Ҷойгоҳи зан дар тули таърих

169

Ҷойгоҳи зан дар тули таърих

Занон ба унвони қишре, ки дар сохтани таърихи башарият нақшашон ғайриқобили инкор аст дар тӯли таърих дорои ду нақши муҳим будаанд:

1- Нақши мустақим

2- Нақши ғайримустақим, ки ба сурати ҳамроҳӣ бо ҳамсарон дар арсаҳои мухталифи зиндагии муштарак ва тарбияти фарзандон зуҳур пайдо карда ва мекунад.

Қатъан сирфи доштани нақш, чандон аҳамияте надорад балки ончи муҳим аст чигунагии ифои ин нақш аст ва дар ин миён ифои нақши мустақим аз ҷойгоҳи муҳимтаре бархурдор мебошад. Дар иртибот бо вуҷуди зан се дидгоҳро метавон дар сафаҳоти таърих мушоҳида кард:

А) Зан “шайъи гаронбаҳо” вале бидуни доштани ҳеҷ нақше

б. Зан “бидуни баҳо ва арзиш” аммо дорои нақш, монанди ҷавомеи ғарбӣ, ки бидуни доштани арзиш ва ҷойгоҳи инсонӣ фақат истифодаи абзорӣ аз занро тарвиҷ медиҳад.

ҷ. Зан “шайъи гаронбаҳо ва дорои нақш ва арзиш” дар ростои фитрати поки худаш, ва ин дидгоҳи Ислом аст.

Зиндагии занон дар се давраи таърихӣ қобили баррасӣ буда, ки дар ҳар давра аз замон ба навъе буҳронӣ ва пурчолиш будааст ва асри тамаддуни имрӯзиро метавон буҳронитарин асрҳо номид.

а: Аввалин марҳала аз зиндагии зан дар асри ҷоҳилият буд, ки дар зумраи чаҳорпоён ва ба унвони коло маҳсуб мешуд ва ҷуз абзори кумакӣ ва рафъи ниёзи ҷинсии мардон баҳое надошт.

Дар ин давра зан ба манзилаи шайъ ва коло, яъне бо арзиши камтар аз ҳайвон, матраҳ мешавад ва ба унвони колои саргардон ва сармояи бозаргонон дар бозор доду ситад мешавад. Иддае, ки таассуб доштанд духтаронро зинда ба гӯр мекарданд то сабаби нанги онҳо нашаванд.

Барои фаровонии об, дӯшизагонро мураттаб ба зевар меоростанд ва дар рӯдхона ғарқ мекарданд. Дар ҷанг зан ҷузъ ғаноим буда ва ақвоми ваҳшӣ, занонро медуздиданд.[1]

б: Дуввумин марҳала ба қуруни вусто боз мегардад. Онгоҳ, ки аврупоиёни ба истилоҳ мутамаддин ҳатто дар инсон будани зан тардид доштанд ва пас аз гузашти солҳои мутамодӣ ва дар асри шукуфоӣ, конфронсҳое дар кишварҳои Аврупоӣ барпо карданд то инсон будани занро мавриди баррасӣ қарор диҳанд, ки дар ниҳоят инсон будани ӯро пазируфтанд. Аммо арзиши ӯ фақат дар ҳадди як ҳайвон буд.

в: Севумин марҳала ё асри ҳозир, ки маъруф ба асри тавсеа ва пешрафти тамаддунҳо ва мадернита шудани миллатҳо аст. Ҳамчун давраҳои гузашта ба зан, нигоҳи аҳонтомез ҳамроҳ бо таҳқири шахсият ва ҳувият ӯ дорад. Танҳо бо ин фарқ, ки ин бор илова бар нигоҳи абзорӣ ва тиҷорӣ, ки ӯро ба андозаи арзиши огоҳиҳои таблиғотӣ бар рӯйи қуттиҳои маводи ғизоӣ ва ороишӣ ва балки болотар аз он, нигоҳи тахрибӣ низ бар он афзӯн гаштааст. Ҳазрати имом Хумайнӣ (рҳ) он марди худоӣ дар пардадари аз асрори пинҳон ва султаҷуёнаи сармоядорони дунёи ғарб ингуна сухан мегуяд:

