Нақши виросат дар ҷисми навзод

51

images4

57.Имом Алӣ (а): Ҳар кас хушҳол мешавад, ки ба шабеҳтарини мардум ба Паёмбари Худо (с) аз гардан то сурат нигоҳ кунад, ба Ҳасан ибни Алӣ (а) бингарад ва ҳар кас хушҳол мешавад, ки ба шабеҳтарини мардум ба Паёмбари Худо (с) аз гардан то по аз назари шаклу ранг нигоҳ кунад, ба Ҳусайн ибни Алӣ (а) бингарад.

58.Имом Алӣ (а): Ҳар кас мехоҳад ба симои Паёмбари Худо (с) аз сар то гардан нигоҳ кунад, ба Ҳасан бингарад ва ҳар кас мехоҳад ба поинтар аз гардан то пои вай нигоҳ кунад, бояд ба Ҳусайн бингарад. Он ду шабоҳат ба Паёмбарро тақсим кардаанд.

59.Имом Алӣ (а): Яке аз ансор рў ба Паёмбари Худо (с) карду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ин духтари амаки ман аст ва ман фалонӣ писари фалонӣ ҳастам (ва то даҳ тан аз ниёгони худро шумурд) ва ў фалонӣ духтари фалонӣ аст (ва то даҳ тан аз ниёгони ўро шумурд). На дар насаби ман, на дар насаби ў ҳеҷ сиёҳпўсте вуҷуд надорад, ҳол он ки ў ин сиёҳпўсти ҳабаширо ба дунё овардааст!

Паёмбари Худо (с) муддати тўлоние сар ба зер андохт. Сипас сари худро бардошту фармуд: «Ҳамоно ту 99 реша дорӣ ва ў ҳам 99 реша дорад. Ҳаргоҳ бо ў даромезӣ, решаҳо ба ҳаракат медароянд ва ҳар решае аз Худованди Мутаол мехоҳад, ки фарзанд шабоҳат ба ў бибарад. Бархез, ки ў фарзанди туст ва ҷуз аз буни ту ё аз буни ў нест».

Он мард бархосту дасти ҳамсарашро гирифт ва хурсандияш нисбат ба ў ва фарзандаш афзун шуд.

60.Имом Боқир (а): Яке аз ансор хидмати Паёмбари Худо (с) расиду гуфт: Ин духтари амак ва ҳамсари ман аст. Аз ў ҷуз некӣ чизе намедонам ва бо ин ҳол ў фарзанде барои ман овардааст, ки бисёр сиёҳу сўрохҳои бинияш бузург, мўяш ҷингилаву бинияш паҳн аст. Шабеҳи ўро на дар тағоҳоям мешиносам ва на дар ниёгонам.

Паёмбари Худо (с) ба ҳамсари ў фармуд: «Ту чӣ мегўӣ?». Гуфт: На. Савганд ба он касе, ки туро ба ҳақ барангехт, дар муддате ки ў маро дар ихтиёр гирифтааст, ҳеҷ касро ба ҷои ў нанишондаам.

Паёмбари Худо (с) муддати тўлоние сари худро ба поин андохт. Сипас чашми худро ба осмон гардонду онгоҳ рў ба мард карду фармуд: «Эй мард! Ҳеҷ кас нест, магар ин ки байн ў ва Одам (а) 99 рагу реша вуҷуд дорад, ки ҳамагӣ дар насаб нақш доранд. Вақте нутфа дар раҳим қарор мегирад, ин рагҳо ба ҳаракат медароянду аз Худованд мехоҳанд, ки фарзанд ба онҳо шабеҳ бошад. Лизо ин аз рагҳое аст, ки на ниёгони ту, на ниёгони ниёгони ту онро дарк накардаанд. Фарзандатро бигир».

Зан гуфт: Мушкили маро кушодӣ, эй Паёмбари Худо!

61.Имом Содиқ (а): Ҳамоно Худованди азза ва ҷалла барои раҳим чаҳор нутфа офаридааст. Аз ин рў, он чӣ аз нутфа, ки дар зарфи нахустин қарор гирад, барои падар аст ва он чӣ дар дуввумин қарор гирад, барои модар аст ва он чӣ дар севвумин қарор гирад, барои амакҳост ва он чӣ дар чорумин қарор гирад, барои тағоҳост.

62.Имом Содиқ (а): Ҳамоно Худованди Таборак ва Таоло ҳаргоҳ ирода кунад, ки касеро биёфаринад, ҳамаи суратҳои байни ў то Одам (а)-ро ҷамъ мекунад. Сипас ўро ба сурати яке аз онон меофаринад. Пас ҳаргиз касе дар бораи фарзанди худ нагўяд: Ин на шабеҳи ман аст, на шабеҳи ҳеҷ як аз ниёгони ман.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.