Ҳақоиқе дар бораи занон

180

Мардҳо ба ин нуктаҳо диққат кунанд!
Дунёи мардону занон дунёи бисёр мутафовите аст, он қадар мутафовит, ки баъзе, зану мардро ба мавҷудоте аз ду сайёраи мутафовит ташбеҳ мекунанд, ки забони якдигарро намефаҳманд. Касе мункири тафовутҳо нест, аммо ин тафовутҳо агар дарк шавад, бисёр кӯмаккунанда аст. Дар ин мақола каме роҷеъ ба рӯҳиёти занон сӯҳбат мекунем, мардон метавонанд бо хондани он ба ҳамсаронашон наздиктар шаванд.
Идроки занҳо ва мардҳо аз замон мутафовит аст
Ба назар мерасад мардҳо беш аз занҳо дар лаҳзаи акнун ҳузур дошта бошанд, дар ҳоле ки занҳо бештар худро дар имтидоди оянда баст медиҳанд.
Занҳо дӯст доранд гузари замонро сабт кунанд. Кофӣ аст аз мо занҳо бипурсед охирин бор ки кӯдакамонро ҳаммом кардем, охирин боре ки бо модарамон телефонӣ сӯҳбат кардем ва … кай буд, то замони дақиқи онро ба шумо бигӯем. Мардҳо ҳамеша аз ин тавоноии мо ҳайратзадаанд ва бештар ба ин далел аз дасти мо нороҳат мешаванд, ки ба хусус ҳангоме ки иштибоҳоти онҳоро тасҳеҳ мекунем.
Эҳсоси амният кардан
Яке аз асоситарин ниёзҳои мо занҳо ин аст, ки эҳсоси амният кунем. Манзурам амнияти ҷонӣ, физикӣ ё ҷисмонӣ нест, балки бештар амнияти эҳсосотӣ ва отифиро дар назар дорам.
Эҳсоси амиқ ва дарунӣ аз ин ки робитаамон муҳкам, устувору мондагор аст, ин ки ҳамсарамон дар ишқи худ ҷиддӣ ва собитқадам аст ва ба мо низ мутааҳҳиду пойбанд аст. Ин амнияти отифӣ калиди кушоиши дилу ҷони зан маҳсуб мешавад.
Хонуми азиз, оё то ба ҳол андешидаед чаро беш аз он чи шоиста аст ба таъйид аз ҷониби мардҳо ниёзмандед? Ҳатто таъйид аз ҷониби марде, ки ӯро чандон низ қабул надоред. Шарҳи он шояд аз ин қарор бошад: чунон чи ҳамвора занон дар тӯли таърих чунин омӯзиш дида бошанд, ки бақо ва ҳаёти онон дар гарави ҳимояти мардҳост, лизо вазифа ва шуғли занон ин мешавад, ки мардеро ба самти худ ҷазб ва талош кунанд ӯро аз даст надиҳанд. Сару вазъ, зоҳиру қиёфаамон, шеваи баён ва ҷилвагарии худ, афкор ва эҳсосотамон, маҳоратҳои хонадориамон, шеваи мизони вироиши эҳсосотамон (ба тавре ки ба ӯ барнахӯрад) ва … ҳамагӣ реша дар як тафаккур доранд: оё ин кор ӯро хушҳол хоҳад кард?
Замири нохудогоҳи мо ҳамвора мегӯяд: агар ӯро хушҳол ва алоқаманд нигаҳ дорӣ, ҳамеша бо ту хоҳад монд ва чунон чи бо ту бимонад, дар амон хоҳӣ буд.
Ҳангоме ки мо занҳо эҳсоси амният мекунем, дар беҳтарин шароити худ зоҳир мешавем, ба ин маъно, ки оромиши бештар ва нигаронии камтар, эътимод ба нафси бештар ва ноамнии камтар ва билохира истиқлоли бештар ва интизори камтаре хоҳем дошт. Ба иборати дигар, бештар он гуна хоҳем буд, ки мардҳо дӯст доранд ва камтар онҳоро асабӣ хоҳем кард.
Бисёре аз хостаҳои мо аз мардҳо талоше ҳастанд барои эҳсоси амният ва бисёре аз рафторҳои нохушоянди занҳо, монанди интизорҳои зиёд, вобастагӣ, ҳасодат, сардмизоҷӣ, таҳрикпазирӣ, зудранҷӣ ва бисёре дигар реша дар эҳсоси ноамнии онҳо дорад.
Мутмаин сохтанамон аз ишқ, тааҳҳуд ва пойбандиатон ба мо аз муассиртарин равишҳои эҳсоси амнияти рӯҳӣ дар мо занон аст.