«Он рӯз, ки аврупоиҳо нав саноеъро ба вуҷуд оварда буданд (авоили қарни нуздаҳум) ва сармоядорони ғарбӣ корхонаҷоти фаровонро ихтироъ карда буданд, эҳтиёҷ ба неруи кори арзон, бетаваққуъ ва камдардисар доштанд, бинобар ин замзамаи озодии занро баланд карданд. Барои инки занро аз дохили хонавода ба дохили корхонаҳо бикашонанд ва ба унвони як коргари арзон аз ӯ истифода кунанд ва ҷайбҳои худашонро пур кунанд ва занро аз каромат ва манзилат биандозанд.[2]»

Ин гурӯҳ мӯътақиданд: «Таҳрики эҳсосоти занона аз тариқи ҳимояти қонунӣ, қудрати нуфузи фарҳанги ғарбро садчандон мекунад ва гардонандагони арсаи сиёсат (ҷаҳони-созӣ)ро аз роҳи миёнбур ба мақсад мерасонад». Чаро, ки занон дар ҳитаи амал, ба вежа дар ҷо ба ҷоии фарҳангҳо ва истиҳолаи фарҳангӣ нақши пур аҳамияте доранд.

Ҷаҳони сармоядорӣ пас аз гузашти ҳудуди ду қарн аз қонуни султаи ҷаҳонӣ, тасмими насанҷида ва аҷулона барои ба иҷро даровардани проекти (ҷаҳонисозӣ) гирифт ва бо бола бардоштани шиори (эҳтиром ба ҳуқуқи башар), ки зоидаи андеша ва афкори худашон астро ваҷҳаи қонуни бахшиданд.

Дар як таҳлил, (ҷаҳонисозӣ) проекте аст, ки низоми сармоядорӣ дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла дар ҳавзаи занон, бо шиори баробарӣ ва бардоштани ҳаримҳои ахлоқӣ дар тамоми ҷаҳон бо ҳадафи тавсеаи сармоя пайгирӣ ва ба иҷро даровард.

Дар ин роҳ ду монеи бисёр бузургро бар сари роҳи худ эҳсос мекард:

–     Яке дин ба унвони муҳиммтарин монеъ дар баробари тавсеаи дунёталабӣ.

–     Дувум хонавода ба унвони муҳиммтарин омили интиқоли арзишҳо.

Бинобарин бо тамоми қуво дар садад аст то дар зери чатри шиорҳои фиребанда, хонаводаро дар анҷоми рисолати муҳими худ нокоромад ва динро дар хидмати аҳдофи худ қарор диҳад, то аз азамат ва ҷойгоҳи он бикоҳад.

Бинобар ин Қуръони карим бо оянданигарии амиқ, мусулмононро аз дӯстии нопойдор ва адами садоқати онҳо бар ҳазар дошта ва мефармояд:

(Эй касоне, ки имон овардаед, онҳо, ки оини шуморо ба истеҳзоъ ва бозӣ мегиранд, чӣ онҳо, ки аҳли китобанд ва чӣ онҳо, ки аз мушрикон ва мунофиқонанд, ҳеҷ як аз ононро ба унвони дӯст интихоб накунед. Бинобар ин агар муъмин ҳастед аз дӯстӣ бо ин афрод бипарҳезед.[3]

[1] . нақл аз китоби Тааддуди завҷот ва мақоми зан дар Ислом, Алломаи Таботабоӣ(рҳ), саҳ.22

[2] . Китоби Ҷойгоҳ ва нақши зан дар низомҳои мухталиф аз дидгоҳи имом Хумайнӣ(рҳ) ва Мақоми муаззами раҳбарӣ, саҳ.12

[3] . сураи Моида, ояти.57

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.