Кӯдаки харобкор

70

Кӯдаки харобкор

Чигунагии тарбияти кӯдаки харобкор

Ахлоқи хуби кӯдак дар хонавода муҳим аст, аммо ин масъала, дар ҷамъ ва хусусан дар меҳмониҳо аҳамияти бештаре пайдо мекунад.

Шояд барои шумо ҳам пеш омада бошад, ки вақте ба меҳмонӣ даъват мешавед, шоҳиди рафторе аз кӯдаки худ шавед, ки ин рафторро аз фарзандаи худатон интизор надоштед. Мумкин аст, кӯдаки шумо гоҳе дармеҳмонӣ ва дар пеши дигарон рафторҳое аз худ нишон диҳад, ки шуморо ба тааҷҷуб водорад ва сахт нороҳататон кунад.

Дар ин вазъият мумкин аст, шумо ӯро кӯдаки беадаб ва харобкор бидонед. Бояд дар ёдамон бошад, ки кӯдак дар ду ҳолат ба пархошгарӣ ва нофармонӣ рӯй меоварад, ки дар ҳар ду ҳолат, бояд ба дармони кӯдак пардохта шавад.

Иллати аслӣ – баҳонаҷӯӣ ва якравӣ

Гоҳе бачаҳо ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳ доранд, аммо ин ниёзро ҳамеша ба таври мустақим аз падару модарталаб намекунанд, нишон додани рафторҳои харобкорона ва гоҳе беадабиҳои онон, метавонад нишонаи он бошад, ки бачаҳо аз тариқи он ниёз ба мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанаро баён мекунанд.

Яъне бо ин кораш мехоҳад ба мо бифаҳмонад ки ба ман нигоҳ кунед, ба ман ҳам таваҷҷӯҳ кунед.

Албатта гоҳе бо ин корашон муваффақ ҳам мешаванд.

Бинобар ин агар кӯдак эҳсос кунад, ки ба далели анҷоми корҳову рафторҳои номуносиб, тавонистааст, диққати шуморо ба худаш ҷалб кунад, шояд ҳатто бештару шадидтар аз дафъаҳои қабл, ба ин кораш идома диҳад.

Ин матлаб идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.