Эҳсоси барқарории иртибот
Мардони азиз, ба ин рафторҳои занона таваҷҷӯҳ кунед:
– Пурсидани ин суол аз шумо ки оё иттифоқе афтода? Ҳангоме, ки муддате хеле сокит будаед;
– Пурсидани назари шумо дар бораи шеваи чидмони гулу гиёҳон дар утоқи нишаст;
– Нақли мӯ ба мӯи муколимае, ки бо хоҳаратон доштаем;
– Пурсуҷӯ аз тамомии он чи аз субҳ то шаб дар сари кор бар шумо гузаштааст.
Ҳамагии ин корҳо равишҳое ҳастанд аз тарафи занҳо барои иртибот ва пайванд бо мардҳо, агар чи баъзе аз ин равишҳо мумкин аст мардҳоро асабӣ кунад.
Шояд яке аз далелҳое, ки иртибот то ин ҳад барои занҳо аҳамият дорад, тавоноии онон барои баччадор шудан аст. Мо ба лиҳози генетикӣ ба гунае тарроҳӣ шудаем, то битавонем вазифаҳои модарии худро ба хубӣ анҷом диҳем. Шояд низ ба он иллат бошад, ки ишқ барои мо занҳо авлавияти аввал маҳсуб мешавад ва иртибот низ равиши иброз ва бурузи он аст. Шояд ҳам далели он дар гузаштаи таърихӣ ва оғози тамаддуни мо бошад, ҳангоме, ки арзиши занҳо барои мардҳо ва иҷтимои мо дар гурӯҳи қобилиятҳои иртиботӣ, халқи ҳормунӣ, ҳамоҳангӣ ва ташрики масоиамон буд.
Иртибот барои занҳо бештар ба маънои баёни афкор ва эҳсосот аст. Бештари занҳо ба тарзи суннатӣ сергаптару хушсӯҳбаттар аз мардҳо ҳастанд. Аз ин рӯ яке аз сареътарин ва муассиртарин равишҳои барқарории иртибот бо як зан, калимот ё ба иборате, сӯҳбат кардан ва сухан гуфтан аст.
Занҳо дӯст доранд мардҳо дар бораи ҳамаи чиз бо онҳо сухан бигӯянд. Мо занҳо дӯст дорем дар бораи кор, нигарониҳо, рӯъёҳо, тарсу хулосаи ҳамаи болову поинҳои зиндагии шумо бидонем.
Яке аз муассиртарин равишҳои иртиботи самимӣ бо ҳамсаратон ва тавлиди эҳсоси маҳбуб будан дар ӯ ин аст, ки ӯро дар фароянди зиндагонии худ манзур кунед. Манзур кардани ҳамсаратон дар зиндагии худ ба ин маъно аст, ки:
Ҷузъиёти воқеаҳо ва таҷрубаҳои зиндагии худро бо ӯ дар миён мегузоред. Бо ин кор ба ӯ ин имконро медиҳед бо шумо эҳсоси ҳамоҳангӣ ва наздикии бештаре дошта бошад.
Ӯро аз мушкилоту гирифториҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастед, бо хабар мекунед. Мантиқи мутаораф ба мард дикта мекунад, ки зани зиндагиашро дар масоил ва мушкилоти худаш даргир насозад. Шояд ба ин далел, ки заифу нодон ҷилва накунад. Ин бовар ҳаргиз ҳақиқат надорад. Чунон чи зане ба лиҳози равонӣ ва эҳсосӣ солим ва табиӣ бошад, пас аз он ки шавҳараш мушкилот ва масоили худро бо ӯ дар миён гузошт, эҳсоси наздикии бештареро бо ӯ тарҷруба хоҳад кард, зеро мард қалби худро ба рӯяш кушода аст.
Ӯро дар тасмимгириҳое дахолат медиҳед, ки рӯи ӯ низ таъсир хоҳанд гузошт. Ҳангоме, ки марде дар бораи тафаккур ва тасмимгириҳои худ бо ҳамсараш сӯҳбат намекунад, ба ӯ эҳсоси ҷудоафтодагӣ хоҳад дод. Медонам бештари мардҳо ин корро аз рӯи қасд анҷом намедиҳанд ва ҳаргиз низ намехоҳанд чунин эҳсосеро ба зани худ бидиҳанд, аммо дар воқеъ ин ҳамон иттифоқе аст, ки дар амал меафтад.
Эҳсоси арзишманд будан
Ниёз ба арзишманд будан яке аз асоситарин ва муҳимтарин ниёзҳои пинҳони занҳост. Барои як зан арзишманд будан ба ин маъност, ки марде ҳузури ӯро дар зиндагӣ арзишманд бидонад ва бигӯяд, ки ҳузури ӯ дар зиндагиаш мусалламан нақши муҳиммеро ифо карда аст ва ин ки қатъан бидуни ӯ камбуди чизеро эҳсос хоҳад кард. Ин мавзӯе аст, ки ҳақиқатан бештари мардҳо аз он ғофиланд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.