Пешниҳоди равоншиносон барои тарбияти беҳтари фарзандон (2)

Имрӯза чигунагии тарбияти фарзандон аз роиҷтарин дағдағаҳои волидайн аст, аммо равоншиносон тавсияҳои зиёде барои кумак ба волидайн дар тарбияти кӯдакон баён кардаанд.

80

Тарбияти фарзандон дар ин дунёи печида ва пешрафта аслан кори роҳате нест. Ҳар рӯз фоктурҳои тарбиятӣ дар ҳоли тағйир аст ва мо низ бояд як волидайни комилан барӯз шуда бо ақоид ва назарияҳои ҷадид бошем то битавонем аз паси як тарбияти маъқул бароем.

Хушбахтона мақолаҳои зиёде дар ин боб вуҷуд доранд, ки метавонанд роҳнамое барои волидайн бошанд. Дар ин қисмат идомаи роҳкорҳо ва тавсиаҳоеро аз равоншиносон баён мекунем, ки дар тарбияти фарзанд ба шумо кумак мекунад.

  1. Гоҳе онҳоро бо дигарон ҳамроҳ кунед.

Набояд ба гунае рафтор кунед, ки кӯдакатон мудом ба шумо часпида бошад ва бидуни шумо натавонад кореро анҷом диҳад. Ба ӯ фурсат диҳед, ки битавонад иҷтимоӣ буданро ёд бигирад ва бидуни волидайн будан барояш ваҳшатнок набошад.

Ба ӯ ёд бидиҳед, ки барои худаш дӯстоне дошта бошад ва дар канори онҳо низ лаззат барад.

  1. Улгуяшон бошед

Бачаҳо бо нигоҳ кардан ба шумо, зиндагӣ карданро меомӯзанд. Рафтори шумо таъсири бештаре аз сӯҳбат кардан улгуи фарзандон мебошад.

  1. Ҳавостон ба подош бошад

Набояд танҳо ба танбиҳи фарзандон таваҷҷуҳ дошт, додани подош дар қиболи рафторҳои хуби фарзандон беш аз танбиҳ метавонад боиси расидан ба ҳадаф шавад.

  1. Ҳифзи оромиш муҳим аст

Дар бархурд бо кӯдак, оромиш ва хунсардии худро ҳифз кунед. Барои ҷилавгирӣ аз аксуламали сареъи худ беҳтар аст бигӯед: кори баде кардӣ. Бояд каме фикр кунам, бубинам чӣ кор бояд бикунам. Асабоният ва фарёд задан бар сари ӯро фаромуш кунед.

  1. Вазъи қонунҳои мушаххас

Агар қонунҳои шумо маҳдудаи мушаххасе надоранд ва ё замоне, ки риоят нашаванд, дар бораи онҳо ҳарф мезанед, кӯдакро бо чолиши сахте барои розӣ нигаҳ доштани шумо мувоҷиҳ мекунед. Бояд хеле равшан ва возеҳ чаҳорчуби қонунҳои худро шарҳ диҳед.

  1. Собитқадам будан аҳамият дорад

Дар иҷрои қонунҳо, собитқадам бошед. Агар қонуни худро дар бархе маворид зери пой бигузоред, дигар тавассути кӯдак ҷиддӣ гирифта нахоҳед шуд.

  1. Баҳсҳои беҳуда мамнуъ

Аз баҳс бемаврид ва бефоида дурӣ кунед. Масалан агар фарзанди шумо мегӯяд: ҳамаи дӯстонам инро доранд, шумо ҳам бигӯед:медонам; бигӯяд: ин мунсифона нест, ҷавоб бидиҳед: медонам; бояд бигӯед :ман чӣ гуфтам? То таъкиди бештар бар қонуне, ки қаблан дар борааш ҳарф задаед, дошта бошед.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.