта ҳамеша бояд пеши задани фарзандонро бигирем. Вақте фарзандони хӯрд доду фарёд мекунанд, падару модарҳо метавонанд бо эҷоди як навъ саргармӣ ва бо гуфтани достони хандадор фикру зеҳни онҳоро мунҳариф кунанд. Бояд ба фарзандонамон ёд бидиҳем, ки барқарории сулҳу оромиш дар хона аввалин қадам барои расидан ба сулҳ дар кулли ҷомеа аст.

Ташвиқ

Севвумин асл, ки дар равоншиносӣ мавриди таъйид мебошад, ташвиқ кардан аст. Агар фарзандонатонро бовар дошта бошед метавонед шуҷоатро дар онон тақвият намоед. Ҳаргиз онҳоро ноумеду дилзада накунед, балки бо дарки айбҳо ва заъфҳояшон онҳоро дӯст бидоред ва ба онон бовар дошта бошед.

Аҳамияти тарбияти кӯдак

роҳнамоии маънавӣ

Охирин асл аз усули чаҳоргона, роҳнамоии маънавӣ ва мазҳабӣ аст. Агар фарзандонро ба ҳоли худ роҳо кунем онон меъёрҳо ва милокҳое барои худ хоҳанд сохт, ки мумкин аст хеле муфиду арзишманд набошад ва усули пояи мо ки ҳамон назму субот астро бароварда насозад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳо роҳашонро гум мекунанд ва қудрат ва тавоноияшонро бовар намекунанд.

Чунин кудаконе ба волидайнашон эҳтиром намегузоранд ва ба мардуми дигар низ таваҷҷӯҳе намекунанд ва ғарқ дар алоқаҳои худашон мешаванд. Саранҷом онҳо мумкин аст, комилан таҳти таъсири усули хушоянд қарор бигиранд. Ин усул ба ғайр аз асарҳои манфие, ки ба ҳамроҳ дорад пайванди ояндаашонро низ бо хатар рӯ ба рӯ мекунад. Барои падару модаре, ки дорои эмони мазҳабӣ ҳастанд тарс аз Худованд дар ин шароит дорои аҳмият аст. Имрӯза таъсири ин ақида беш аз гузашта аст.

Бинобар ин, касе ки аз Худо метарсад, касе аст, ки тамоми талоши худашро мекунад, ки ба хотири ишқи ба Худованд, итоат аз фармон ва ҳукми илоҳиро асли зиндагиаш қарор диҳад ва ин ҳукми илоҳӣ ҳамон қонунҳое аст, ки сабаби зиндагии беҳтар ва комилтари мо инсонҳо мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.