Пешниҳоди равоншиносон барои тарбияти беҳтари фарзандон (1)

Имрӯза чигунагии тарбияти фарзандон аз роиҷтарин дағдағаҳои волидайн аст, аммо равоншиносон тавсияҳои зиёде барои кумак ба волидайн дар тарбияти кӯдакон баён кардаанд.

43

Тарбияти фарзандон дар ин дунёи печида ва пешрафта аслан кори роҳате нест. Ҳар рӯз фоктурҳои тарбиятӣ дар ҳоли тағйир аст ва мо низ бояд як волидайни комилан барӯз шуда бо ақоид ва назарияҳои ҷадид бошем то битавонем аз паси як тарбияти маъқул бароем.

Хушбахтона мақолаҳои зиёде дар ин боб вуҷуд доранд, ки метавонанд роҳнамое барои волидайн бошанд. Дар ин қисмат роҳкорҳо ва тавсиаҳоеро аз равоншиносон баён мекунем, ки дар тарбияти фарзанд ба шумо кумак мекунад.

  1. Ба кӯдакатон кумак кунед то ба эҳсосоти манфиаш ғалаба кунад.

Кӯдакон низ монанди инсонҳои бузугтар дучори эҳсосоти манфӣ мисли хашм, ҳасодат, хиҷолат ё танаффур мешаванд. Ин вазифаи мо волидайн аст, ки битавонем дар таодули ин эҳсосот ба онҳо кумак кунем ва ташхис диҳем, ки чӣ авомиле боиси эҷоди чунин эҳсосоти манфӣ дар онҳо шудааст.

Бояд ба онҳо кумак кунем, ки эҳсосоти худро таҷзия ва таҳлил кунанд ва ба эҳсосоти манфияшон ғалаба дошта бошанд. Замоне, ки фарзандон битавонанд бо ин эҳсосоти манфӣ канор биёянд, қатъо дар навҷавонӣ низ камтар дучори осеб мешаванд.

  1. Ба онҳо ёд диҳем то бо мушкилот рӯбарӯ шаванд.

Набояд ҷилави тавоноиҳои фарзанди худро бигиред ва ҳамаи умурро худатон ба даст бигиред. Аз кӯдакӣ ба анҳо ёд диҳед, ки чигуна бо масоил ва мушкилоти зиндагӣ рӯбарӯ шаванд. Иллат ва решаи мушкилоти онҳоро пайдо кунед.

Шароит ва стратегияҳоро таҷзия ва таҳлил кунед ва агар кӯдак ба фаъолиятҳое, ки муваззаф ба анҷоми он, мисли дарасе варзишаш таваҷҷуҳ намекунад, бояд далели ин корро аз ӯ ҷӯё шавед ва далел ин беалоқагиро пайдо кунед то роҳаттар ба ӯ кумак кунед.

  1. Бо кӯдакони худ вақт бигузаронед.

Ҳатман огоҳӣ пайдо кунед, ки кӯдаки шумо аз чӣ чизе лаззат мебарад ва далели лаззат бурднаш аз он кори хос чист? Танҳо роҳи ташхис ин аст, ки замони кофиро дар канори ӯ сипарӣ кунед. Фаъолиятҳоеро бо ӯ анҷом диҳед, ки ҳисси наздикии шуморо ба ӯ афзоиш медиҳад.

Бо ӯ дӯст бошед то битавонед эҳсоси роҳатии бештаре кунед. Фурсат диҳед, ки аз шумо ёд бигирад ва шумо ҳам аз ӯ ёд бигиред. Гоҳе монанди ӯ кӯдак шавед ва корҳо ва бозиҳои кӯдакона анҷом диҳед. Шаклгирии шахсияти кӯдаки шумо ба таври густарда ва зиёде ба рафторатон бо ӯ бастагӣ дорад.

  1. Ба кӯдаки худ бигӯед, ки ба андозаи кулли дунё бароятон муҳим мебошад.

Ҳамеша ба кӯдакатон ёдоварӣ кунед, ки ӯ муҳимтарин доштаи шумо дар зиндагӣ аст. Шояд пеши худатон бигӯед, ки ӯ инро медонад, аммо замоне, ки ба таври возеҳ ва шаффоф ба ӯ нагӯед , ин мавзӯъро нахоҳад фаҳмид. Замоне, ки бифаҳмад барои шумо бисёр боарзиш аст, ҳисси амнияти ӯ бисёр боло меравад.

  1. Ӯро тавре тарбият кунед, ки ба шумо дар умури хона кумак кунад ва қадрдони заҳамотатон бошад.

Агар кӯдаки шумо ёд бигирад, ки аз ҳамон кӯдакӣ бояд корҳояшро анҷом диҳад, дар даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ ба як фарди масъулиятпазир табдил мешавад. Албатта ёдатон бошад, ки анҷоми ин умур набояд кӯдакро хаста кунад ва ё ба сахтӣ бифндозад , масалан замоне, ки дар ҳоли гардгирӣ ҳастед, як дастмоли кӯчак ҳам ба ӯ бидиҳед ва аз ӯ бихоҳед, ки ба шумо кумак кунад ва сипас аз ӯ ташаккур кунед ва ҳисси ризоятро нишонаш диҳед. Ӯ низ ин қадрониро аз шумо меомӯзад.

  1. Ба ӯ бигӯед, ки ҷаҳон чиқадар печида ва бузург аст.

Кӯдакон фикр мекунанд, ки дунёи онҳо фақат аз худашон ва дӯстонашон ташкил шудааст. Онҳо бояд аз ҳамон даврони кӯдакӣ ёд бигиранд, ки ҳақиқати ҷаҳон печидатар ин ҳарфҳо аст. Онҳо бояд илова бар инсонҳо, дар мавриди ҳайвонот ва ҳарчизи дигаре дар ҷаҳон ёд бигиранд. Онҳоро бо аксҳо , филмҳо ва китобҳо ошно кунед ва иҷоза надиҳед, ки ба дунёи кӯчаки худашон маҳдуд шаванд.

  1. Меҳрубониро дар авлавият қарор диҳед.

Кӯдакон бояд аз ҳамон даврони кӯдакӣ ёд бигиранд, ки чигуна ба рӯҳ ва равони дигарон эҳтиром бигузоранд ва аз осеб задан ба онҳо худдорӣ кунанд. Онҳо бояд эҷоди таодул дар эҳсосот ва меҳрубонӣ карданро низ ёд бигиранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.