Равишҳои ҳифз ва бозсозии равобити зебои ҳамсарон

160

Равишҳои муносиб барои ҳифз ва бозсозии равобити зебои байни завҷайн

 1- Замон, макон ва равиши муносиб:

Ин табиитарин шева аст, ки ҳамсарон дар мавриди даргириҳои зеҳнии худ бо ҳам ба гуфтугӯ бинишинанд. Аммо вақте мебинед ҳамсаратон дар баробари шумо истодагӣ мекунад, эҳтимолан далелаш ин аст, ки дар интихоби (замон ва равиши барқарории иртибот) иштибоҳ кардаед.

 2- Парҳез аз шеваҳои ғалат мисли шеваи худ мағлубӣ:

Ва он иборат аст аз равише, кӣ, имкони мағлуб шудани худи мо беш аз тарафи муқобил аст. Шеваҳои мисли таҳдид, тарс ва ғ…

Мисол: Ихтилофе пеш омада онгоҳ зану, шавҳар ҳамдигарро ба тарки манзил ва ё шавҳар, ҳамсари худро ба ҷудоӣ ва талоқ таҳдид мекунад, дар чунин вазъияте ҳарду эҳсоси шикаст хоҳанд кард, эҳсоси ранҷиш барои як тараф ва эҳсоси гуноҳ гиребони тарафи дигарро хоҳад гирифт. Дар ҳоле, ки лозимаи як робитаи муваффақ он аст, кӣ, ҳар ду тараф эҳсоси пирӯзӣ дошта бошанд. Ва лизо оқои мӯҳтарам, ба унвони як мард бад нест бидонед, ки меҳрварзӣ ва муҳаббат барои зан аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст.

Ҳамдигар фаҳмӣ, эътимоди мутақобил (боварии дуҷониба), меҳр ва муҳаббат ва пазиро будан беҳтарин роҳи ҳимоятгарона ва ҳалкунандаи мушкилоти мост. Агар тағйири мусбате аз худ нишон диҳед аз тағйироти хуб ва рафтори ҳамроҳ бо мулойимати ҳамсари худ бисёр мутааҷҷиб хоҳед шуд.

 3- Ҷилавгирӣ аз таъсири манфии гузашти замон:

Баъзе вақтҳо гузашти замон сабаби фаромӯш кардан бархе нукоти асосӣ аммо ҷузии дигар аст.

Мисол: бо гузашти замон ташаккур аз ҳамдигарро фаромӯш мекунем. Гуё калимае, ки нишон аз қадрдонӣ ва дарки заҳматҳои тарафи муқобил бошад, дар зеҳн ва ҳофизҳи луғавии худ сӯроғ надорем.

Аммо дар муқобили корҳои ҷузъӣ ва беаҳамияти ғарибаҳо, соатҳо ташаккур мекунем, вале дар баробари азхудгузаштагиҳо ва заҳматҳои шарики зиндагиамон каломе бар забон намеоварем.

Дар ҳоле, ки бо ташаккур ва қадрдонии содиқона ва ба зоҳир беаҳамият аз ҳамсари худ, илова бар эҷоди эҳсоси хуб ва муносиб дар тарафи муқобил, яке аз муҳимтарин рамзҳои муваффақият дар зиндагиро ки ҳамон қадршиносӣ аз заҳамоти дигарон аст, ба фарзандонамон меомузем.

 4- Таваҷҷуҳ ба интизорот, хостаҳо ва ниёзҳои якдигар

Қатъан ҳифзи робитаи неки шакл гирифтаи байни зан ва мард (завҷайн), ниёзманди талоши мудовим ва пайдарпай аз сӯи ҳар ду тараф мебошад. Яке аз аслитарин пояҳои нигаҳдорандаи ин робита, таваҷҷуҳ ба ниёзҳо, интизорот ва хостаҳои тарафи муқобил аст.

Ва огоҳӣ аз ин ниёзҳо, дар ҳар робитае хусусан дар зиндагии заношуӣ, ин имконро ба мо медиҳад, ки бадгумониҳо ва ҷанҷолҳои нохостаи дар зиндагии рӯзмарраи худ кам кунем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.