Ту низ ба зер ой ва дар миёни мардумон биншин…

50

Ту низ ба зер ой ва дар миёни мардумон биншин…

Латифае зебо аз Убайди Зоконӣ

Аъробиеро пеши халифа бурданд. Ӯро дид, бар тахт нишаста, дигарон дар зер истодаанд. Гуфт:

— Ассалому алайка ё Аллоҳ!

Гуфт:

— Ман Аллоҳ нестам.

Гуфт:

— Ё Ҷабраил!

Гуфт:

— Ман Ҷабраил нестам.

Гуфт:

— Аллоҳ нестӣ, Ҷабраил нестӣ, пас чаро ба он боло рафта, танҳо нишастаӣ?! Ту низ ба зер ой ва дар миёни мардумон биншин.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.