Бозии кӯдакон ва осебҳои эҳтимолӣ

73

Бозии кӯдакон ва осебҳои эҳтимолӣ

Суолу посух

Яке аз мухотабини пойгоҳи Хонаводаи намуна суоле пурсидаанд ба ин маъно, ки ҳангоми осеб дидан ва афтодани кудак, дар вақти бозӣ, чӣ кор кунем, яъне бархурдамон чӣ гуна бояд бошад?

Одатан аввалин аксуламали модарон ин аст, ки вокуниши пархошгарона нишон медиҳанд ва худи бачаро сарзаниш мекунанд. Ба ҳар ҳол, беҳтар аст, дар ин ҳолат, аввалин коре, ки мекунем, аввал хунсардии худро ҳифз кунем ва бо лабханду меҳрубонӣ ӯро навозиш кунем ва оромаш созем.

Зеро дар ҳолати сарзаниш шунидан, кудаки шумо аз ду тараф латма мебинад, аввалан аз сарзаниши шумо ва дуюм, ба далели ин ки шумо ӯро сарзаниш мекунед ва ба ӯ мегуед, ки кори хатарноке мекунӣ, ӯ ҳам бовар мекунад, ки кори хатарноке анҷом додааст ва агар ҷое аз баданаш ҳам захмӣ шуд, эҳсоси дарди бештаре мекунад.

Набояд кӯдакро аз ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ битарсонем. Кудак мумкин аст, бо бедиққатӣ ва беэҳтиётии худ, болои дарахт биравад, ё бо суръат дучархасаворӣ кунад ва ҳангоми афтодан, аз дарахт ё аз руи дучарха, эътимод ба нафс ва худбоварии худро тамоман аз даст медиҳад, зеро фикр мекунад, ки суқути бузургу хатарноке, ки шумо мегуфтед, барояш пеш омадааст.

Беҳтарин бархурд, ки боиси оромиши бештари кудак мешавад, ин аст, ки шумо лабханде бизанед, хунсардии худро ҳифз кунед ва ба ӯ бигуед: Чизе нашудааст… – ва ӯро ором кунед, ба оғӯш бигиред.

Ин кор ба ӯ оромиш мебахшад ва худбоварии ӯро афзоиш медиҳад ва иззати нафси ӯро боло мебарад. Аммо сарзаниш кардан, баръакс, ҳам ба иззати нафси ӯ зарба мезанад ва ҳам эҳсоси дарди ӯро бештар мекунад.

Дар оғӯши падар ва модар ӯ эҳсоси амният мекунад. Кудаке, ки бидуни тарсу ваҳшат бузург шуда бошад, дурӯғ намегуяд. Албатта на барои он ки усули ахлоқиро риоят мекунад, балки ниёзе ба дурӯғгӯиро эҳсоҳ  намекунад.

Қонунҳои сахту болотар аз тавони кудак, сабаби пайдо шудани сифатҳои дуруғгуӣ ва пинҳонкорӣ дар кудак мешавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.